Бонги изтироб!

Чаро ангишт фаровон асту нархаш гарон?

№137 (4087) 14.11.2019

Шояд масъулин ба ин суол ҷавоб гӯянд?

Конҳои Зиддӣ, Фороб, Шӯроб, Айнӣ, Назарайлоқ ва Сайёд дар кишвар аз ғанитарин конҳои ангишт ба ҳисоб мераванд. Аммо кас нархи гарони ангишти ватаниро дида, «тарбуз аз бағалаш меафтад». Дар деҳоти «Мискинобод»-и ноҳияи Файзобод бозори «Истиқлол» ҷойгир аст. Ҳар ҳафта дар он рӯзи якшанбе аз гӯшаю канори мамлакат тоҷирон ва деҳқонон дар қатори маҳсулоти кишоварзӣ, либос, пойафзол, масолеҳи сохтмонӣ ва даҳҳо мошини пурбори ангишти ватаниро пешкаши харидорон менамоянд. Соли гузашта азбаски нархи як тонна ангишти худӣ аз 500-550 сомонӣ боло набуд, мардум онро захира мекарданд. Имсол якбора нархи як тонна ангишт аз 700 то 800 сомонӣ расид, ки боиси норозигии харидорон гардид. Оё бо ин гаронии ангишт нафақахӯрон, омӯзгорон ва оилаҳои камбизоат ангишт дастрас карда метавонанд?

Минтақаи Мискинобод, ки аз сатҳи баҳр дар баландии 1750 метр ҷойгир аст, сераҳолӣ мебошад. Зимистонаш зиёда аз панҷ моҳ давом мекунад ва иқлимаш ба иқлими Сибир монанд аст. Омӯзгорон моҳе 700-800 сомонӣ маош ва нафақахӯрон ба ҳисоби миёна аз 200 то 500 сомонӣ нафақа мегиранд. Мардум ҳайронанд, ки бо маошу нафақа ангишт гиранд ё либос, хӯрокворӣ харанд ё пойафзол? Камина ба назди мошини пурбори ангишт, ки соҳибаш Ҳоҷидавлат Яъқубов буд, рафтам. Ӯ нархи як тонна ангиштро 750 сомонӣ гуфт.

Агар нархи ангишт арзон нашавад, аҷаб нест, ки баъзеҳо аз маҷбурӣ дарахту буттаҳои кӯҳистонро бурида, ба муҳити зист зиён расонанд. Пас, чӣ бояд кард?

Ҳокими САФАР, ноҳияи Файзобод