Мулоҳиза

Чаро дар моҳи рамазон нархҳо гарон мешаванд?

№58 (4008) 23.05.2019

DSC02209Муҳаққиқи форснажод Ҳусайн Аскарӣ соли 2010 дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон дар хусуси то чӣ андоза амалишавии фармудаҳои «Қуръон» оид ба баробарӣ, адолат, ҳалолкорӣ дар кишварҳои ҷаҳон тадқиқот гузаронид. Аз рӯи «Индекси умумии исломӣ» исломитарин кишвари дунё Зеландияи Нав дониста шуд. Ҷои дуюмро Люксембург ва мақомҳои ифтихории дигарро Ирландия, Исландия, Финландия, Дания, Канада, Британия ва Голландия гирифтанд. Аз миёни кишварҳои мусулмонӣ ҷойи аввалро Малайзия ишғол намуд.

Вақте ин ҳисоботро хондам, гуфтаҳои зерини Муҳаммад Ҳусайни Шаҳриёр ба хотирам омад:

Басо дар кофаристон будаму дар кишвари кофар,

Мусулмон дидаму худ шарм кардам аз мусулмонӣ.

Мо — сокинони Тоҷикистон, ки аксар худро мусулмон мешуморем, боре шудааст, ки рафторамонро таҳлил намуда, аз худ пурсида бошем: оё ахлоқи ҳамида ва принсипи баробарӣ, бародарӣ ва адолат, ки ислом талаб мекунад, дар мо ҳаст? Чаро ғайримусулмон бисёр нуктаҳои онро риоя мекунаду мо не?

Масалан, ҳар сол дар моҳи шарифи Рамазон аксар савдогарони бозорҳо афзудани эҳтиёҷи аҳолиро ба назар гирифта, нархи маҳсулоти хӯроквориро баланд мебардоранд. Чунончӣ, соли равон низ бо фарорасии ин моҳ нархи гӯшт, картошка, сабзӣ то андозае боло рафт. Ягона маҳсулоте, ки  арзон шуд, бодиринг буд. Бинобар фаровон шуданаш нархи ҳар килои он аз 3,5 сомонии пеш аз Рамазон ба 2 сомонӣ расид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоташон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон таъкид намуданд: «Тибқи мушоҳидаҳо баъзе тоҷирон дар арафаи моҳи Рамазон ва идҳо нархи маҳсулоти озуқаро ба хотири даромади муфт ва беасос баланд мебардоранд ва бо чунин кирдори худ, аз як тараф, боиси озурдахотирии ҳамватанони мусулмони хеш мегарданд ва аз тарафи дигар, худашон ва аҳли хонаводаашонро аз савоби ин моҳи шариф маҳрум месозанд».

Сардори давлат ба ин гуна савдогароне, ки инсофро зери по намуда, боиси гароншавии нархи бозор мегарданд, ҳадиси мазкурро мисол оварданд: «Тоҷири қиматфурӯш ва шахси худкушикарда дар як дараҷа қарор мегиранд. Зеро ҳар кӣ дар коре аз нархгузории рӯзгори мусулмонон, яъне боло бурдани нархи молҳо ба онҳо дахолат кунад, пас дониста бошад, ки Худованд ӯро рӯзи қиёмат дар оташи сӯзон қарор медиҳад».

Ҳоло на ҳама оилаҳо имкони ҳафтае як кило гӯшт хариданро доранд. Аз ин рӯ, шомгоҳон асосан угрою макароншӯрбо, мастобаю ялама ё шӯлаи сиёҳалаф истеъмол мекунанд. Баъзеҳо ба ҷои гӯшт зимни пухтани палав аз тухм истифода мебаранд, ки ин ҳам як роҳи ҷуброн кардани бегӯштӣ ба ҳисоб меравад.

Боиси таассуф аст, ки Иттифоқи «Тоҷикматлубот» захираи маҳсулоти заруриро дар бозорҳо ба таври даркорӣ ташкил карда наметавонад. Агар дар бозорҳои калон барои деҳқонон ҷой ва шароит мебуд, имкони каме арзоншавии маҳсулот фароҳам меомад. Дар даврони шӯравӣ баръакс буд. Аксар фурӯшандагони бозорҳо деҳқон буданду савдогарон ҳиссаи хеле камро ташкил медоданд.

Илова бар ин, дар ҳар бозору маҳаллаи пойтахт дӯконҳои фурӯши меваю сабзавот, гӯшт ва маҳсулоти ҷангал мавҷуд  буданд, ки дар маҷмӯъ нархи бозорро муътадил нигоҳ медоштанд. Алҳол, агар дар пойтахт чун пештара хоҷагиҳои калони деҳқонию фермерӣ ва хоҷагиҳои ҷангал мағозаҳои фирмавӣ медоштанд, нарху наво ба танзим медаромад.

Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз оғози моҳи шарифи Рамазон дар чор гӯшаи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои маҳсулоти ниёзи аввал ташкил карда шудааст. Он дар бозори «Меҳргон», буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзода, дар назди Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, майдони назди бозори «Қарияи Боло», бозорҳои «Саховат» ва «Деҳқон» фаъолият мекунад. Арзиши тамоми маҳсулот дар намоишгоҳ нисбат ба бозор арзонтар мебошад, аммо сифат хуб нест.

Дар пеш Иди саиди Фитр аст. Умед ба он мекунем, ки шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби хоҷагидорон намоиши маҳсулоти кишоварзию чорводориро ба роҳ монда, ба арзоншавии маҳсулот мусоидат менамоянд. Чунончӣ, дар ҳадиси Ҳазрати Муҳаммад (с) таъкид шудааст: «Ҳар кӣ нархро арзон карда, мардумро ба худ ҷалб намояд, ризқаш афзун мешавад. Ва ҳар кӣ нархро боло мебарад, ӯ шармсор мегардад».

С. НАҶМИДДИНЗОДА, «Садои мардум»