Чаро дар Тоҷикистон барқ маҳдуд мешавад?

№136 (3437) 15.10.2015

электроэнергияБаробари фаро расидани сардӣ дар Тоҷикистон дар интиқоли барқ маҳдудият ҷорӣ мешавад, ки ин ҳам барои мардум ва ҳам хоҷагии халқи мамлакат душворӣ ва ногувориҳои хеле зиёд меорад. Вале вобаста ба махсусияти системаи энергетикии кишвар ин тадбир ногузир ва аз ноилоҷист. Гап сари он аст, ки дар фасли зимистон захираи асосии гидроэнергетикии Тоҷикистон обанбори Норак ба ҳисоб меравад. Вақте маҷрои дарё кам мешавад, моро лозим меояд, ки аз ҳисоби ҳамин захира барқ истеҳсол намоем.

Вақте дар фаслҳои гарм маҷрои дарёи Вахш зиёд аст, НБО-и «Норак» аз ҳисоби маҷро кор мекунад ва оби зиёдатӣ дар обанбор барои тирамоҳу зимистон  захира карда мешавад. Мутобиқи ҳисоботи оморӣ, дар фаслҳои гармо ва серобии дарё ба обанбори Норак дар ҳар сония то 2000 метри мукааб об ҷорӣ мешавад. Масалан,  28 июли соли  2009 ҳамчун рӯзи серобтарини маҷрои Вахш ба қайд гирифта шуд, ки ба обанбори Норак 2243 метри мукааб об дар як сония ворид шуд.  Дар давраи зимистон бошад, воридоти об то ба 100- 150 мукааб метр.сония кам  мешавад ва бо сабаби он ки  барои пурра кор кардани НБО-и «Норак» то 1200 мукааб метр.сония об зарур аст, лозим меояд аз  оби захиравӣ, яъне обанбор,  истифода бурд. Дар ин давра ҳар сантиметр об дар ҳисоб аст, чунки аз нуқтаи 910 метр то нуқтаи 857 метр, ки сатҳи фоиданок ба шумор меравад, мо ҳамагӣ 53 метр захираи об дорем ва фақат аз рӯи ҳисоби дақиқ, сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдани он имконият медиҳад, ки мо аҳолӣ ва иқтисодиёти худро ба баҳор расонем.

Дигар илоҷ нест. Вақте мо шомили системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ будем, ба ҳамсояҳо умед бастан мумкин буд. Он вақт ҳар сол дар давраи тирамоҳу зимистон аз Туркманистон 1-1,2 миллиард кВт/соат барқ харидорӣ менамудем. Аз ӯзбекистон бошад, то 600 миллион кВт/соат барқ гирифта, тобистон ба қадри 900 кВт/соат бармегардондем. Моҳи октябри соли 2009, дар оғози фаро расидани сармо, моро аз Системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ҷудо карданд ва алҳол дигар ягон имконияти аз хориҷ гирифтани барқро надорем. Фақат самараи рушди соҳа ва тадбирҳои дигари фаврӣ буданд, ки мо ҳам аз буҳрони энергетикӣ раҳо шудем ва ҳам таъминоти барқро, ҳатто нисбат ба он овоне, ки аз хориҷа барқ мегирифтем, беҳтар намудем.

Баъзеҳо фаҳмидан мехоҳанд: ин қадар неругоҳҳои хурду бузург, марказҳои барқу гармӣ сохта шуду чаро то ҳол маҳдудият боқӣ мондааст? Бале, агар сухан дар бораи вазъи умумии системаи энергетикии кишвар равад, ҷои баҳс нест, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо соҳаи энергетика хеле рушд ёфт. Дар ин муддат даҳҳо неругоҳҳои барқи обии хурду бузург ва Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ба истифода дода шуд, ки ин иқтидори энергетикии кишвари моро ба миқдори 1040 мегаватт ё худ ба қадри 24 фоизи иқтидорҳои аз замони шӯравӣ то имрӯз истифодашаванда зиёд кард. Овардани ҳамин далел басанда аст, ки дар се-чор соли охир норасоии неруи барқ, ки дар фасли сармо дар кишвар 4-5 миллиард кВт/соатро ташкил медод, зиёда аз ду баробар коҳиш ёфт. Солҳое буд, ки маҳдудият аз моҳи сентябр шурӯъ мешуд ва он тамоми кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе, марказҳои вилоят ва шаҳрҳои саноатиро низ фаро мегирифт. Имсол маҳдудият баъди даҳаи аввали моҳи октябр шурӯъ мешавад. Шаҳри Душанбе, марказҳои вилоятҳо ва шаҳрҳои саноатӣ бемаҳдуд барқ мегиранд.

Хотиррасон бояд намуд, ки дар давраи истиқлолият талабот ба барқ низ сол то сол зиёд мегардад. Дар ин давра шумораи аҳолии кишвар зиёда аз ду баробар афзоиш ёфта, даҳҳо ҳазор оилаҳои нав барпо гаштанд, садҳо ҳазор манзили истиқоматии нав бунёд шуд. Фақат давоми солҳои 2013-2014-ум 2 миллиону 100 ҳазор метри мураббаъ манзил сохта, ба истифода дода шудааст. Илова бар ин, дар ин давра 17320 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсоливу хизматрасонӣ ба кор оғоз карданд, ки ин ҳама истеҳсоли неруи барқи иловагиро тақозо дорад.

Тибқи таҳлилҳои оморӣ, агар то соли 1990 аз тарафи аҳолии ҷумҳурӣ дар як сол 1,0-1,1 млрд.кВт/соат неруи барқ истифода мешуд, пас солҳои охир ин нишондиҳанда ба 3,8-4,0 млрд.кВт/соат дар як сол баробар шудааст.

Дар фасли зимистон инчунин шаҳри Душанбе ба истифодабарандаи азими неруи барқ табдил меёбад. Агар дар шароити муқаррарӣ аз тамоми барқе, ки ҳар рӯз дар миқёси ҷумҳурӣ истеҳсол мегардад, 12 фоизашро сокинон ва корхонаву муассисаҳои пойтахт гиранд, дар фасли сармо, ин таносуб 30 фоизро ташкил медиҳад. Барои мисол, агар шаҳри Душанбе дар моҳи июл ҳар шабонарӯз 5-5,5 миллион кВт/соат неруи барқ гирад, ин нишондиҳанда дар моҳи декабр 13-14 миллион кВт/соатро ташкил медиҳад.

Вобаста ба он ки сокинони пойтахт аксаран дар биноҳои баландошёна зиндагӣ мекунанд ва барои онҳо барқ ягона воситаи пешбурди рӯзгор, воситаи рӯшноӣ, гармӣ ва пухтупаз ба шумор меравад, бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ШСХК «Барқи Тоҷик» ҳамасола кӯшиш менамояд, ки пойтахт бе маҳдудият бо барқ таъмин бошад. Фақат аз истеъмолкунандагон хоҳиш дорем, ки аз барқ сарфакорона истифода баранд ва ҳаққи истифодаи онро сари вақт ва пурра пардохт намоянд. Агар ҳар хонаводаи шаҳри Душанбе тӯли як шабонарӯз ақаллан як чароғ кам истифода барад, имкон аст, ки бо неруи барқи аз ин ҳисоб сарфашуда тамоми шаҳрро даҳ  рӯз бо барқ таъмин кард.

Бешубҳа, сарфакорона истифода бурдани барқ омили аз ҳама муҳим бобати беҳ шудани таъмини барқ дар давраи маҳдудият ба шумор меравад. Тавре маълум аст, дар ин давра меъёри барқи ба ин ва ё он ноҳия ва маҳал ҷудошуда  бо ченаки киловатт/ соат ҷудо карда мешавад. ШСХК «Барқи Тоҷик» ҳангоми интиқоли барқ мунтазам ин меъёрро риоя менамояд, вале бо сабаби аз меъёр зиёд истифода бурдан миқдори соати барқ гирифтан  дар ин ва ё он ноҳия ва маҳал кам мегардад. Бояд дар ин давра мо дар хона ва корхонаҳои худ «маҳдудият»-и худиро ворид ва риоя намоем. Барои мисол, баъди ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» аз  24 апрели соли 2009  ва пурра ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштан дар ҷумҳурӣ  ҳар сол то 0,8-1 миллиард кВт/соат неруи барқ сарфа мегардад.

Дигар омили беҳдошти таъминот пурра ва сари вақт пардохт намудани маблағи барқи истифодашуда мебошад. Барқ маҳсулот аст, барои он ки ин маҳсулот такроран истеҳсол гардад ва мо ба он таъмин бошем, бояд ҳаққи онро, ки нася дода мешавад, пардохт намоем. Хотиррасон бояд намуд, ки дуздидани барқ як дуздии одӣ нест. Онҳое пул ё ҷавоҳирот медузданд, ба як корхона, ташкилот ё оила зарар меоранд. Барқдуздӣ маънои ғорати тамоми ҷомеа, даст халондан ба кисаи давлатро дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, системаи  энергетикии Тоҷикистон, неругоҳҳои барқи обии кишвар, алалхусус Неругоҳи барқи обии «Норак», ки шабонарӯз машғули кор аст, дар нияти онанд, ки мардум бо барқ бештар таъмин гарданд, Вале чанд ҳаромхӯр, ки аксаран худро аз дигарон ҳатто болотар метарошанд, ин ҳамаро сарфи назар намуда, барқро медузданд. Аз ин лиҳоз, онҳо дуздони одӣ не, балки шахсони барои тамоми ҷомеа хатарноканд.

Ин дар ҳолест, ки нархи барқ дар Тоҷикистон нисбат ба тамоми давлатҳои олам, аз ҷумла мамолики пасошӯравӣ арзонтарин аст. Барои муқоиса, нархи ҳар  киловатт/соат неруи барқ барои аҳолӣ дар Қазоқистон 14 сент, Арманистон 8,8 сент, Туркманистон 7,1 сент  ва дар Ӯзбекистон шаш сентро ташкил медиҳад. Дар мо бошад, нархи ҳар  киловатт/соат неруи барқ барои аҳолӣ ду сентро ташкил медиҳад.

Тавре зикр шуд, маҳдуд намудани интиқоли барқ, албатта, душвориву ногувориҳои зиёд меорад. Вобаста ба ин, хоҳем — нахоҳем ҳар сол дар овони ҷорӣ намудани маҳдудият ҳар хел овозаҳо ва фарзияву тахминҳое, ки қисме аз онҳо супоришианд, қисме махсус барои норозигӣ барангехтан ва раҳгум андохтани ҷомеа қасдан паҳн карда мешаванд, пайдо мегарданд. Солҳои пеш, вақте мо шомили Системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ будем, дар ин давра овоза паҳн мешуд, ки барқро ба Ӯзбекистон мефурӯшанд! Акнун бошад, вақте мо берун аз Системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ фаъолият дорем,  сафсатаҳое бар амсоли — барқро ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ва обро ба Ӯзбекистон фурӯхтанд!  — пайдо шуданд.

Онҳое, ки аз вазъи воқеӣ огоҳанд, ба ин хел афсонаҳо бовар намекунанд ва тири муаллифони ин овозаҳои супоришӣ ба ҳадаф намерасад. Фақат ҳаминро бояд зикр намуд, ки мо дар фаслҳои гармо ба миқдори хеле зиёд барқи зиёдатӣ дорем ва як қисми онро мувофиқи имкон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон  мефурӯшем. Аз вақте дар кишвар маҳдудият оғоз меёбад, барои нигоҳ доштани бозор ва иншооти энергетикӣ ҳамчун шиддати муҳофизавӣ дар хатҳои интиқоли барқ  ба миқдори хеле кам ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барқ интиқол дода мешавад. Баъзеҳо ба минтақаҳои он тарафи марз, бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки чароғон ҳастанд, нигоҳ мекунанд ва мегӯянд, ки гӯё ШСХК «Барқи Тоҷик» ҳамчунон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барқ содирот менамояд. Ин нодуруст аст, зеро Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон барқ мегирад ва бештар аз иқтидорҳои дизелӣ истифода менамояд.

Ба Ҷумҳурии Исломии Покистон интиқол додани барқ аз ҳарзае беш нест, чунки барқ танҳо тавассути ноқил интиқол меёбад ва мо айни замон то Ҷумҳурии Исломии Покистон хатти интиқоли барқ надорем.

Ҳақиқати ҳол ҳамин аст, ки ҷорӣ намудани маҳдудият айни замон тадбирест аз ноилоҷӣ. Дар ин давра маҳдуд намудани интиқоли барқ фақат ба хотири  сарфаи ҳар қатра об аст, то ки дар рӯзҳои сард мардум бештар бо барқ таъмин бошанд.

Аз ҷаҳду талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ҳарсолаи соҳа ва аз рӯи лоиҳаҳое, ки амалӣ шудани онҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин мадди назар гирифта шудаанд, метавон хулоса баровард, ки солҳои наздиктарин норасоии барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам хоҳад хӯрд ва тавре мутахассисон пешгӯӣ менамоянд, кишвари мо натанҳо ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил мешавад, балки ба кишвари интиқолдиҳандаи барқ табдил меёбад. Барои он ки дар кишвари мо маҳдудияти барқ пурра барҳам хӯрад, боз андак муддати дигар лозим аст, зеро неругоҳҳои бузурги барқи обӣ на дар як-солу ду сол, балки тӯли даҳсолаҳо бунёд меёбанд.

Нозир ЁДГОРӢ,сардори Хадамоти матбуотиШСХК «Барқи Тоҷик»