Таҷрибаи пешқадам

Чаро фермаҳои чорводорӣ ҳам сӯзишворию ҳам нурӣ истеҳсол намекунанд?

№2 - 3 (3796 -3797) 06.01.2018

Биогаз1Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо ширу гӯшти чорво дар ноҳияҳои мамлакат фермаҳои чорводорӣ амал мекунанд. Дар фермаҳое, ки мутахассисони  кордон фаъолият доранд, маҳсулнокии чорво баланд буда,  кормандон маоши хуб мегиранд. Вале дар фермаҳое, ки писар ё ҷиянҳои ғайримутахассиси раисони хоҷагӣ сарвар бошанд, вой ба ҳоли фермаву кормандони он. Ба гуфти шоир:

 Боғбоне, ки беҳунар бошад,

Ҳама гулҳо хӯроки хар бошад.

Агар роҳбари хоҷагӣ мутахассиси  чашмикордон бошад, аз фермаи чорводорӣ дар баробари ширу гӯшт, инчунин неруи барқу гармӣ ва нурии органикӣ низ гирифтан  мумкин аст. Мутаассифона, дар  ҷумҳурӣ алҳол ягон ферма гази  биологӣ истеҳсол намекунад. Дар ҷаҳон шумораи фермаҳои хурду  калоне, ки аз поруи чорво газ тавлид мекунанд, миллионҳо ададро ташкил медиҳанд.

Масалан, дар фермаи «Лоҷ»- и шоҳигарии Уэлс таҷҳизоти биогаз насб шудааст, ки ҳар шабонарӯз ба шабакаи умумии барқ 150 квт/ соат барқ медиҳад. Сесад сар чорвои ферма ва партовҳои Ширкати хӯроквории «Kellogg» таҷҳизоти биогазро бо пору таъмин мекунанд. Дар ин ферма таҷҳизоти биогаз соли 2011 насб шуда буд. Арзиши лоиҳа 750000 фунтстерлинг­ро ташкил дод. То ин дам аз ҳисоби биогаз ферма ва 100 хонаводаи наздики он бо гармӣ ва рӯшноӣ таъминанд.

Раванди тавлиди газ ва неруи барқ аз  партовҳои хоҷагии қишлоқ ва корхонаҳои саноати хӯрокворӣ на танҳо аз лиҳози экологӣ тоза аст, балки аз ҷиҳати иқтисодӣ низ  манфиатовар мебошад. Дар Британияи Кабир ҳар сол 110 миллион тонна партовҳои органикӣ ҷамъ мешаванд. Аз ин 90 миллион  тоннааш партовҳои соҳаи кишоварзию чорводорӣ ва 10  миллион тоннаи дигар партовҳои корхонаҳои саноати хӯрокворӣ мебошад.

- Агар ин ду бахшро барои истеҳсоли  гармӣ, неруи барқ ва нурии органикӣ сарф намоем, ба аҳолӣ нафъи зиёд мерасад, — мегӯяд раиси  бузургтарин  кооперативи истеҳсоли шир дар Британияи Кабир Ричард Томлинсон.

Ҳамоҳангсози Ҳаракати кам кардани партовҳои хӯрокворӣ Тристрам Стюарт мегӯяд, ки ҳар чизи барои инсону чорво хӯрданибоб бояд то охир самаранок истифода шавад.

- Масалан, барои муҳити зист  помидори кирмхӯрдаро ба  чорво додан аз  партофтан ба партовгоҳ беҳтар аст, — мегӯяд Стюарт. – Баъди аз помидор ғизо гирифтани чорво самаранокии истеҳсоли биогаз аз он 99 фоиз меафзояд.

Агар дар фермаҳои чорводории мамлакат чоҳҳои бетонии силосхобониро барои тавлиди биогаз истифода баранд, хоҷагиҳо нафъи зиёд хоҳанд гирифт. Модоме ки хоҷагиҳо ихтиёрӣ ба ин иқдоми нек даст намезананд, онҳоро вазифадор кардан лозим аст, зеро дар назари баъзе аз хоҷагидорон хароҷоти аввалия каме гарон менамояд, вале оянда аз он манфиати зиёд хоҳанд гирифт.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»