Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

«Чаро иддае гирифтани қарзро «воҷиб»-у баргардониданашро «макруҳ» медонанд?»

№99 (4049) 17.08.2019

Дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 8 феврали соли 2018 мақолаи Далер Мерганов таҳти унвони «Чаро иддае гирифтани қарзро «воҷиб»-у баргардониданашро «макруҳ» медонанд?» ба табъ расида буд.

Дар робита ба он иттилоъ медиҳем, ки бо мақсади таъмини даст­расии субъектҳои воқеии соҳибкорӣ ва шахсони боэътимоду масъулиятшинос ба маблағҳои қарзӣ, инчунин, пешгирии суиистифода аз имкониятҳои қарзгирӣ заминаи ҳуқуқии фаъолияти бонкӣ пайваста мукаммал карда мешаванд.

Зарурати ворид намудани тағйи­ру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)», муҳайё намудани шароит барои ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва истифодаи таърихи қарз буда, имконияти қарздиҳии ташкилотҳои қарзиро ба иқтисодиёт васеъ намуда, ба рушди қарзҳои истеъмолӣ, ипотекӣ ва қарз барои соҳибкории хурд такон мебахшад.

Муҳим он аст, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» пешниҳоди ҳатмии маълумот аз ҷониби қарздеҳ — ташкилоти қарзӣ ба Бюрои таърихи қарз доир ба қарзгиранда, новобаста аз мавҷуд будани розигии онҳо барои пешниҳоди чунин маълумот, пешбинӣ шудааст.

Ворид намудани тағйиру иловаҳои зикргардида имконияти ба роҳ мондани низоми самараноки баҳисобгирии таърихи қарзро медиҳад, ки он метавонад хавфро кам намояд. Ин барои додани қарз ба табақаҳои зиёди аҳолӣ замина гузошта, рушди иқтисодро таъмин менамояд.

Тағйиру иловаҳои дар қонуни зикршуда пешбинишуда манфиатҳои субъектҳои таърихи қарз, яъне қарзгиронро поймол намекунанд ва муқаррароти асосии қонунро оид ба махфӣ нигоҳ доштани иттилоот ва таъмини ҳифзи он тағйир намедиҳанд.

Дар қонун ҳатмӣ будани талабот оид ба гирифтани ризояти субъекти таърихи қарз барои пешниҳод кардани иттилоъ дар бораи ӯ ба Бюрои таърихи қарз хориҷ шуда, меъёрҳое, ки ризояти субъекти таърихи қарзро барои гирифтани ҳисоботи қарз дар бораи ӯ аз Бюрои таърихи қарз талаб менамоянд, бетағйир мондаанд.

Илова бар ин, бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» ҷойдошта дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз «кредит»« тағйиру иловаҳои дахлдор пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, суд ва дигар мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ аз номгӯи истифодабарандагони ҳисоботи қарзе, ки дар моддаи 19 қонуни мазкур муқаррар шудааст, хориҷ шудаанд, зеро мақомоти номбурда истифодабарандаи ҳисоботи қарз намебошанд.

Маълумоте, ки дар Бюрои таърихи қарз нигоҳ дошта мешавад, дорои аҳамият буда, таъмини ҳимояи махсусро низ талаб менамояд, зеро ошкор шудани он ба манфиатҳои субъекти таърихи қарз зиён расонида, боварии қарзгирандагонро ба низоми бонкӣ метавонад коҳиш диҳад.

Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 бармеоянд, барои такмил додани заминаи ҳуқуқии фаъолияти бонкӣ чораҳои зарурӣ андешида, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека»-ро таҳия намуд, ки дар марҳилаи мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад.

Ин иқдом бо мақсади такмил додани асосҳои ғайрисудии қонеъгардонии талаботи гаравгир амалӣ гардида, дар доираи он асосҳои ғайрисудии ситонидан аз предмети ипотека муқаррар мешавад. Ин механизм имконият медиҳад, ки расмиёти рӯёнидан аз ҳисоби предмети таъминот нисбатан сода ва дар муҳлати кӯтоҳ амалӣ шуда, хароҷоти зиёдатии кредитор ва қарздор, ки минбаъд ба зиммаи қарздор мегузаранд, инчунин имкониятҳои қарздор барои суиистифода ва расонидани зарар пешгирӣ шаванд. Илова бар ин, гаравдеҳони бевиҷдон рӯёнидани қарзи додашударо аз ҳисоби молу мулки ба гарав гузошташуда кашол дода наметавонанд.

Дар маҷмӯъ, ин иқдом барои баланд бардоштани ­масъулияти молиявии қарзгирон мусоидат намуда, рушди низоми бонкро тавсеа мебахшад.

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА,

раиси Бонки миллии Тоҷикистон