Мулоҳиза ва пешниҳод

Чаро кортҳои пардохтӣ танҳо василаи пулнақдкунианд?

№133 (3613) 25.10.2016

Банковские карты международных платежных систем VISA и MasterCardШашуми апрели соли равон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд. Бархе аз воситаҳои ахбори омма муҳимияти онро сарфи назар карда, «ба даҳон об гирифтанд». Ҳол он ки қонуни мазур нуктаҳои хеле муҳим ва қобили таваҷҷуҳ дораду ба шаҳрвандон расонидани онҳо рисолати касбии журналистон аст. Аз он ки ба навиштани матолиби иқтисодӣ бештар майл дорам, бароям иловаҳои ба моддаи 615-и кодекс воридгардида таваҷҷуҳбарангез буд. Биноан, бамаврид медонам, ки дар ҳошияи иқдоми мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат мушкилоти мавҷудаи ба масъалаи мавриди назар рабтдоштаро бозгӯйӣ намоям. Ёдовар мешавам, ки моддаи 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Риоя накардани тартиби истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва баҳисобгирии хазина» ном дошта, тибқи иловаҳо ба номи модда калимаҳои «терминалҳои электронӣ» ва қисми нав дар таҳрири зерин пешниҳод гардидааст: «Барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то яксаду шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду шаст то яксаду ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешаванд». Масъулин зимни шарҳи ин иқдом, аз ҷумла гуфтанд, ки «тағйиру иловаҳо ба моддаи 615 бо мақсади таъмини талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ» аз 31 декабри соли 2014 таҳти № 815 вобаста ба насб ва истифодаи терминалҳои электронӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ пешбинӣ гардидааст. Дар меъёрҳои амалкунандаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷавобгарӣ барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ нагардидааст. Бинобар ин, иловаи пешбинигардида минбаъд барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо ҷавобгарии маъмуриро дар шакли ҷарима муқаррар менамояд». Ҷоиз ба зикр аст, ки тағйирот ба моддаи мазкур мутобиқи моддаи 2 қонуни мазкур аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор дода мешавад.

Эътироф бояд кард, ки чанд соли охир истифодаи кортҳои пардохтӣ аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат тавсеа ёфта, раванди дастрасӣ низ ба онҳо хеле сода гардонида шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ, айни замон дар ҷумҳурӣ теъдоди истифодабарандагони кортҳои пардохтӣ зиёда аз як миллион нафарро ташкил медиҳад ва ин раванд бемайлон идома ёфта истодааст. Ҳамрадиф бо ин иқдомот, бонкҳои кишвар низ фаъолияти хешро дар ин ҷода густариш бахшида, ҳатто дар дурдасттарин минтақаҳо банкоматҳои худро ба истифодаи мизоҷон вогузоштанд. Вале ба ҳеҷ ваҷҳ мавҷудияти зиёда як миллион корти пардохтӣ маънои тибқи талаботи мавҷуда истифода гардидани онҳоро надорад. Мушоҳида мешавад, ки қисмати зиёди кортҳои пардохтӣ танҳо рисолати пулнақдкуниро ба ҷой меоранду халос. Шоҳиди он ҳастем, ки дар фарҷоми моҳ назди банкоматҳо шаҳрвандон навбат истода, маблағ нақд мекунанд. Ҳарчанд ки барои мунтазам гирифтани маблағ имкон фароҳам аст, вале ҳама кӯшиш менамоянд, ки якбора маблағи корти хешро «холӣ» кунанд. Теъдоди дорандагони кортҳои пардохтӣ низ ҳанӯз наметавонад «мояи ифтихор» -и масъулин бошад, зеро аз ин шумора 434000 нафарро нафақагирон ташкил медиҳанд, ки бидуни шак корт барояшон танҳо воситаи пулнақдкунӣ аст. Пайгирии масъала нишон дод, ки пешсафи ин раванд БДА ҶТ «Амонатбонк» маҳсуб меёбад ва шумораи истифодабарандагони кортҳои пардохтии ин бонк ба 915000 нафар расидааст. Аммо фарҳанги истифодаи кортҳои пардохтӣ аз ҷониби шаҳрвандон «ба ҳар ду пой мелангад». Фаъол намудани марказҳои ҷараёникунӣ дар низоми бонкии мамлакат ва барориши кортҳои миллӣ имкониятҳои бонкҳо ва мизоҷони онро дар самти истифодаи кортҳои пардохтӣ бояд васеътар мегардонид. Вале ҳанӯз фаъолияти ин марказҳо чандон муассир нестанду кортҳои миллӣ имкониятҳои нисбатан маҳдуд доранд. Ҷойи пӯшида нест, ки ҳоло қисми зиёди шаҳрвандони ҷумҳурӣ то чӣ андоза манфиатовар будани истифодаи кортҳои пардохтиро дарк накардаанд.

Ҳамватанон бояд дуруст дарк намоянд, ки истифодаи кортҳои пардохтӣ бартариҳои зиёд дорад. Аввалан, он воситаи хеле қулайи баҳравар гаштан аз хизматрасониҳои молиявӣ маҳсуб ёфта, тавассути он харидории дилхоҳ молу маҳсулот аз марказҳои савдо, интиқоли маблағ, нигоҳдории маблағҳои амонатӣ (депозитӣ) имконпазир аст. Сониян, барои дорандагони кортҳо ҳар рӯз ва ҳангоми сафарҳо ба хориҷи кишвар зарурати ба худ гирифтани маблағи зиёди нақд пайдо намешавад. Барои онҳо кифоя аст, ки дар он макон банкомат ё POS — терминалро пайдо намуда, дар доираи хизматрасониҳои барои корти пардохтӣ пешбинишуда маблағи заруриро, ки дар ҳисоб мавҷуд аст, бигиранд. Ин омил ба коҳиш ёфтани пули нақд дар гардиш, ки аз лиҳози иқтисодӣ хеле муҳим аст, боис мегардад. Дар маҷмӯъ, истифодаи васеи чунин кортҳо ба ғанӣ гардидани Буҷети давлат, ҷалби маблағҳои аз гардиши бонкӣ берунмонда, муътадил нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ ва боз ҳам боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари бемайлон рушдёбанда кумаки амалӣ мерасонад.

Лозим ба ёдоварист, ки айни замон кортҳои дар низоми молиявии ҷумҳуриамон истифодашаванда кортҳои пардохтии магнитӣ мебошанд. Вале дар давлатҳои пешрафта аллакай кортҳои дорои микрочип ва кортҳои виртуалӣ дар истифодаанд. Иқдоми мазкур, дар навбати аввал, ба хотири таъмини ҳифзи он аз дастрасии ашхоси бегона мебошад. Масалан, гирифтани маълумот бо роҳу усулҳои гуногуни ғайриқонунӣ, ки аз чунин усул аксаран ба истилоҳ «хакер»-ҳо истифода мебаранд, аз кортҳои пардохтии дорои микрочип дар муқоиса ба кортҳои пардохтии магнитӣ, қариб ки имконнопазир аст. Шоистаи зикр аст, ки ин омил зимни истифодаи кортҳои виртуалӣ пурра аз байн хоҳад рафт. Ин кортҳоро тариқи дилхоҳ телефони мобилии аксбардордошта истифода намудан мумкин аст. Тарҳи аслии кортҳои мазкур дар хотираи телефони мобилӣ сабт гашта, дар заминаи он мизоҷ имкони барориши 32000 корти виртуалии якдафъаинаро дорад. Яъне, як корти пардохтӣ як маротиба истифода мешавад, ки ин омил хавфи тақаллубкориро пурра аз байн мебарад. Тавассути корти мазкур мизоҷ метавонад амалиёти молиявиро, аз қабили харид аз марказҳои савдо, интиқоли маблағ ва ғайра анҷом диҳад.

Ба андешаи инҷониб, омӯзиш ва мавриди истифода қарор додани таҷрибаи Сингапур доир ба ин масъала аз манфиат холӣ нест. Далелҳои дастрасшуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки ба шарофати иқдомоти мақсадноки амалишуда дар муддати кӯтоҳ истифодаи кортҳои пардохтӣ дар ин кишвар ба падидаи маъмулӣ табдил ёфта, ҳатто пардохти роҳкирои таксӣ низ тавассути он сурат мегирад. Дар маҷмӯъ, қонуни зикршуда ба маънои томаш кумакрасони «беминнат»-и масъулин дар ин ҷода аст. Ба шарте ки завқ бошаду рисолату ваколат дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро гардад.

 Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»