Чаро мақомот ба ваколатҳои якдигар «чашм ало мекунанд»?

№108 (3588) 18.08.2016

2015CoachingCultureSlide«Рақобат»-и зерсохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати кишоварзӣ ва «Тоҷикстандарт» ҷиҳати «тарака»-и ваколатҳо мақоли халқии «буз дар ғами ҷону қассоб дар ғами чарбу»-ро ба хотир меорад.

Лоббӣ намудани қабули қонунҳое, ки ба манфиати ин ё он мақомоту ашхосу гурӯҳҳои алоҳида рабт доранд, дар ҷаҳони муосир падидаи нав нест. Вале, вақте мақомот, хоса сохторҳои назоратӣ, дар робита ба масъалаи мавриди назар мехоҳанд «дастархонро ҷониби худ кашанд» табиист, ки ба манфиати кор нест.

Эътироф бояд кард, ки ба ваколатҳои якдигар «чашм ало намудан»-и идораҳои назоратӣ айни замон мавҷуд буда, мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда бояд ба тавсеа ёфтани ин раванд роҳ надиҳанд. Зеро такрор гардидани ваколатҳои онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ аз ҷониби мардум истиқболи хуб намеёбад.

Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон мунтазам дастуру супоришҳо дода, минҷумла зикр намуда буданд, ки «Бо дарназардошти вазъи имрӯзаи қонун­гузорӣ, масъа­лаи гузаронидани мониторинги ҳуқуқиро таъкид карда будам. Вакилони даъвати нав бояд ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир ­карда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани фарҳанги қонунэҷодкунӣ, бартараф намудани мухолифати санадҳои қонунгузорӣ ва инъикоси муносибатҳои танзимшаванда аз ваколатҳои худ самаранок истифода намоянд. Дар ин самт дигар субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда низ бояд ­фаъол бошанд, зеро таҳия ва эҷоди қонунҳое, ки дар шароити нави сиёсиву иҷтимоӣ ва инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат­ро танзим менамоянд, вазифаи дигар мақомоти давлатӣ низ ба шумор меравад.

Қонунҳое, ки қабул мешаванд, бояд механизми мушаххаси амалишавии меъёрҳои дар онҳо пешбинишударо дошта бошанд».

Қаблан «рақобат» бобати фарогирии бештари ваколатҳо миёни Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии мамлакат ва Хадамоти назорати давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт мавҷуд буд. Дар заминаи чораандешиҳои амалишуда ин омил рафъ шуда, ваколатҳои сохторҳои фавқ дар доираи қонунгузорӣ мушаххас ва муайян гардид. Вале суханони муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Наврӯз Ҷаъфаров, ки зимни баргузории муҳокимаи парламентӣ оиди рафти иҷрои Буҷети давлатӣ ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» садо доданд, маро муътақид намуд, ки ҳанӯз ҳам ин ҳолат ҷой дошта, то андозае тамоюли афзоишро касб намудааст. Номбурда минҷумла гуфт, ки «Соҳибкорон танҳо ба ҳуҷҷати Агентии «Тоҷикстандарт» такя мекунанду хулосаи дигар мақомоти ваколатдор, аз ҷумла Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти фитосанитарӣ ва назорати карантини растании Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таъмини бехатарии маҳсулот ваколатдоранд, ба инобат гирифта намешавад. Яке аз мушкилиҳо дар фаъолияти хадамот маҳдуд будани доираи фаъолият ­мутобиқи як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» санҷишҳои санитариро вобаста ба сатҳи хатари субъектҳои хоҷагидор маҳдуд мекунад. Мувофиқи ин қонун миқдори субъектҳои хоҷагидоре, ки сатҳи хатарнокиашон баланд аст, бояд аз 10 фоиз зиёд набошад».

Масъалаи мазкурро дар суҳбат бо директори «Тоҷикстандарт» Ибодулло Қурбониён мат­раҳ намудем. Бино ба гуфти номбурда, иддаои Н. Ҷаъфаров беасос буда, тибқи қонунгузорӣ ваколатҳои зерсохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати кишоварзии мамлакат нисбат ба «Тоҷикстандарт» бамаротиб зиёд аст. Агар онҳо ваколатҳояшонро истифода бурда натавонанд ё дидаву донис­та дар ин самт иқдом накунанд, магар гуноҳи «Тоҷикстандарт» аст? Аз ҷониби дигар, соҳибкор бобати дар кадом озмоишгоҳ гузаронидани ташхиси маҳсулот соҳибихтиёр буда, муҳим натиҷаи он аст. Ҳамрадиф бо ин, номбурда хотиррасон намуд, ки аз теъдоди зиёди озмоишгоҳҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамагӣ ду озмоишгоҳ аз аккредитатсия гузаштаасту халос. Омили асосие, ки бехатарии маҳсулоти хӯроквориро таъмин менамояд, фаъолияти самараноки озмоишгоҳҳои санитарию байторӣ дар бозорҳо мебошад.

Тибқи маълумоти мавҷуда, зиёда аз 60 фоизи истеъмолкунандагон дар ҷумҳурӣ маҳсулоти хӯроквориро аз бозор мехаранд. Агар кормандони «Тоҷикстандарт» тибқи қонунгузорӣ дар давраи муайян ҳуқуқи гузаронидани санҷишро дар бозорҳо дошта бошанд, пас кормандони зерсохторҳои вазоратҳои мавриди назар доимӣ он ҷо фаъолият доранд. Сарфи назар аз ин, на дар ҳама бозорҳои ҷумҳурӣ ташхисгоҳҳо фаъолият менамоянд. Озмоишгоҳҳои амалкунанда бо таҷҳизот ва асбобу анҷоми ҳозиразамон таъмин нашудаанд. Мисолҳои зиёд мавҷуданд, ки маҳсулоти хӯрокворие, ки ба бозор ворид мегарданд, аз ташхиси санитарию байторӣ гузаронида намешаванд. Таассуфовар аст, ки бо вуҷуди мавҷудияти камбудиҳои зиёд мақомоти зикршуда, ба ҷои он ки рисолати хешро дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро намоянд, ба санги маломат задани якдигар машғуланд, ки моҳиятан «мурдаро монда тутхӯрӣ»-ро шабеҳ аст.

Бидуни тамаллуқу муболиға метавон гуфт, ки алъон мақоми намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат ба сифати як шохаи ҳокимият дар таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯй ба талаботи ҷомеа саҳми бориз дорад. Шоҳиди ҳол ҳастам, ки аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон рисолати хеш — таҳия, қабул ва ҷонибдории қонунҳоро дар сатҳи хуб, сифати баланд ва бо дарки масъулиятшиносӣ ба ҷо оварда истодаанд. Ин бесабаб нест, зеро санадҳои меъёрӣ бояд қутбнамои ҷомеа ба сӯи фардои дурахшонтар бошанд, на ҳимоятгари гурӯҳ ва ё мақомоти алоҳида. Аз ин нуктаи назар, мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишварро мебояд минбаъд низ чораҳоро андешад то «чашм ало намудан»-и мақомот ба ваколатҳои якдигарашон хотима ёбад. Чунин тарзи кор муҳим буда, ба манфиати мардум аст.

Далер Мерганов, «Садои мардум»