Ба таваҷҷуҳи роҳбарияти ширкатҳои «Мегафон» ва «Вавилон»

Чаро марказҳои мавҷпароканӣ заифанд?

№14 (4120) 30.01.2020

Дар ноҳияи Ванҷ бештари мардум аз хизматрасонии ширкатҳои алоқаи мобилии «Мегафон» ва «Вавилон» истифода мебаранд. Дар деҳаи Ардобак маркази мавҷрасонии ширкати «Мегафон»  дар мавзеи аҳолинишин сохта шудааст. Аҷиб ин аст, ки  марказ дар баландӣ неву дар пастӣ бунёд гардидааст. Ҳол он ки дар деҳа мавзеъҳои баландтару қулайтар низ мавҷуданд, ки аз он ҷо паҳншавии мавҷ тибқи радиуси муайяншуда имконпазир аст.

Ҳоло ҳатто деҳаҳои Ҷовидони 1 ва Ҷовидони 2, ки аз маркази мавҷдиҳӣ як, якуним километр масофа доранд, ба хизматрасонии «Мегафон»  дастрасӣ надоранд.

Дар суҳбат сокинони деҳа иброз доштанд, ки аз истифодаи интернет низ маҳруманд.

Умед бар он мебандем, ки роҳбарияти ин ширкатҳо дар соли 2020 иқдоми наве роҳандозӣ намуда, ин мушкилро бартараф менамоянд.

Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,

«Садои мардум»