Чаро муштариён ба бонкҳои хурд рӯ меоранд?

№139 (4089) 19.11.2019

Меъёру андозаи қарздиҳии ташкилоти бонкиро кӣ назорат мекунад? Чаро мардум ба бонкҳои хурди молиявӣ таваҷҷуҳи бештар доранд? Таъсиси ташкилоти хурди бонкӣ шакли ғамхорӣ ба мақсади таъмини сатҳи  зиндагии муайяни моддию иҷтимоии муштариён аст ё мояи фоидаҷӯйӣ?

Яке аз сабабҳои қарзгирӣ қудрати дарёфти имконеро барои иҷрои коре надоштани шахс мебошад.

Ҳоло дар кишвар ташкилоти зиё­ди хурди бонкӣ, ба монанди ташкилоти амонатии  қарзии хурди «Ҳумо», ташкилоти хурди қарзии «Фурӯз», «Финка», «Эсхата», ташкилоти амонатии қарзии хурди «Арванд», «Бонки хурди молиявӣ», «Аввалин бонки хурди молиявӣ» ва ғайра амал мекунанд.

Ба бонкҳо муроҷиат кардани муштариён ҳам сатҳи зиндагии ҷомеаро муайян мекунад. Қаблан одамон ҳангоми тангдастӣ ё ниёз аз ҳамсоя, хешу ақрабо ё ёру дӯстон қарз мегирифтанд, чунки бисёрӣ барои рӯзи мабодо пасандоз доштанд. Мутаассифона, то ҷое ин меъёри дастгирӣ аз байн рафтааст.

Дар шароити буҳрони ҷаҳонии молиявӣ мебояд низоми бонкӣ мувофиқи сатҳи зиндагӣ ва имкониятҳои кишвар ба роҳ монда шуда, онро ҷиддӣ бояд назорат кунанд. Яке аз рукнҳои хизматрасонии ташкилоти хурди қарздиҳӣ ба коҳиш додани сатҳи камбизоатии мардум мусоидат кардан аст. Бо фоизи баланди қарз оё метавон ба мақсад муваффақ гардид? Ҳоло ин шикояти мардумро «кар мешунаваду кӯр мебинад».

Масалан, барои гирифтани 7 ҳазор сомонӣ аз Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Ҳумо» дар баробари гирифтани 70 сомонии ҳаққи хизмат  840 сомонии дигарро (кафолати амонат) нигоҳ медоранд. Ба ибораи дигар, барои  6090 сомонӣ муштарӣ бояд мувофиқи ҷадвали пардохти ташкилот 9445,31 сомонӣ пардохт намояд. Муштарӣ барои он ки қудрату тавони пардохти қарзро дар  як сол бо фоизҳои мавҷуда надорад, розӣ мешавад онро ба ду сол тамдид кунад. Агар ташкилоти қарзии хурди бонкӣ фоизи хизмат­расонӣ ва солонаро аз ин ҳам гаронтар кунад, шаҳрванд маҷбур аст ба кулфати қарз тоб орад, чунки дигар илоҷ надорад. Ин «маҳсули заҳмати зеҳнӣ»-и масъулони бонкҳост.

Қарз дар ин шакл – хоҳ дар самти  кишоварзию чорводорӣ бошад, хоҳ зарурати дигар  барои ҳеҷ як муроҷеъ судбахш нест. Фоидаи бадастомада қурбони фоизи пардохт мегардад.

Фоизи пардохти моҳонаи Ташкилоти хурди қарзии «Фурӯз» бошад, аз 10 ҳазор сомонӣ дар як моҳ 1222 сомонӣ буда, муштарӣ тӯли сол  14 ҳазору 664 сомонӣ бояд пардохт намояд. Ин маблағро дар кадом самт истифода бояд барӣ, ки аз он 4664 сомонӣ ҳаққи пардохт супорию боз фоида гирӣ? Агар маблағ барои пардохти шартномаи муассисаи таълимии фарзанд гирифта шуда бошад чӣ?

Ин проблема хеле ҷиддист. Талаботи рӯзафзун — пардохти шартномаи муассисаҳои таҳсилоти олии  касбӣ, тиҷорат, сохтмони манзили зист, маъракаи хонаободӣ  ва дигар мушкилоти  зиндагӣ мардумро то андозае ба бонк мутеъ мегардонад.

Воқеан, қарз воситаи муомилот буда, қарздиҳӣ таърихи дерина дорад: қарзи беваҷҳ, қарзи бағдодӣ, қарзи ҳасана, қарзи куҳна ба нав…  Вале дар ҳар шакле набошад, муштарӣ ба ин дараҷа ба кулфати қарз намепечид, ки ҳоло гирифтор аст.

Аз ин лиҳоз, масъулони ташкилоти хурди қарзиро лозим аст, ки барои додани қарзҳои фоизаш паст чораандешӣ намоянд, то дар беҳбуд ёфтани рӯзгори мардум саҳмгузор бошанд. Чанде қабл аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон – «Тавҳидбонк» соҳиби иҷозатнома гардид. Шояд он то андозае  муштариёнро аз кулфат ва печидагии ташкилоти хурди қарзӣ раҳонад?

Абдухолиқ Мирзозода, «Садои мардум»