Чаро нархи орду равған гарон шуд?

№156 (4262) 29.12.2020

BBF955F0-527B-447C-81B8-31884607649F_w1200_r1Чун барои мардуми кишвар нон ғизои асосӣ ба ҳисоб меравад, баланд шудани нархи орд боис ба ташвиш гардид. Аз ин рӯ, ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем. Аз Раёсати ҳимоя ва ҳифзи рақобати он иттилоъ доданд, ки болоравии нарх ба афзудани қимати маҳсулот дар давлатҳои таҳвилкунанда вобаста мебошад.

- Даҳаи дуюми моҳи сентябри соли ҷорӣ болоравии нархи шакар, равғани растанӣ ва тухм ба мушоҳида расид. Маҳсулоти зикршуда воридотӣ буда, нархи он дар давлатҳои таҳвилдиҳанда афзоиш ёфт, — гуфт сармутахассиси Раёсати зикршуда Доробшо Давлатов.

Бино ба гуфти ӯ, моҳи октябр  нархи шакар дар Федератсияи Россия 16,6 дарсад бо рубли русӣ ва 13,6 дарсад бо доллари ИМА афзуд. Арзиши як тонна равғани растанӣ низ дар ин давра аз 795 доллар ба 887 доллари ИМА расид. Айни замон нархи як кило шакар, ки аз Федератсияи Россия ворид мешавад, 7,32 сомонӣ аст. Як кило шакар, ки аз Беларус ворид мегардад, бинобар хубтар будани сифат 9 сомонӣ арзиш дорад.

Моҳи ноябр Бонки миллии Тоҷикистон қурби сомониро дар баробари доллари ИМА коҳиш дод. Агар то ин вақт як доллар бо 10,34 сомонӣ муодил мешуд, пас аз тағйирот ба 11,31 сомонӣ баробар гардид. Бино ба гуфти Доробшо Давлатов, иқдом низ ба арзиш маҳсулот таъсир расонид. Баландшавии нархи тухмро масъулин ба афзоиши арзиши ғизои паранда ва паст шудани маҳсулнокии мурғҳо вобаста медонанд.

Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, нархи 16 номгӯи молу маҳсулот дар сурати беасос то 20 дарсад баланд шудан таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешавад.  Дар ин номгӯй, аз ҷумла, орд (навъҳои 1 ва 2), гандум, қанди сафеду шакар, равғани растанӣ (равғани пахта, офтобпараст, маска) ва тухми мурғ низ ҷой дода шудааст. Доробшо Давлатов иттилоъ дод, ки бо мақсади танзим ва пешгирии болоравии нархи маҳсулоти зикршуда санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018 «Дар бораи номгӯйи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлат қарор дода мешаванд», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018 «Дар бораи Низомномаи тартиби ташаккул ва тартиби нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъиноти истеҳсоливу техникӣ, молҳои истеъмолии халқ ва хизматрасониҳо» ба тасвиб расидааст. Аз сабаби он ки дар бозорҳои кишвар нархи молу маҳсулоти дар қарори Ҳукумат зикршуда беасос баланд нашудааст, барои таҳти танзими давлатӣ қарор додан чора наандешидаанд.

- Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», ҳуқуқи гузаронидани санҷишро надорем. Аммо корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаем. Беасос баландкунии нарх дида намешавад, — изҳор дошт номбурда.

Сабаби дигари баландшавии нарх набудани рақобат ҳам буда метавонад. Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфтанд, ки рақобат мавҷуд буда, даҳҳо субъекти хоҷагидор ба воридоти ин намуди маҳсулот машғуланд.

Бино ба иттилои ҳамсуҳбатам, 84 субъекти хоҷагидор ба воридоти гандум, 47 — орд, 125 — равғани растанӣ ва 64 субъект ба воридоти шакар машғуланд.

Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтанд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноати хӯрокворӣ тавассути омодасозии кадрҳои баландихтисос, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, бунёди корхонаҳои муосир ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда мунтазам рушд карда истодааст.

cooking-oil-for-sale-sheikh-mansur-market-dushanbe-tajikistan-CTR1M5Сармутахассиси Раёсати саноати хӯроквории Вазорати саноат ва технологияҳои нав Парвиз Раҳимов гуфт, ки бо бунёди корхонаҳои нав ва васеъгардонии истеҳсолоти мавҷуда имконияти дар як сол истеҳсол намудани 80 ҳазор тонна равғани растанӣ, коркарди 2,5 миллион тонна гандум барои истеҳсоли 1800 ҳазор тонна орд имконпазир гардид.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 54 корхонаи истеҳсоли орд фаъолият дошта, моҳҳои январ — октябри соли 2020-ум 639,8 ҳазор тонна орд истеҳсол намудаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 85,6 ҳазор тонна зиёд мебошад. 48 корхона ба истеҳсоли равғани растанӣ машғул буда, моҳҳои январ-октябри соли 2020-ум 16,6 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол намудаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1501,9 тонна зиёд аст.

Моҳҳои январ-октябри соли 2020 ҳиссаи маҳсулоти корхонаҳои саноати хӯрокворӣ дар таъмини бозори истеъмолии кишвар, аз ҷумла, орд 88 дарсад ва равғани растанӣ 19,4 дарсадро ташкил додааст.

Бино ба гуфти ҳамсуҳбатам, ашёи хом нисбат ба иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсоли равғани растанӣ нокифоя буда, чигити пахтаи ватанӣ (ба ҳисоби миёна 157,2 ҳазор тонна дар як сол) 23,6 дарсади иқтидорҳои мавҷударо таъмин карда метавонад. Аз ин рӯ, моҳҳои январ-октябри соли 2020 барои эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ 15796,7 тонна зироатҳои равғандиҳанда ба маб­лағи 4 560,7 ҳазор доллари ИМА ворид карда шуд.

Дар дилхоҳ давлат сохторҳое фаъолият мекунанд, ки вазифаашон батанзимдарории нархи молу маҳсулот дар бозор мебошад. Агар сохторҳои марбута дар сатҳи лозима фаъолият накунанд, мумкин аст бенизомӣ ба вуҷуд ояд. Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати «бозӣ» кардани нарх бояд бо пешниҳоди маҳсулот онро ба танзим дароранд. Аммо мақомоти масъули танзимкунандаи нарх кори назаррасеро анҷом надодаанд.

Бо мақсади гирифтани маълумот доир ба иқдомҳои вобаста ба танзими нарх ба сомонаи «Тоҷикматлубот» — www.tojikmatlubot.tj ворид шудем. Мутаассифона, дар он ягон матлаб доир ба фаъолияти иттифоқ набуд. Онро асосан бо хабару гузоришҳои расмӣ ва мақолаву гузоришҳои сомонаҳои дигар пур кардаанд. Ҳол он ки дар сархати сомонаи зикршуда ин таъкидҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мақом ва вазифаи «Тоҷикматлубот» ҷойгузинанд:

«То бозорро ба тартиб надарорем, интизоми намунавӣ ва маданияти бозордориро ҷорӣ насозем, назму низоми тиҷоратро ба роҳ монда наметавонем».

«Мақоми «Тоҷикматлубот» дар амалӣ сохтани барномаи дигаргунсозии ислоҳоти иқтисодии ҷумҳурӣ ва таъмини мардуми деҳот бо маводи зарурии рӯзгор ниҳоят муҳим аст».

Саволи матраҳ он аст, ки масъулини «Тоҷикматлубот» дар ин самт чӣ корро анҷом додаанд?

Дар ин бобат, иқдоми Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе шоистаи таҳсин аст. Ташкили мошинҳои сайёр ва ба фурӯш баровардани молу маҳсулоти ниёзи аввал бо нархи даст­рас сокинони пойтахтро хеле шод кард. Аммо фаъолияти дигар мақомот дар ин самт беҳбудиро талаб мекунад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»