Чаро нишондиҳандаи сатҳи шаффофияти буҷети маҳаллӣ паст шуд?

№12 (3962) 29.01.2019

IMG_8985Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» 24 январи соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон маҳфили журналистикаи иқтисодӣ «Тавозун» перомуни «Дастрасӣ ба иттилоот оид ба таҳия ва иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ» баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳи он директори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» Шаҳло Акобирова иброз дошт, ки «Тавозун» дар доираи лоиҳаи «Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон» бо маблағузории Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикис­тон амалӣ мегардад.

- Имрӯзҳо ба шаффофият дар ҷараёни таҳия ва амалишавии буҷет, дастрасии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба маълумот оид ба ин масоил диққати махсус дода мешавад, ки ба қавӣ гардидани эътимоди мардум нисбат ба Ҳукумат таъсир мерасонад. Шаффофият масъулияти ҳокимияти иҷроияро дар таҳияву амаликунонии буҷет ва назорати хароҷоти буҷетӣ зиёд карда, ҳамзамон воситаи муҳими мубориза бо коррупсия мегардад, — гуфт номбурда.

Номзади илмҳои иқтисод Уктам Ҷумъаев иброз дошт, ки буҷети маҳаллӣ воситаи асосӣ дар амалисозии сиёсати иҷтимоӣ — иқтисодӣ мебошад. Аз ин рӯ, барои ҳокимиятҳои маҳаллӣ таъмин намудани шаффофияти буҷет яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади муайян кардани сатҳи шаффофияти буҷетҳои маҳаллӣ соли 2018 — ум дар 20 шаҳру ноҳия, аз ҷумла Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, Вахш, Кӯшониён, Бохтар, Хоруғ, Ишкошим, Истаравшан ва Исфара бо ҷалби 12 ташкилоти ҷамъиятӣ тадқиқот гузаронида шуд. Он нишон дод, ки шохис (индекс) — шаффофияти буҷети маҳаллӣ ба 12 хол баробар аст. Соли 2016 ин рақам 24 холро ташкил медод.

- Пастшавии нишондиҳандаи сатҳи шаффофияти буҷети маҳаллӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки механизмҳои барои ҷалби шаҳрвандон зимни баррасии буҷет ва назорати иҷрои он муайяншуда дар маҳалҳо суст амалӣ мегардад, — гуфт музокирачӣ.

Соли сеюм аст, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дастурҳои барои таҳияи буҷетҳои маҳаллӣ пешниҳоднамуда ҷалби ҷомеаи шаҳрвандиро тавсия медиҳад, лекин дар маҳалҳо амалишавии он мувофиқи мақсад нест.

Унвонҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикис­тон Лоиқҷон Миров дар хусуси самаранокии хароҷоти буҷети давлатӣ ба Хадамоти шуғли аҳолӣ маълумот дод.

Ӯ иброз дошт, ки аз рӯи омори соли 2016, сатҳи бекории умумӣ дар мамлакат 6,9 фоиз ё 155758 нафарро ташкил медод. Шумораи бекорони аз тарафи Хадамоти шуғли аҳолӣ чун «бекор» эътирофшуда 54087 нафарро ташкил дода, ба 2,4 фоиз баробар буд. Аз ин нишондод бармеояд, ки на ҳама бекорон ба Хадамоти шуғли аҳолии шаҳр ё ноҳия рафта, худро чун «бекор» номнавис мекунанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2008 дар ҷумҳурӣ 258 ҳазор нафар тавассути хадамоти зикршуда (ХША) бо кор таъмин шуданд. Ин рақам соли 2017 зиёд шуда, ба 49,5 ҳазор нафар расид.

- Дар мамлакат шумораи аҳолии қобили меҳнат сол то сол афзуда истодааст. Агар соли 2004 теъдоди аҳолии қобили меҳнат (15 — 75 — сола) 3 миллиону 979858 нафарро ташкил дода бошад, ин рақам соли 2016 ба 5 миллиону 314 273 нафар расид, — иброз намуд Лоиқҷон Миров.

Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки сатҳи иштироки аҳолии синни қобили меҳнат дар қувваҳои корӣ кам шуда, соли 2004 ин нишондиҳанда ба 58,6 ва соли 2016 ба 42,4 фоиз баробар буд. Таҳлилҳои вобаста ба самаранокии иқтисодӣ нишон медиҳад, ки сустшавии маблағгузорӣ солҳои 2010 — 2013 натиҷаи кори Хадамоти шуғли аҳолиро андаке паст кард, вале афзоиши маблағузорӣ тайи ду соли охир самаранокии фаъолияти ин ниҳодро беҳтар намуд.

Директори иҷроияи Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон Некбахт Каримов дар мавзӯи «Ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ аз ҳисоби коркарди нахи пахта дар мамлакат» сухан ронда, гуфт, ки мувофиқи маълумоти оморӣ, солҳои охир 10 — 12 фоизи пахта дар дохили кишвар коркард шудааст, ки ин нишондиҳанда қаноатбахш нест. Зеро иқтидори корхонаҳои ресандагӣ зиёда аз 60 фоизро ташкил медиҳад.

- Агар нархи як тонна нахи пахта ба ҳисоби миёна 13673 сомониро ташкил диҳад, нархи як тонна риштаи аз пахта истеҳсолшуда ба 27572 сомонӣ мерасад. Бинобар ин, аз содироти нахи пахта дида, содироти ришта ё маҳсулоти тайёр ба буҷети мамлакат манфиатовар аст, — гуфт Некбахт Каримов.

Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»