Проблема ва мулоҳиза

Чаро пулҳо фарсуда мешаванд?

№85 (3722) 18.07.2017

Пеши корношоямшавии онҳоро бояд гирифт!

20170717_130801Асъори миллӣ аз муқаддасоти миллату давлат ҳисоб меёбад ва қобили эҳтирому арҷгузорист. Тавассути он харидуфурӯш менамоем, ҳоҷатҳоямонро мебарорем, корҳоямонро ба сомон мерасонему  мушкиламонро осон месозем. Бахусус, пулҳои коғазии аз 1 то 20 — сомона маъмул буда, талабот ба онҳо дар бозору мағозаҳо, нақлиёти ҷамъиятии истифодаи умум бамаротиб зиёд аст.

Мутаассифона, вақтҳои охир пулҳо на танҳо боиси роҳат, балки мояи ташвишу нигаронии  истифодабарандагон гардидааст. Он ҳам бошад, фарсудагию дар ҳолати хеле ҳузновар қарор гирифтанашон мебошад. Анқариб навад фисади пулҳои коғазии майда  бо «скотч» васл карда шудаанд. Бисёре аз онҳо чиркин буда, метавон гуфт, ки истифодаашон аз лиҳози санитарӣ – гигиенӣ хатарнок аст.

Ҳар рӯз дар бозору нақлиёти мусофиркаш баҳсҳои лафзиро миёни харидорону фурӯшандаҳо, ронандаҳову мусофирон шоҳид гардидан мумкин аст, ки ба ҳолати равонии атрофиён бетаъсир намемонад. Тарафҳо якдигарро ба он гунаҳкор карданӣ мешаванд, ки пулҳои даридаю корношоямро дароз мекунанд.

- Ин пулро ман набаровардаам ва ба ин ҳол нарасондаам. Ба ман онро дигарон додаанд, — мегӯяд яке ба дигаре ва тарафи муқобил ҳам суст наомада, изҳор медорад, ки ман ин пулро гирифта наметавонам, чунки онро ҳам аз ман касе гирифтан намехоҳад. Ҳамин тариқ, кас намедонад, ки гунаҳкори асосии ба ин ҳол гирифтор шудани пулҳои бечора, кӣ бошад? Ҳол он ки ҳама, яке зиёд, дигаре кам баҳри ба чунин ҳолат расондани пулҳо саҳмгузор ҳастем. Аммо инро ё дарк намекунем ё худро ба нодонӣ зада, гунаҳкор меҷӯем. Бадии кор ҳам дар ҳамин аст, ки на танҳо дар масъалаи пул, балки дар масъалаҳои дигар низ муносибатамон ҳамин гуна аст. Ҳамеша гунаҳкор «Х» мебошад.

Маълум, ки на танҳо коғаз, балки сангу оҳан низ аз истифодаи зиёд хӯрда мегардад. Нодуруст нигоҳдорӣ гардидани пул аз ҷониби шаҳрвандон боиси зуд корношоям шуданашон гардидааст. Агар барои корд ғилоф офарида бошанд, пас барои об кӯзаро ихтироъ кардаанд. Ба ҳамин монанд қаламдон, ҷузвдон, ҷевон, яхдон ва ғайраву ҳоказоро сохтаанд. Ҳар он чизе ки дар ҳаёт истифода мебарем, ғамхорию нигоҳубинро тақозо менамояд. Яъне, меҳрубонӣ аз ду тараф мешавад. Ба ҳамин монанд, барои нигоҳдории пул ҳамён вуҷуд дорад ва намунаҳояш дар фурӯшгоҳҳо фаровон дида мешавад. Агар ғилофро барои бехатарии корд бароварда бошанд, пас, ҳамёнро барои он истеҳсол кардаанд, ки пул дар ҳолати хуб  нигоҳдорӣ гардад. Дар ин сурат, муҳлати истифодаи он дарозтар мегардад. Набояд фаромӯш намуд, ки ҳар як барориши пул маблағи зиёдро талаб менамояд ва  пешгирӣ аз он ҳам ба фоидаи буҷаи давлат аст. Бартарии  ҳамён боз дар он аст, ки пул дар ҷои муайян нигоҳ дошта шуда, ҳоҷати тагӯрӯ кардани кисаҳо дар ҳолати зарурӣ пеш намеояд. Хатари гум шудан ва ба яғмо рафтани маблағ низ хеле кам мешавад. Ба шарте ки соҳиби пул ҳам­ёнро дар ҷои амн нигоҳ дорад. Аз ҳама муҳимаш, имконият медиҳад, ки ба корношоямшавии пулҳо камтар роҳ диҳему табъи худу дигаронро хира нагардонем. Дигар ин ки истифодаи ҳамён нишонаи маданиятнокии шахс, дар маҷмӯъ, миллат мебошад.

Аз рӯи пул метавон ба миллат баҳогузорӣ намуд, чунки имрӯзҳо кам нестанд шаҳрвандони хориҷие, ки дар шаҳру навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ ба сифати меҳмон, сайёҳ, донишҷӯ, корманд қарор доранд ва онҳо низ аз сомонӣ истифода менамоянд. Дар ин миён ҳастанд, хориҷиёне, ки ба дарёфти камбудию нуқсонҳои ҷомеа манфиатдоранд. Ҳамин ки дар кӯча гадо ё ҷулҳундиеро диданд, зуд  акс, навор мегиранд. Ҳеҷ набошад чун мақоли «душман айбатро наёфт, думи сагатро каҷ мегӯяд»,  аз таомхӯрии бо даст ва якҷояи мо дар табақ ҳангома мебардоранд. Пас кӣ кафолат дода метавонад, ки ҳамин гуна сомониҳои фарсудаи моро дастак накунанду моро паст назананд? Иллати дигари зуд корношоям шудани  пулҳои коғазӣ дар он аст, ки аз калонсол то хурдсолон нисбат ба он беэҳтиётӣ ва ҳатто беэҳтиромӣ зоҳир мекунем. Онҳоро ғиҷим карда, ба киса меандозем. Баъзе наврасону ҷавонони бетарбия болои онҳо ҳар гуна ҳатто суханҳои қабеҳро менависанду расм мекашанд. Сурати қаҳрамонҳои миллатро таҳқир менамоянд. Саволе пайдо мешавад, ки наход дар замони афзун будани бозиҳои шавқовари фароғатӣ шуғле наёфта, бо асъори миллӣ  машғули бозӣ шаванду аз бефаросатию бетарбиягии худ завқ бубаранд? Дар ҳоле ки мо ба арзишҳо ва муқаддасоти худ эҳтиром намегузорем, дигарон чӣ гуна ба мо эҳтиром мегузоранд?

Хулласи калом ин ки пул худаш хуб, ба воситаи он ҳоҷатҳоямонро баровардан хуб, аммо эҳтиёткоронаву ғамхорона ва бошууронаву бофарҳангона муносибат кардан бо он оё бад аст? Қоидае роиҷ аст, ки пулҳои фарсудашударо бояд ба бонкҳо супоранд ва ба ҷои он навашро диҳанд. Албатта, бо андак пули корношоями як ё се сомонигӣ ҳоҷати ташвиш додани бонкдорон нест. Вале ронандагону фурӯшандаҳои бозору мағозаҳо, ки дар ихтиёр аз ин пулҳо маблағи зиёдро доранд, вазифадор ҳастанд, ки онҳоро иваз намоянд. Ногуфта намонад, ки иваз намудани пулҳои корношоям дар бонкҳо бемузд ва ба таъбири имрӯза ройгон аст. Аммо ҳама серкору сертараддудему вақт надорем. Аз иваз кардани пулҳои корношоям дида, баҳсу мунозираҳои бемаъниро авлотар медонем.

Суоли дигар ин ки чаро касе аз масъ­улин ба ин мушкили ҷомеа аҳамият намедиҳад? Маълум, ки бархе аз соҳибмансабону сарватмандон бо ин қабил пулҳои майдаю фарсуда сарукор надоранд ва аз нақлиёти мусофиркашонии умумӣ ҳам истифода намекунанд. Пас, аз куҷо медонанд, ки дар дунё чӣ гапу кор рафта истодааст? Аз ин рӯ, хеле хуб мебуд, ки гоҳ — гоҳе худро ба издиҳоми мардум зада, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар мешуданд. Дар он сурат шикояту норозигии мардум ва ҷанҷолу хархашаҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ камтар гардида, муносибату маданияти сокинон рӯ ба беҳбудӣ меовард.

Дар навиштани ин мақола чанд яксомонаи нави ҳанӯз қатнашуда, ки ронандаи мусофирбар ба ман ҳамчун бақия дароз намуд, сабаб гардид. Дар ҳақиқат, бо дидану ба даст гирифтани пули монанд ба пул касро ифтихору роҳате фаро мегирад ё баръакс. Орзу кардам, ки кош, пулҳои мазкур то дер ҳамин гуна диданӣ боқӣ монанд ва пулҳои фарсудаю дарида ва нороҳаткунанда батамом аз муомилот бардошта шаванд!

 Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»