Нуқтаи назар

Чаро ришваситониро хиёнат ба Ватан мешуморанд?

№127 (4233) 13.10.2020

unnamedСарвазири панҷуми Исроил Голда Меир андешаҳояшро дар бораи абарқудрат гардонидани давлат чунин баён кардааст: «Агар шумо давлатеро бунёд кардан хоҳед, ки ба он писару духтаронаш бозгарданд, сокинонаш танҳо дар мавсими рухсатӣ аз он берун раванд ва ҳеҷ кас барои ояндааш эҳсоси хавфу хатар накунад, ду қадам гузоред: якум, коррупсияро бо хиёнат ба Ватан ва коррупсионерҳоро бо хиёнаткорон баробар шуморед. Дуюм, се ихтисосро аз ҳама муътабару баландмаош гардонед: низомиён, муаллимон ва табибон. Ва аз ҳама асосӣ, меҳнат кунед, меҳнат кунед ва боз ҳам меҳнат кунед, зеро ҳеҷ кас ғайр аз худатон шуморо ҳимоя намекунад ва намехӯронад. Ободию пешрафти кишвар ғайр аз шумо ба касе даркор нест. Вақте ин гуфтаҳо ба сухан ва шиори хушку холӣ табдил наёфта, тарзи ҳаётатон мегардад, пас шумо ба мақсад ноил гаштаед…».

Воқеан, дар ҳама давру замон коррупсия яке аз монеаҳои асосии рушд ва сабаби сарзании норозигии оммаю табаддулот гаштааст. Пас аз Инқилоби Октябр (соли 1917) яке аз нахустин декрет (қонун)-ҳое, ки аз ҷониби Шӯрои комиссарони халқ қабул шуд, мубориза бо ришваситонӣ буд. Мувофиқи он порахӯронро зиёда аз панҷ сол ҳабс мекарданд. Соли 1922 дар Кодекси ҷиноии давлати навбунёди Иттиҳоди Шӯравӣ барои порахӯрон ҳукми қатл пешбинӣ шуд. Ба онҳо на танҳо дар давраи роҳбарии И. В. Сталин, балки пас аз ӯ низ ҳукми қатл медоданд. Чунончи, соли 1961 дар давраи роҳбарии Н. С. Хрушёв 700 коррупсионери ашаддӣ дастгир шуданд, ки ба 28 нафари онҳо ҳукми қатл дода шуд. Ҳангоми кофтуков аз онҳо, дар маҷмӯъ, 200 миллион рубли шӯравӣ мусодира гардид.

Соли 1969 дар Озарбойҷон мубориза бо коррупсия авҷ гирифт, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ боиси сару садо гашт. Муфаттишон исбот карданд, ки дар ҷумҳурӣ нархи роҳбари ноҳия шудан 200 000 рубл, вазири хоҷагии коммуналӣ – 150 000, вазири таъминоти иҷтимоӣ – 120 000, ректори мактаби олӣ 100-200 ҳазор, сарвари идораи милитсия – 50 000, прокурори ноҳия шудан 30000 рубл аст. Баъди роҳбари Озарбойҷон таъин шудан Ҳайдар Алиев ба ин бесарусомонӣ хотима бахшиду коррупсионери зиёд паси панҷара рафтанд.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ вобаста ба мубориза бар зидди коррупсия бештар Сингапурро намуна меоранд. Сарвазири ин кишвар Ли Куан Ю дар муддати кӯтоҳ тавонист, ки коррупсияро решакан намуда, кишварро ба яке аз «Бабрҳои Осиё» табдил диҳад.

Баъди қабули Қонун «Оид ба мубориза бо коррупсия» ва таъсиси Бюрои зидди коррупсия якчанд вазире, ки даст ба ришваситонӣ заданд ё ба муҳлати гуногун ҳабс шуданд, худкушӣ карданд ё аз кишвар фирор намуданд. Ҳатто нисбат ба хешовандони наздики Ли Куан Ю низ парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.

Ли Куан Ю дар хотираҳояш таъкид кардааст, ки ӯ ҳама вақт волоияти қонун ва дар назди он баробар будани ҳамаро, новобаста аз мансабу мақом, ҳатто хешовандони наздик ва дӯстони беҳтаринро дар мадди аввал мегузошт.

- Шиорпароканӣ дар бораи мубориза бо коррупсия ва панду андарз хондан дар ин мавзӯъ осон аст. Аммо тибқи гуфтаҳо зистану амал кардан кори бениҳоят душвор мебошад. Барои ин лидерони боқувват ва азмашон қатъӣ заруранд. Кормандони Бюрои зидди коррупсия бояд аз дастгирии комили роҳбарияти сиёсии кишвар бархӯрдор бошанд, то ин ки нотарсона ва дар асоси қонун амал намоянд, — навиштааст Ли Куан Ю.

Соли 2012, вақте сарвари Хитой Си Ҷин Пин бо ришвахӯрӣ ҷанг эълон кард, дар зарфи панҷ сол қариб як миллион мансабдорро ба ҷавобгарӣ кашиданд. Пештар дар кишвар ба ришваситонҳо ҳукми қатл медоданд. Ҳоло ҳукми қатлро бо 10-20 соли ҳабс иваз карданд. Дар баробари ин, моликияти мансабдори ришваситон ба фоидаи давлат мусодира мешавад. Воситаҳои ахбори оммаи Хитой дар бораи аҳли оилаи коррупсионерон, ки аз қасрҳои бошукӯҳ ба хонаҳои дуҳуҷрадор мекӯчанд, гузориш таҳия мекунанд, то ки мардум оқибати бади дуздии моликияти давлатӣ, хӯрдани ҳаққи ҷамъиятро дарк намоянд. Барои ришваситонҳо ба фоидаи давлат мусодира кардани амволи ҷамъкардаашон сахттар аз ҳукми қатл аст. Ҷараёни мурофиаи судии ришвахӯрон тавассути телевизион намоиш дода мешавад. Чунончи, собиқ сарвари яке аз вилоятҳои Хитой Лин Хэй бо сари хам дар яке аз ин гуна барномаҳои телевизионӣ иброз намуд: «Ман аз одамоне, ки пора гирифтам, шарм медорам. Маро бубахш, ҳизби ҷоноҷон! Ман гуноҳамро тавассути баргардонидани маблағҳои дуздидаам мешӯям…»

Тавассути амалиёти якҷояи мақомоти тафтишотӣ ва ВАО дар Хитой солҳои охир коррупсия хеле кам шуд, зеро мансабдорон медонанд, ки баднафсӣ на танҳо сабаби рехтани обрӯ, балки боис ба аз даст рафтани маблағи солҳо ҷамъкардаашон мешавад.

Истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта ба решакан намудани ин раванди номатлуб дар мамлакат, ки то ҷое реша давондааст, мусоидат хоҳад кард.

С. АМИНИЁН,

«Садои мардум»