Чаро ҶСШК «НоракНБОсоз» барҳам хӯрд?

№109 (3589) 20.08.2016

ГЭС1Редаксияи муҳтарам!

Корхонаи сохтмонии «НоракГЭСстрой» солҳои 60-уми асри гузашта барои сохтмони ГЭС-и «Норак» таъсис шуда буд. Баъди ба анҷом расидани сохтмони ГЭС-и «Норак» ин корхонаи бузург сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Бойғозӣ», «Помир-1», «Помир-2», Роҳи оҳани Қӯрғонтеппа — Кӯлоб ва НБО-и «Сангтӯда — 1»-ро ба анҷом расонд. Дар сохтмонҳои номбаршуда мутахассисони зиёди таҳҷоӣ касб омӯхта, ба иҷрои корҳои мураккаб тайёр шуданд. Дар байни онҳо Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, дорандагони орденҳои Ленин ва Байрақи Сурхи Меҳнат, сохтмончиёни хизматнишондодаи Тоҷикистон ва ғайра ҳузур доштанд. Коргарони «НоракГЭСстрой» бо шаҳрҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ алоқамандона кор карда, ҳамчун гаҳвораи эстафетаи коргарӣ   машҳур гардиданд. Аз моҳи январи соли 2008 то моҳи июли соли 2012 мутахассисон ва коргарони он дар барқароркунӣ ва сохтмони ГЭС-и «Роғун» фаъолона иштирок ва корҳои зиёдро иҷро намуданд.

Баъди муваққатан манъ намудани сохтмони НБО-и «Роғун» роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «НоракНБОсоз» ва коргарону мутахассисони ботаҷриба аз кор ҷавоб дода шуданд. Дар ин вақт шумораи коргарон 1447 нафар буд. Техникаҳои гуногуни сохтмонӣ, ба монанди автомашинаҳои пуриқтидори «БелАЗ», автокранҳо, экскаватору булдозерҳо ва дигар намуди мошинҳо, инчунин техникаҳои сохтмонӣ, идораву ошхонаҳо, ҷойҳои хоб дар Роғун монданд. Баъди иҷозати давом додани сохтмон ва барқароркунии НБО-и «Роғун» ин ташкилоти сохтмонӣ, ки таҷрибаи калони   сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва мутахассисони зиёд дошт, ба сохтмони неругоҳ даъват нашуда, 4-5 сол боз сохтмончиёни ин корхонаи азим интизоранд, ки дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» иштирок менамоянд. Онҳо бо умед омада, дар назди идора, ки дар маркази шаҳр ҷойгир аст, соатҳои зиёд нишаста, ноумед мераванд. Бар замми ин, коргарон маоши 2-моҳаашонро нагирифтаанд. Чанде аз онҳо дар интизорӣ музди меҳнаташонро нагирифта, аз дунё гузаштанд.

Редаксияи муҳтарам! Умеди мо ба шумост. Боварӣ дорем, ки дар ҳалли ин муаммои сарбаста ба мо ёрӣ мерасонед.

Бо эҳтиром сохтмончиёни ҶСШК «НоракНБОсоз»: И. Гулов, П. Сафаров, К. Одинаев, М. Миралиев, А. Абдуалимов, Ф. Абдуалимов, С. Шодиев ва дигарон