Чаро як идда дарахтонро манбаи ҳезум медонанд?

№21 (3658) 25.02.2017

Фото0382Чанд сол аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъракаи кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ доир мегардад.

Ба ҳисоби миёна ҳар сол дар ҷумҳурӣ беш аз 12 миллион бех ниҳол шинонида мешавад. Аз ин миқдор тибқи маълумоти дастрасшуда тақрибан 30 фоиз хушк шуда, қариб нуҳ миллион дарахт нашъунамо меёбад. Агар ба ин тарз хулосабарорӣ намоем, дар даҳ соли охир на камтар аз 75-80 миллион дарахт бояд сабзида бошад. Дар хусуси он ки ҳар сол бо ин мақсад чӣ қадар маблағ сарф мешавад, маълумоти аниқро касе пешниҳод накардааст.  Аммо эътироф бояд кард, ки аз ниҳолҳои шинонидашуда лоақал нисфаш ҳам намесабзад. Чанд сол пеш дар канори роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат, дар деҳоти «Баҳор»-и шаҳри Ваҳдат ва шаҳраки Ганҷободи ноҳияи Рӯдакӣ ниҳолҳои зиёд шинонида шуданд. Нигоҳубини онҳо дар давраи аввал хуб буд, вале чанд соли баъдӣ беаҳамиятӣ зоҳир гардида, дар натиҷа, онҳо хушк шуданд. Хушкшавӣ ё буридани дарахтони солҳои пеш шинонидашуда дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода, «Ҳисор», «Сомон», «Навобод» ва шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор низ ба чашм мерасад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки имрӯз дар назди нуқтаҳои фурӯши ангишти ноҳияҳои Шаҳринав, Файзобод, Рӯдакӣ, шаҳри Ваҳдату Ҳисор паҳлуи халтаҳои ангишт бастаҳои ҳезум­ро низ ба фурӯш гузоштанд. Барои муайян кардани манбаи он чанде аз фурӯшандагони ин нуқтаҳоро пурсон шудем. Дар ҷавоб мегӯянд, ки ҳезумро бо мошин аз деҳот меоранду аз кӣ буданашонро намедонанд.

Шоҳиди ҳол ҳастем, ки баъзе сокинони деҳот ҳар рӯз ҳезум оварда, дар бозор мефурӯшанд. Мутахассисони бахши ҳифзи табиат ва ҷангали шаҳру ноҳияҳо магар ин рафтори сокинонро намебинанд? Суолест, ки посухашро интизорем.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»