Проблема ва мулоҳиза

Чарогоҳро аз «фермер»-ҳои бечорво бозпас бояд гирифт

№129 - 130 (4079 - 4080) 29.10.2019

Он гоҳ шояд гӯшт арзон гардад

чарогохИмсол дар арафаи идҳои Рамазону Қурбон, соли нави мелодӣ ва Наврӯз нархи як кило гӯшт ба 48 -50 сомонӣ дакка хӯрд. Ин дар ҳолест, ки якуним сол пеш дар шаҳри Душанбе нархи як кило гӯшт 38 сомониро ташкил медод. Баъзеҳо болоравии нархи гӯштро ба бепарвоии ниҳодҳои назоратӣ, аксарият онро ба бесалоҳиятии вазорату кумитаҳои дахлдор рабт медиҳанд.

Дар таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз самтҳои афзалиятнок соҳаи чорводорист, ки рушди он метавонад садди баландшавии нархи маҳсулоти ниёзи мардум, аз ҷумла, гӯшт, шавад. Якчанд сабаби афзоиш додани чорвои гӯштӣ вуҷуд дорад, ки яке аз онҳо истифодаи оқилонаи чарогоҳ мебошад. Бо истифодаи мақсадноки чарогоҳҳо истеҳсоли гӯшт зиёд шуда, ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегарданд.

Нигоҳубин ва истифодаи оқилонаи чарогоҳҳо имрӯз дар сатҳи давлатӣ баррасӣ шуда истодааст. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳҳо» таъсис додани «Платформаи шабакаи идоракунии чарогоҳҳо», ки ҳадаф аз он ҳимоя ва идоракунии устувори чарогоҳҳо дар Тоҷикистон ва рушди иқтисодиёти деҳот мебошад, пешбинӣ шудааст.

Оё чарогоҳҳои мо мақсаднок истифода мешаванд? Дар онҳо барои чаронидани чӣ қадар чорво имконият аст? Эстафетаи чорводорӣ вуҷуд дорад?

Солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар ноҳияи Ховалинг бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзон, бо дарназардошти истифодаи чарогоҳҳо «Иттиҳодияи таҷрибавӣ — истеҳсолии агросаноатӣ» таъсис ёфт. Дар он мебоист 77 ҳазор сар чорвои гӯштӣ парвариш мешуд. Сарварии иттиҳодияро И. Петров ба уҳда дошт ва бо ҳамин ном — «Фермаи Петров» машҳур буд. Нархи маҳсулоти истеҳсолкардаи муассиса як баробар аз арзиши ҳамонвақтаи гӯшт арзон маҳсуб меёфт. Дар иттиҳодия саршумори чорвои гӯштӣ то ба 14 ҳазор сар расид, ки бештар дар чарогоҳҳои ноҳияҳои Ховалинг ва Муъминобод парвариш мешуданд.

Аз рӯйи маълумоти оморӣ, дар ҷумҳурӣ 3,8 миллион гектар чарогоҳ мавҷуд аст. Бино ба гуфти номзади илмҳои иқтисодӣ Назрулло Амиров, мувофиқи меъёрҳои ғунҷоиши чорво дар чарогоҳ дар як гектар 3 сарро ташкил медиҳад. Баъзе мутахассисон даъво пеш меоранд, ки замини чарогоҳ кам мешавад. Як бор ба заминҳое, ки қаблан чорвои ҷамъиятӣ ва шахсӣ мечарид, назар афканед. Кам нест замине, ки барои сохтмони манзили зист ё барои бунёди боғ додаанд. Ҳар сол шахсони алоҳида садҳо гектар чарогоҳро ба моликияти хусусӣ (фермерӣ) табдил медиҳанд. Фарқаш нест, ки он шахс чорво дорад ё не. Мақсад танҳо чарогоҳи мардумро аз худ кардан аст. Ба андешаи мо, то он даме замин соҳиби худро наёбаду чарогоҳ ба чорводор дода нашавад, ин баҳс идома меёбад. Банди 3 моддаи 27 («Ҳуқуқҳои хоҷагии деҳқонӣ») — и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)» истифодабарандагони замин ва чарогоҳҳоро то андозае фориғбол кардааст. Ин банди қонун моҳиятан ба онҳо барои заминтақсимкунӣ ва заминфурӯшӣ роҳ кушодааст. Соҳибкор ба дари сад идора сар халонда, ҳуҷҷатҳояшро ба расмият дароварда, хоҷагии деҳқонӣ ташкил мекунад. Баъди як — ду сол мебинад, ки кор бо замин саҳл набудааст, аз ноилоҷӣ дар як гектар гандум кишт мекунаду боқимондаро барои пардохти андозҳо ба дигар кас иҷора медиҳад. Зеро ба молик муқаррароти банди дар боло зикршудаи моддаи 27-и Кодекси замин иҷорадиҳиро иҷозат додааст. Аз ин лиҳоз, заминистифодабарандагонро лозим аст, ки «Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мутолиа намоянд, то ба уҳдадориҳои хеш ошно гарданд. Замин хоҳ чарогоҳ бошад, хоҳ киштзор бояд мақсаднок истифода шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд: «Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки муносибат ба замин дар кишвари мо чӣ гуна ба роҳ монда мешавад».

Чун дар дигар манотиқи кишвар, дар ноҳияи кӯҳистони Муъминобод низ истифодаи чарогоҳҳо баҳсангез аст. Соли 2000- ум дар ин ноҳия 52 ҳазор гектар чарогоҳ буд. Мардум дар онҳо 64 ҳазор сар чорвои калону майдаро мечаронданд. Баъди 19 сол майдони чарогоҳ дар рӯйхати оморӣ ҳамон рақам аст, вале саршумори чорвои калону майда ба беш аз 175 ҳазор сар расид. Агар меъёри ғунҷоиш дар як гектар 3 сар чорвои майда бошад, пас 175 ҳазор сар чорвои калону хурд дар куҷо бояд чаронда шавад? Дар ноҳияи Муъминобод 24 фермаи чорводорӣ ва ду хоҷагии гӯсфандпарварӣ — «Тебалай» ва «Навбаҳор» вуҷуд дошт.

Мувофиқи иттилои шуъбаи минтақавии дар шаҳри Кӯлоббудаи Раёсати Агентии назорати давлатии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар Кооперативи тиҷоратии «Тебалай» то 1-уми феврали соли 2019 саршумори чорвои майда ҳамагӣ 462 сарро ташкил медиҳад, ки ба ҳар сарчӯпон 42 сар ва ба ҳар як чӯпон 11 сар рост меояд. Пас дар чарогоҳҳои фарох рамаҳои кадом хоҷагиҳо мечаранд?

Ҳоло 33 ҳазор гектари чарогоҳ дар ихтиёри хоҷагиҳои фермерианд. Аз 194 хоҷагии деҳқоние, ки бояд чорво дошта бошанд, танҳо 80-тааш чорво доранд. Дар Тутқавулу Банди Қаза қариб 80 гектар чарогоҳ мавҷуд буд. Ҳоло онро чор нафар аз худ кардаанд. Подаҳои сокинони деҳаҳои Шаҳринав, Шаҳринави болою поён, Тутқавул бе чарогоҳ мондаанд. Қисмати чарогоҳҳоро хору хорбуттаҳо ташкил дода, алафҳои бегона зер кардааст. Ин гуна мисолҳоро зиёд овардан мумкин. Сокини деҳаи Ғеши ноҳияи Муъминобод Саид Ҳалимов бо ҳасрат зикр кард: — Дар деҳаи мо беш аз 300 гектар чарогоҳ мавҷуд асту ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагон дорад. Дар чор соли охир ҷамъияти мазкур аз тарафи Маркази назорати лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» трактор, ду ядак, плуг, 4 адад мотоблок, алафдаравак, 3650 кг нуриҳои минералӣ , 1 тонна тухми юнучқа ва 400 метр симтӯр дастрас намуд. Аммо аз ҳисоби кори техникаҳо то ба имрӯз ба хазинаи ҷамъият ягон дирам даромад нашудааст. Нуриҳоро ба ҷойи дар чарогоҳҳо истифода бурдан ба мардум тақсим карда доданд. Симтӯрҳоро бошад, раиси ҷамъият ба манфиати шахсиаш истифода бурд.

Магар чунин рафтори масъулини чарогоҳистифодабарандагон ба баландшавии нархи маҳсулоти гӯштӣ бетаъсир намемонад? Оё вақти он нарасидааст, ки Палатаи ҳисоб ё дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаълияти истеҳсолӣ – молиявии онҳоро мавриди санҷиш ва таҳлил қарор диҳанд? Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳҳо», ки 20 июли соли 2019 дар таҳрири нав қабул шуд, ба идоракунии дуруст, истифодаи мақсаднок, ҳифзи чарогоҳ ва беҳтар кардани ҳолати мелиоративии онҳо нигаронида шудааст.

Чарогоҳ манбаи асосии истеҳсоли гӯшт маҳсуб мешавад. Чӣ бояд кард, ки онҳоро чун пештара самаранок истифода барем? Ба андешаи мо, пеш аз ҳама, чарогоҳро аз фермерҳои бечорво бозпас гирифтан лозим аст. Нигоҳубин, беҳдошт, серғизо гардонидани чарогоҳро, ки боиси афзуншавии саршумори чорво ва бо маҳсулоти тозаи экологӣ таъмин кардани аҳолӣ мебошад, ба роҳ бояд монд. Ин боиси таъмин кардани чорводорони асил ба чарогоҳ ва арзон шудани маҳсулоти гӯштию ширӣ мегардад. Аз ҷониби дигар, афзоиши саршумори чорво ба бунёди корхонаҳои коркарди гӯшт, шир, чармгарӣ, ресандагӣ замина гузошта, ба пайдо гардидани ҷойҳои нави корӣ, дар маҷмӯъ, ба арзон ва фаровон шудани гӯшт мусоидат мекунад.

Бояд зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ 134 ҳазор гектар замини корам барои сохтмони манзили истиқоматӣ аз гардиши кишоварзӣ бароварда шудааст. Сол то сол ҳазорҳо гектар замин барои хонасозӣ дода мешавад. Табиист, ки қисми зиёди ин замин аз ҳисоби чарогоҳу киштзор аст. Ҷиҳати пешгирии ин раванд дар маҳалҳо чораҳои мушаххас бояд андешид. Кумитаи меъморию шаҳрсозӣ бояд тавре барномарезӣ намояд, ки дар масоҳати хурд, давлат ё соҳибкорон биноҳои 4 — 5 ошёна созанд. Дар ин сурат масоҳати заминҳои холӣ дар деҳот зиёд гардида, боиси ривоҷи бахшҳои гуногуни кишоварзию чорводорӣ хоҳад гашт.

Дар акси ҳол бо чунин суръате, ки ба сохт­мони манзили зист ҳавас пайдо кардаанд, пайомад ногувор хоҳад буд.

Дар маҷмӯъ, роҳи асосии поён бурдани арзиши гӯшт истифодаи мақсадноки чарогоҳ маҳсуб мешавад. Дар акси ҳол нархи маҳсулоти гӯштӣ аз ин ҳам боло меравад. Дар ин хусус Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҷумҳурӣ, вазоратҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, Агентии зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ назар доранд?

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»,

Нурулло ҲАСАНОВ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон