Аз дафтари хотира

Чеҳраи онҳо ҳанӯз ҳам пеши назар аст

№137 - 138 (3931 - 3932) 15.11.2018

Назаре ба корномаи аввалин бунёдкорони НБО «Роғун»

28480480490_e98ea3fe9a_oБа сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки 27 сентябри соли 1976 оғоз шуд, то соли 1990 рафтуо доштем. Мақсади асосӣ инъикоси рафти сохтмони неругоҳ маҳсуб мешуд.

Афсӯс, ки муноқишаҳои дохилӣ имкониятҳоро барбод доданд ва Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ барҳам хӯрду сохтмони неругоҳ, ки дар даврони шӯравӣ «Иншооти умумииттифоқӣ» унвон гирифта буд, қатъ гардид.

Ба бахти мо кишвар истиқлолият ба даст оварду Пешвои миллат масъалаи сохтмони «Роғун»-ро ба миён гузоштанд. Хабари он, ки 16 ноябри соли 2018 аввалин агрегати «Роғун» ба кор медарояд, на танҳо мани журналист, балки сокинони Тоҷикистонро хурсанд кард.

Ин рӯзро мардум бесаброна интизор буданд, ҳатто ду-се даҳсола пеш. Ҳине, ки мо, рӯзноманигорон, ба Роғун мерафтем, бо ҳар касе вомехӯрдему ҳамсуҳбат мешудем, ҳис мекардем, ки ҳастии хешро ба амалишавии ҳамин ният бахшидаанд.

Чеҳраҳои бисёри онҳо пеши назар аст. Аз қаҳрамонони навиштаҳо аксарият дар қайди ҳаёт нестанд. Синни Камол Ҳамсариев он солҳо аллакай ба 60 мерасид. Равонаш шод бод! Ӯ фаъолияти меҳнатиро аз чорводорӣ сар кард. Бист сол рамаю галаи колхозҳои ноҳияи Орҷоникид­зеобод (Ваҳдати имрӯза)-ро нигаҳбонӣ намуд. Баъд ба Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» рафту то анҷоми сохтмон дар он ҷо буд. Соли 1963 ба Норак гузашт. Норак ӯро соҳиби орденҳои Ленин ва Байрақи Сурхи Меҳнат кард. Камол Ҳамсариев — узви «Академияи коргарони Норак» баробари оғози Роғун ба ин ҷо гузашт. Ӯ, Анатолий Тюмин ва Анатолий Устинов дар «Роғунгэсстрой» ба бригадаҳои калонтарин сарварӣ менамуданд.

Аввалин сардори сохтмон Виктор Яковлевич Ненахов аз олам гузашт. Яке аз кӯчаҳои Роғун ба номаш гузошта шудааст. Бори аввал аз ӯ шунида будем, ки танҳо дар наҳри Вахш 14 неругоҳи барқи обӣ сохтан мумкин аст, ки иқтидори онҳо ба 12,7 миллион киловат/соат мерасад. Суҳбат бо Виктор Яковлевич хеле гуворо буд. Муҳовара бо Евгений Павлович Карпов низ аз ёд нарафтааст. Ӯ дар Норак вазифаи сардори раёсати сохтмонро ба уҳда дошт. Як муддат дар «Роғунгэсстрой» вазифаи сармуҳандисро адо намуд. — Сохтмони «Роғун» хеле мураккаб аст, — шарҳ медод Евгений Павлович, — сиву се миллион мукааб-метр гил кандан, дар зери замин 2,5 миллион мукааб — метр ҷинсҳои сахтро шикастану берун баровардан лозим меояд. Бинои чархҳо бо тамоми иншоот дар мағзи кӯҳ ҷой мегиранд…

Аз охирин сардори сохтмони неругоҳ Николай Григоревич Савченков чор-панҷ сол аст, ки хабар надорем. Қабл аз давом додани сохт­мони қатъгардидаи НБО-и «Роғун» Ҳукумати Тоҷикистон ӯро барои маслиҳат даъват карда буд. Ҳар ҷо бошад, зинда бошад. Н. Г. Савченков барои дар соли 1989 ба кор даровардани неругоҳ орзую ҳаваси зиёд дошт, бо ин ният хуб заҳмат ҳам кашид. Ҳини сафарҳои эҷодӣ аз ӯ дар бораи «Роғун» далелу рақамҳои фаровон гирифта будем.

Дар рӯзҳое, ки чархаи аввали НБО-и «Роғун»-ро ба кор медароранд, кас мехоҳад аз гузаштаи он бисёр ёд кунад. Воқеаву рӯйдодҳо хеле зиёданд. Соли дувуми кори сохтмон идома дошту чанд ҳазор одам кор мекард. Дар як суҳбат Николай Григоревич, ин номҳоро бо эҳтиром ба забон гирифт ва хоҳиш кард, агар тавонем, онҳоро бештар таъриф кунем: Бобомурод Муҳибуллоев, Умар Сафаралиев, Шомурод Ҳакимов, Лайс Абдураҳмонов, Анатолий Юмин, Николай Иванов, Элвера Ланг. Тоҷикбачаҳо аксарият аз шаҳраки Обигарм, Файзобод ва Нуробод буданд.

Он замон ба «Роғун» моҳе чор — панҷ сафари эҷодӣ доштем, зеро газетаҳои «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият»), «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон») хоҳиш мекарданд, ки аз рафти сохтмон барояшон мақола омода намоем.

Соли аввали сохтмон медидем, ки дар дашти Ҷӯшон ҳаёт ҷӯш мезад. Роҳҳои ҳамвору васеъ, кӯпрукҳои нав, заводу сехҳо, ошхонаю истироҳатгоҳҳо мавриди истифода қарор гирифтанд. Хоса, дигаргунии чашмраси шафати майдони сеюми гармобаи Обигарм моро ба ҳайрат гузошт. Дар таҳҷои деҳаҳои Дилмарзо ва Сарипулак шаҳраки нави коргарӣ бунёд шуда буд, ки 15 бинои истиқоматии се ва чорошёнаро дар бар мегирифт. Шаҳрак, инчунин, маркази савдо, ошхона, дигар нуқтаҳои маданӣ — маишӣ дошт. Боғча-яслии дорои 320 ҷой фаъолият мекард. Бинои мактаб барои 1176 толибилм қомат меафрохт.

Дар солҳои дуюму сеюми оғози сохтмони «Роғун» аллакай даҳҳо оила дар биноҳои барҳаво бофароғат зиндагӣ мекарданд. Мактабу боғча, мағозаю ошхона, дигар иншооти маданӣ-фароғатӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Он солҳо НБО-и «Роғун» асосан чор минтақаи корӣ дошт.

Чеҳраи Идибек Очилов ҳоло ҳам аз пеши назар дур намеравад. Ӯ ҷавонмарди 28 — 30-сола дар Майдон хона дошту дар сохтмон булдозерчӣ буд. Новобаста аз серкорӣ аз фаъолияти диловарони неругоҳ ба рӯзномаи ноҳиявии «Меҳнати коммунистӣ» хабару мақола мефиристод. Тавассути навиштаҳои ӯ бо БелАЗ-чӣ Абдукарим Шамсов ошно шудем. Абдукарим Шамсов аз Файзобод, аз деҳаи Тақназарӣ (ҳозира Сомониён) буда, аз ҷавонӣ дар Норак кор кардааст. Ӯ аз ҷумлаи пешсафон буд, мукофоти давлатӣ дошт. Умраш дароз бод, ҳоло нафақахӯр аст. Аввалин КамАЗ, аввалин КрАЗу БелАЗҳои пуриқтидорро ба ӯ бовар мекарданд. Чунки дар Норак-муъҷизаи асри XX таҷриба андӯхта буд.

«НБО»-и «Роғун»-ро тамоми мамлакат месозад». Ин ифодаи маъмули матбуоти он солҳо буд. Воқеан, дар даврони шӯравӣ аз тамоми гӯшаю канори Ватан барои кор ба Роғун меомаданд. Тавре дар боло ишора кардем, баробари барҳам хӯрдани СССР (Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Советии Сотсиалистӣ) сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» қатъ гардид.

Вале акнун хурсандии мардум ҳадду канор надорад, зеро он рӯз дур нест, ки НБО-и «Роғун» пурра ба кор медарояд.

Ҷӯрабек МӮМИН, журналист