Дӯстии сарони давлатҳо — замина барои тавсеаи равобит

№71 (4021) 20.06.2019

IMG_0905Сездаҳуми июни соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Таҳкими робитаҳои фарогири стратегии Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди муштараки «Як камарбанд, як роҳ» баргузор шуд.

Директори марказ Диловар Қодирзода зикр намуд, ки рушди робитаҳо бо Ҷумҳурии Халқии Хитой яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Хеле рамзист, ки чорабинӣ дар остонаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин баргузор шуд.

Номбурда афзуд, ки дар Тоҷикистон Хитойро дӯсти ҳақиқӣ ва шарики боэътимод ҳисобида, аз рушди бомароми равобит қаноатманданд.

Мушовири директории  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Абдуллои Раҳнамо  иброз дошт, ки Тоҷикистон кишварест, ки якумин шуда, ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» — ро ҷонибдорӣ намуд. Ин ташаббус усули нав дар ҳамгироии байналхалқӣ маҳсуб шуда, бо хусусиятҳои худ фарқ мекунад. Ҷониби Хитой лоиҳаро ҳамчун сохтор ном намебарад, балки таъкид мекунад, ки «Як камарбанд, як роҳ» ташаббус аст ва ҳар кишвари хоҳишманд, ки манфиатҳои худро дар он мебинад, метавонад ба он пайваст шавад.

- Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой зина ба зина рушд ёфта, ба сатҳи шарикии стратегӣ расид. Яке аз омилҳое, ки равобитро ба ин сатҳ расонд, дӯстиву рафоқати роҳбарони давлатҳо аст. Муносибати хуби роҳбари ду давлат аз равобити дипломатӣ ва сиёсӣ фарохтар рафта, ба муносибатҳои дӯстона табдил шудаанд, ки дар партави он ҳамкорӣ дар ҳама соҳа рушд ёфта истодаанд, — хулоса кард А. Раҳнамо.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»