Бонги изтироб!

Дар 4 моҳ 1 тоннаю 882 кило маҳсулоти пастсифат аз муомилот гирифта шуд

№64 (4014) 04.06.2019

Саломатӣ сармояи бузургест. Аз ин ҷост, ки дар олам ба солимии аҳли ҷомеа диққати махсус медиҳанд.

Бо тақозои замон ва ривоҷ ёфтани шаклҳои нави хоҷагидорӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар теъдоди зиёди мағозаҳо, марказҳои савдо, ошхона, тарабхона, дӯконҳои хурди «тезтайёр» ва ғайра вуҷуд доранд. Суол ба миён меояд, ки оё фаъолияти онҳо дуруст ба роҳ монда шудааст? Маҳсулоту хӯрокеро, ки онҳо пешниҳод мекунанд, оё ба талаботи санитарӣ – гигиенӣ ҷавобгӯст?

Зимни суҳбат директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Нусрат Муродов андешаҳояшро дар робита ба ин масъала чунин баён намуд:

- Алҳол 2804 иншоот зери назорати МНДСЭ-и ноҳия қарор дорад. Дар 4 моҳи соли ҷорӣ ҳолати санитарию эпидемиологии 94 иншооту муассиса санҷида шуд. Дар рафти санҷишҳо бо сабаби муайян гардидани камбудиҳои санитарию эпидемиологӣ нисбат ба шахсони мутасаддӣ 213 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи умумии 31220 сомонӣ ҷарима баста, фаъолияти 116 адад иншоот манъ карда шуд.

Ҳамчунин, кормандон тибқи супоришномаи Хадамоти назорати давлатии тиббӣ «Дар бораи санҷиши вазъи фаъолияти хизматрасонии тиббии муассисаҳои стоматологӣ, кошонаҳои ҳусн, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ», 49 санҷиш гузарониданд. Дар натиҷа, муайян гардид, ки дар нуқтаҳои баъзе аз хизматрасонии кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо талаботи санитарӣ ва безараргардонии асбобу анҷом риоя карда намешавад. Аз ин сабаб фаъолияти 39-тои онҳо манъ гардид. Ба илова, барои риоя накардани меъёрҳои санитарӣ се парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҷарима баста шуд.

Бахши гигиенаи хӯрока дар чор моҳи соли 2019 вобаста ба супоришҳои ҷаласаи назди раиси шаҳри Душанбе «Оиди ҳолати санитарию гигиении дӯконҳои фурӯши гӯшт» ва «Оиди ҳолати воқеии фаъолияти дӯконҳои тезтайёр», 8 дӯкони гӯштфурӯшӣ ва 78 дӯкони тезтайёрро санҷид. Санҷиш нишон дод, ки дӯконҳои тезтайёр ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ набуда, ҳатто ба оби нӯшокию шустушӯӣ пайваст нестанд. Коргарон аз муоинаи тиббӣ нагузаштаанд ва бе либоси корӣ фаъолият мекунанд. Дар натиҷа, нисбат ба 23 соҳибкор парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, фаъолияти 26 адад дӯкони тезтайёр, 3 дӯкони гӯштфурӯшӣ пурра манъ карда шуд.

Инчунин, дар робита ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва дар асоси санҷишҳои гузаронида аз мағозаю марказҳои савдо 1 тоннаю 882 килограмм маҳсулоти муҳлати истеъмолашон гузашта муайян карда, аз муомилот гирифта шуд. Албатта, агар ин маҳсулот сари вақт ошкор намегардид, ба бемориҳои гуногун гирифтор гардидани одамони зиёд аз эҳтимол дур набуд.

Сабабҳои асосии риоя нагардидани талаботи санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ надоштани саводи кофию маълумоти соҳавии тахассусӣ, яъне барои фаъолият ба муассисаҳои хӯроки умумӣ роҳ ёфтани шахсони тасодуфӣ мебошад.

Албатта, кӯшиш менамоем, ки ҳолати санитарӣ — гигиениро беҳтар намоем. Барои ин корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ низ ба роҳ мондаем. Ба назари мо фурӯшандаҳо аз аттестатсияи тахассусӣ бояд гузаранд. Ҳатто барои фурӯшандаи одӣ ё самбӯсапаз шудан бояд маълумоти соҳавӣ дошт. Натиҷаи назорати пайваста буд, ки дар 4 моҳи соли 2019 хурӯҷи бемориҳои сироятӣ ба қайд гирифта нашудааст. Минбаъд низ ният дорем, ки корҳои назоратиро, хусусан, дар самти маҳсулоти хӯрокворӣ, беш аз пеш пурзӯр намоем.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»