Дар давоми солҳои 1994 – 2016 дар Тоҷикистон 117 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст

№ 04.07.2017

Мачалаи АКН (1)Сиюми июни соли равон бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои кишвар, намояндагони  Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, роҳбарони миссияҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ муаррифии маҷаллаи «Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016» баргузор гардид.

Чорабиниро муовини вазири корҳои хориҷии кишвар Музаффар Ҳусейнзода оғоз намуда, гуфт, ки ҷумҳурии мо дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир чораҳои таъхирнопазир меандешад, зеро имрӯз даромади асосии гурӯҳҳои ҷиноӣ ва террористон маҳз аз ҳисоби тиҷорати маводи мухаддир ба даст меояд.

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода маҷаллаи «Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016»- ро муаррифӣ кард. Ӯ гуфт, ки  маҷаллаи мазкур моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Вена дар доираи кори иҷлосияи навбатии Комиссия оид ба воситаҳои нашъадор  паҳн карда шуд. Шерхон Салимзода диққати ҳозиринро ба мавзӯъҳое чун вазъи имрӯзаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар кишвар ва минтақа, тадбирандешиҳои Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ дар ин самт, аз ҷумла дар самти пешгирии нашъамандӣ, истеҳсоли ғайриқонунии маводи нашъадор дар Афғонистон, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор, мустаҳкам намудани сарҳади давлатӣ, гузаронидани амалиётҳои муштараки зиддимухаддиротӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои минтақа, ҳамкориҳои байналмилалӣ, амалисозии барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳои зиддимухаддиротӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб кард. Ӯ зикр намуд, ки ба кишвари мо асосан аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маводи нашъадор интиқол дода мешавад ва таъкид кард, ки дар давоми панҷ соли охир ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъадор коҳиш ёфтааст.

Шерхон Салимзода ҳамчунин ёдовар шуд, ки дар давоми солҳои 1994 – 2016 дар кишвари мо зиёда аз 117 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст, ки ин миқдор метавонист 51 миллион нафарро гирифтори бемории нашъмандӣ намояд.

Сипас, намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Ашита Миттал ва ҳамоҳангсози Барномаи минтақавии СММ оид ба Афғонистон ва кишварҳои ҳамҷавор Ҷереми Милсом дар робита ба масъалаи таҳияи барномаҳо, лоиҳаҳои зиддимухаддиротии СММ ва татбиқи онҳо вазъи ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

 «Садои мардум»