Дар Хоруғ беморхонаи Оғохон сохта мешавад

№ 11.04.2017

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти бонизоми ташкилотҳои байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудаст. Ин омил дар фаъолияти шабакаҳои Бунёди Оғохон дар кишвар баръало ба назар мерасад.

Ба хотири боз ҳам вусъат бахшидани фаъолияти ин шабакаҳо муовини Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед бо масъулини Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ дар Осиёи Миёна ва Тоҷикистон музокираи фосилавӣ анҷом дод.

Шодихон Ҷамшед изҳор дошт, ки роҳбарияти кишвар, бахусус, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири беҳтар намудани сатҳи иқтисодии сокинони манотиқи кўҳистон тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд. Таъкид гардид, ки оғози бунёди беморхонаи Оғохон дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ натиҷаи ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шабакаҳои Бунёди Оғохон ба ҳисоб меравад.

Зимни муаррифии лоиҳаи бинои беморхона Амид Ҷирваҷ-муҳандиси бахши сохтмони Шабакаи Оғохон оид ба рушд иброз дошт, ки дар сохтмони беморхона аз тарҳи хонаи бадахшонӣ, ки хоси тоҷикони кўҳистон аст, истифода шудааст. Дар назар аст, ки сохтмони он моҳи июли соли равон оғоз гардад. Муҳлати сохтмон ду сол муқаррар шудааст ва тибқи нақша беморхона бояд тобистони соли 2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Зикр гардид, ки дар сохтмони мазкур масолеҳи маҳаллӣ, аз қабили сангу чўб истифода хоҳад шуд.

- Агар бо мавриди истифода қарор гирифтани беморхонаи Оғохон, аз як ҷониб, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, касбияти табибони маҳаллӣ аз ҷониби дигар, ба ободу зебо шудани як гўшаи дурдасти кўҳистони Тоҷикистон мусоидат менамояд, -изҳор дошт директори Барномаи тандурустии шабакаҳои Оғохон оид ба рушд Қайсбертус Варлавен.

Номбурда, ҳамчунин афзуд, ки намояндагони шабакаҳои Бунёди Оғохон бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати амалисозии ин нақшаи ниҳоят бузург ва муҳим саъю талош хоҳанд кард, ки ин лоиҳаи ҳаётан муҳимро бо сифати баланд амалӣ намоянд.

- Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед аз номи сокинони вилоят ба масъулини шабакаҳои Бунёди Оғохон дар Осиёи Миёна ва Тоҷикистон барои ин амали хайр сипосгузорӣ намуд.

Зикр гардид, ки амалисозии чунин лоиҳаҳои муҳим дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шабакаҳои Бунёди Оғохон минбаъд низ дар вилоят идома меёбад.

Ш. Шоҳқосимов,

«Садои мардум»