Дар МОИ «Суғд» доираи фаъолият васеъ мешавад

№105 (3585) 09.08.2016

Ҳашт сол аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолият мекунанд. Роҷеъ ба фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии (МОИ) Суғд хабарнигори мо бо роҳбари он Фирдавс Алимов ҳамсуҳбат шуд.

- МОИ «Суғд» аз кай ба фаъолият шурӯъ кард ва кадом ҳадафҳоро пайгирӣ мекунад?

- Фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» аз соли 2009 оғоз гардида, дар қисмати ҷанубу ғарбии шаҳри Хуҷанд, дар масоҳати 320 гектар таъсис шудааст. Ҳадафи асосӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, ворид ва ҷорӣ кардани техникаи муосир ва технологияи инноватсионӣ, саҳмгузорӣ дар рушди саноат ва иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ҳудуди минтақа молҳои ватанӣ ва хориҷӣ, бе  ситонидани боҷи гумрукӣ ва андозҳо, инчунин бе мамнӯъият ва маҳдудияти дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.

- Аз оғози фаъолият ба кадом муваффақиятҳо ноил гаштед?

- Имрӯз дар минтақа 24 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо шумораи корхонаҳои муштарак ё бо сармоягузории хориҷӣ фаъолияткунанда нуҳ ададро ташкил медиҳанд. Дувоздаҳ субъект ба фаъолияти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва воридоту содирот, боқимонда ба корҳои сохтмонӣ, ворид намудани таҷҳизот, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва ободонии гирду атрофи корхонаҳо машғуланд. Дар се соли охир аз ҷониби субъектҳои минтақа зиёда аз 30,6 млн. сомонӣ сармоягузории мустақим ворид карда шуд. Ҳаҷми истеҳсолот соли 2015-ум 57,9 млн. сомониро ташкил дод.

Субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» маҳсулоти гуногун, аз қабили обгармкунакҳои офтобӣ, насосҳои обкашӣ, лӯлаҳои полимерӣ, зарфҳои пластикӣ, профилҳои алюминӣ ва пластикӣ, ноқилҳои барқӣ, маводи рангуборкунӣ, маҳсулоти сохтмонии ороишӣ, ранг, арматура ва ғайра истеҳсол мекунанд.

Боиси қайд аст, ки имрӯзҳо субъектҳои минтақа истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазирро ба роҳ монда, ба ғайр аз ғанӣ гардонидани бозори дохилии кишвар, онҳоро берун аз он, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҷумҳуриҳои Қирғизистону  Қазоқистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Федератсияи Россия содир менамоянд.

- Чанд нафар ба кор ҷалб шудааст ва нақшаҳои минбаъда чӣ аст?

- Айни ҳол дар минтақа миқдори умумии ҷойҳои корӣ 400 – то аст.

Маъмурияти минтақа сармоягузорон, соҳибкорони ватаниву хориҷиро ба ҳамкорӣ даъват намуда, итминони комил дорад, ки чунин тарзи кор ҷиҳати афзун намудани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, беҳтар намудани қобилияти харидорӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ саҳм хоҳад гузошт.

Барномаи дурнамои маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба рушду тавсеаи фаъолият равона шудааст.

Дар ояндаи наздик ният дорем, ки Маркази нақлиётӣ-логистикӣ, шохаи роҳи оҳан  аз истгоҳи «Спитамен»  то ҳудуди МОИ  «Суғд», бинои маъмурӣ, корхонаи коркарди партовҳоро бунёд намоем.

Инчунин, ташкили Маркази ягонаи хизматрасонии субъектҳо, Маркази дастгирии бизнес ва инноватсия, Маркази энергетикаи ғайрианъанавӣ, Фонди сармоягузории МОИ «Суғд», Намоишгоҳи байналмилалӣ дар назар аст.

 Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»