Дар муносибат бо об бояд дилсӯзу сарфакор бошем

№48 (3685) 04.05.2017

3012-1373353706-1«Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарин сайру саёҳат мебошад».

(Аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ­Тоҷикистон)

Тибқи хулосаи коршиносон, тағйирёбии глобалии иқлим, ки аз солҳои 80-90-уми қарни ХХ оғоз ёфтааст, ба фаъолияти инсоният сахт вобастагӣ дорад. Мутахассисон муайян кардаанд, ки дар сад соли охир дар сайёра ҳарорат то 0,6 дараҷа баланд гардида, мушкилоти экологӣ печидатар хоҳад гашт. Хусусан, дастрасии аҳолӣ бо оби нӯшокӣ аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки тадбирҳои амалиро тақозо дорад. Бо дарназардошти муҳимияти масъалаи зикр­гашта дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла Форуми байналмилалӣ доир ба оби тоза (29 август — 1 сентябри соли 2003), Конфронси байналмилалӣ доир ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар, (30 май — 1 июни соли 2005), Конфронси байналмилалӣ оид ба коҳиш додани офатҳои табиии марбут ба об (27-29 июни соли 2008), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба таҳлили миёнамуҳлати ҷараёни иҷрои тадбирҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об-барои ҳаёт» дар давраи солҳои 2005-2015 (8-10 июни соли 2010), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об (20-21 августи соли 2013) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об-барои ҳаёт» дар давраи солҳои 2005-2015 (9-11 июни соли 2015) баргузор гардид.

Ҳифзи муҳити зист, истифодаи мақсадноки сарватҳои табиат, фарҳанги истифодаи об ва муносибат бо сарватҳои табиӣ, хоса бо неъмати бебаҳо-об, масъалаи рӯзмарра на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар арсаи ҷаҳон маҳсуб меёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди қимати об гуфта буданд: «Бояд ҳама дарк намоянд, ки қимати об аз қимати нафту газ, ангишт ва дигар намудҳои сӯзишворӣ ва манбаъҳои энергетикӣ камтар нест».

Ҳарчанд кишвари мо дар саргаҳи ташаккулёбии захираҳои оби тоза қарор дорад ва соҳиби 67 дарсади манбаъҳои оби Осиёи Марказӣ аст, аз масъалаи танқисии оби тоза дар канор буда наметавонад.

Бо дарназардошти таҳдидҳои экологӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об, ки 12 апрели соли 2015 дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид, бо зикри муҳимияти масъа­лаҳои вобаста ба таъминоти об таъкид намуд, ки «чолишҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонии муосир, бо шумули буҳрони молию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим, афзоиши басомади ҳодисаҳои ниҳоии обу ҳаво, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, афзоиши бемориҳои сирояткунанда, фавти модару кӯдак, ҳанӯз сафарбар намудани талошҳои мо ва қабули чораҳои дахлдорро дар ин соҳа талаб мекунанд».

Лозим ба ёдоварист, низоми таъминкунандаи оби нӯшокӣ дар шаҳри Душанбе соли 1932 бо фарогирии истгоҳи обтаъминкунии иқтидораш 16000 м3 дар як шабонарӯз ба фаъолият оғоз намуда буд. Ҳоло чор истгоҳ мавриди истифода қарор дорад. Аз ин ду ист­гоҳ аз дарёи Варзоб ва боқимонда аз обҳои зеризаминӣ сарчашма мегиранд. Истгоҳи обтозакуние, ки соли 1932 сохта шуд, имрӯз бо иқтидори 60000 м3/ дар як шабонарӯз фаъолият карда, аз шаш ҳавзи такшонкунанда ва филтрҳои зудамал иборат аст. Истгоҳи дигар, ки худҷорӣ буда, соли 1957 сохта шуда буд, баъди азнавсозӣ иқтидори лоиҳавии он ба 52000 м3/ расид. Ду истгоҳи дигар – Кофарниҳон ва Ҷанубу Ғарбӣ, ки дар солҳои 1972 ва 1977 сохта шудаанд, имрӯз мутаносибан бо иқтидори 180000 м3/ ва 172000 м3/ дар як шабонарӯз фаъолият доранд.

Аз соли 2006 ҷиҳати покиза нигоҳ доштани соҳил ва саргаҳи дарёҳо дар шаҳри Душанбе аксияи экологии «Тозагии соҳил» бо иштироки аҳли ҷамоатчигӣ гузаронида мешавад. Дар ҷараёни гузаронидани он соли 2016 аз соҳили дарёҳо 113 м2 партовҳои сахти маишӣ ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд. Баргузории аксияҳо таваҷҷуҳи шаҳрвандонро ба ­масъалаҳои беҳдошти муҳит, махсусан тозагии соҳили каналу дарёҳо ҷалб менамояд.

Бино ба таҳлили мутахассисони соҳа, ҳаҷми ҷамъоварии партовҳо аз соҳили дарёҳо дар муқоиса ба соли 2014 се маротиба ва нисбат ба соли 2015 ду маротиба кам шудааст. Ин шаҳодати он аст, ки маърифати экологии шаҳрвандон баланд гардидааст. Тибқи маълумоти мавҷуда, дар шаҳраку маҳаллаҳо 1570 нуқтаи партовҷамъкунӣ мавҷуд аст, ки шаҳрвандон партовҳои сахти маиширо дар онҳо ҷамъ меоваранд ва корхонаҳои партовкаш онҳоро сари вақт тоза мекунанд. Ифлос намудани сарчашмаҳои об ва ба об ҳамроҳ намудани партов гуноҳи азим ҳисобида мешавад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар муносибат бо ин муъҷизаи бебаҳои табиат сарфакор, дилсӯз ва эҳтиёткор бошем.

 Сайидаҳмади Акрампур