Хонед, аҷиб аст

Дар Мурғоб низ ҳосили хуб рӯёнидан имконпазир аст

№120 (3757) 10.10.2017

вввОлимони Академияи илмҳои мамлакат дар Институти биологии «Помир», ки дар ноҳияҳои Шуғнону Мурғоб воқеъ аст, кишти лӯбиё, картошка ва растаниҳои хӯроки чорворо ба роҳ монданд.

- Гузаронидани чунин тадқиқот имкон медиҳад, ки замини мавзеъҳои баландкӯҳ мақсаднок истифода шуда, барои ташкили базаи мустаҳками хӯроки чорво истифода шаванд, — гуфт  узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ.

Дар чанд соли охир, терескен, ки хӯроки асосии қутос ба шумор меравад, аз тарафи сокинони минтақа ба таври густурда ба ҷойи ҳезум истифода мегардид. Чунин вазъият маҷбур месозад, ки сарчашмаҳои нави хӯрондани ин ҳайвоноти кӯҳӣ муҳайё шаванд.

Моҳи майи соли равон олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти биологии «Помир» зироатҳои хӯроки чорво, аз ҷумла ҷав, юнучқа, эспарсет ва инчунин сабзавот — сабзӣ, картошка, шалғам, кашниз, шибит ва шалғамчаро кишт намуданд.

Кишти таҷрибавӣ дар стансияҳои «Чечекти»-и ноҳияи Мурғоб (дар баландии 3860 метр аз сатҳи баҳр) ва «Ҷелондеҳ» -и ноҳияи Шуғнон (дар баландии 3600 метр аз сатҳи баҳр) гузаронида шуд.  Кишти ҷавдор дар чуқурии 18 — 20 см гузаронида шуда, барои ғизодиҳӣ ба 1 гектар замин 70 килограмм аммофос ва 70 килограмм селитра пошида шуд. Майдони кишт шаш маротиба обёрӣ гардид.

Натиҷаи кишт нишон дод, ки баъди 3 моҳ аз 1 гектар замин аз 180 то 250 сентнер ҳосил гирифтан мумкин аст. Дар шароити ноҳияи Мурғоб парвариш ва рӯёндани чунин ҳосил дастоварди қобили мулоҳиза маҳсуб мешавад.

Ҳамчунин, олимони тоҷик дар деҳаи Булункӯли ноҳияи Мурғоб, дар баландии 3950 метр аз сатҳи баҳр дар 10 гектар замин оид ба кишти ҷавдор тадқиқот гузаронданд. Муайян шуд, ки дар шароити баландкӯҳи деҳаи Булункӯл аз як гектар 212,5 сентнер алафи тар ва ё 42,5 сентнер коҳ гирифтан мумкин аст.

Дар стансияи «Ҷелондеҳ»-и ноҳияи Шуғнон, дар баландии 3600 метр аз сатҳи баҳр олимон оид ба намудҳои картошка тадқиқот гузаронданд. Муайян шуд, ки дар шароити иқлими мавзеи Ҷелондеҳ метавон ҳосили хуби картошкаро ба даст овард. Вазни як дона картошкаи навъи «Тоҷикистон» аз 440 то 550 граммро ташкил медиҳад, ки барои соҳаи тухмипарварӣ аҳамияти калон дорад. Ҳамчунин, дар рафти тадқиқот ҳосили хуби шалғам рӯёнида шуд. Вазни холиси як шалғамча 200 — 300 граммро ташкил дод, ки нишондиҳандаи хуб аст.

 Шоҳтолиби ШОҲҚОСИМ,

 «Садои мардум»