Дараи Алмосӣ — мавзеи муносиб барои туризми агроэкологӣ

№118 (3912) 29.09.2018

2018-01-22logo_tourismЭълон шудани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷиҳати муаррифии мавзеъҳои туристӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи сокинони кишвар ба соҳаи туризм нақши муҳим бозид. Таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳа бесабаб нест. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии туристӣ (WTO) соли 2016 ҳаҷми даромад аз соҳаи туризм дар ҷаҳон ба 1 триллиону 200 миллиард доллари амрикоӣ баробар шудааст. Даромади солона аз соҳаи туризм дар ИМА — 139,6, Испания — 60,4, Франсия — 56,1, Хитой — 51,7 ва Италия 43,9 миллиард долларро ташкил дод. Соли 2017 Туркия 32 миллион нафар турист қабул намуд ва буҷети мамлакат аз ин соҳа 26 миллиард доллар даромад гирифт. Ман се маротиба ба ин кишвари зебоманзар сафар кардаам. Дарвоқеъ, туризм дар иқтисодиёти он нақши муҳим мегузорад. Саҳми туризм дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Туркия аз 10 фоиз зиёд аст. Қариб 8 фоизи аҳолии қобили меҳнати Туркия дар сохтори туризм ба фаъолият машғуланд.

Сад километр дуртар аз шаҳри Анқара шаҳраки туристии Бойпазарӣ ҷой гирифтааст, ки тақрибан 35 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Даромади солонаи шаҳрак аз соҳаи туризм ба як миллион доллар мерасад. Дар он ҷо туризми тиҷоратӣ, агро ва экотуризм бештар ривоҷ ёфтааст. Рамзи ин шаҳраки туристӣ — сабзӣ (ба туркӣ «ҳавуч») мебошад, ки ба ифтихораш муҷассама гузоштаанд. Қариб нисфи бозори сабзӣ дар ин кишвар маҳсули дасти деҳқонони Бойпазарӣ мебошад. Аз ин рӯ, ба сайёҳон шарбати тозафишурда, мураб­бо, торт ва дигар шириниҳои аз сабзӣ тайёршударо пешкаш мекунанд. Ба сайёҳон, инчунин, тамошои дӯконҳои оҳану кулолгарӣ, матоъбофӣ, кандакорӣ ва ғайра писанд меояд. Сари ҳар қадам чойхонаю қаҳвахона ва ошхона мавҷуд аст, ки дар онҳо хизматрасонӣ дар сатҳи олист. Боғҳои истироҳатӣ низ бо завқи баланд бунёд шудаанд. Ҳар тирамоҳ дар шаҳрак фестивалҳои хонаҳои қадимӣ, ҳунарҳои мардумӣ, сабзӣ ва гувес (як навъ таоми туркӣ) баргузор мегардад. Бинобар аз ҷониби давлат додани имтиёзҳои андозӣ теъдоди мағозаю меҳмонхонаҳо дар шаҳрак зиёд аст.

Дар мисоли Бойпазарии Туркия метавон дар як қатор деҳаю ноҳияи кишвар туризми агроэкологиро ба роҳ монд. Чанде пеш бо як гурӯҳ дӯстон меҳмони сокини деҳаи Нилуи шаҳри Ҳисор, Аълочии маорифи Тоҷикистон Муҳаммад Саидаҳмадов шудем. Ӯ аз соли 1967 дар мактаби деҳа омӯзгор аст. Дар баробари ин, дорои ҳунарҳои сабадбофӣ, дуредгарӣ, шишабурӣ, занбӯриасалпарварӣ, гиёҳшиносӣ ва боғдорӣ мебошад. Соли 1972 дар майдони 0,40 гектар замини лалмӣ, ки холию солҳо бесамар буд, аз хоҷагии ниҳолпарварии «Шаҳринав» ниҳоли дарахтони себу нок, току гелос харида, бо оби кашида боғ бунёд кардааст. Роҳбарони кундфаҳми он давра ба ҷойи дастгирӣ ӯро ба прокуратура доданд. Прокурор, ки шахси дурандеш буду ҷаҳонбинии васеъ дошт, вазъиятро санҷида, роҳбари хоҷагиро коҳиш намуда, гуфт: «Шумо бо кадом ақл ба ҷойи дастгирӣ кардан шахсеро, ки як дашти ноободи сӯзонро обод намудааст, ба ҷавобгарӣ кашиданиед?».

Инак, зиёда аз 40 сол аст, ки меваҳои боғи ӯ коми ҳазорон нафарро ширин мекунанд. Муҳаммад Саидаҳмадов аз он хурсанд аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи боғутокпарварӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд. Маҳз бо нишон додани ташаббуси шахсӣ ва роҳнамоии Сарвари давлат ҳар сол дар мамлакат миллионҳо бех ниҳоли дарахтони мевадору сояафкан шинонда мешавад. Рушди боғдорӣ на танҳо боиси фаровонии меваю ангур, балки хушманзара шудани дашту кӯҳсорон мегардад. Дар баҳор боғҳои ғарқи гул ва тобистону тирамоҳ боғҳои пурмева ба дидаҳо нуру ба дилҳо сурур мебахшанд.

Маҳз бо сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат имрӯз дар деҳаи Нилу мисли Муҳаммад Саидаҳмадов шумораи боғу токпарварон хеле зиёд шудааст. Шуҳрати себҳои сурху ангури шакарини деҳа, хусусан, дараи Алмосии шаҳри Ҳисор, то ба Афғонистону Покистон расидааст. Пас чаро дараи Алмосиро мисли шаҳраки Бойпазарии Туркия ба мавзеи туризми агроэкологӣ табдил надиҳем? Ду сол пеш аксар сокинони ҷумҳурӣ тавассути навори телевизионӣ мушоҳида карданд, ки роҳбари парлумони Арабистони Саудӣ дар боғи «15- солагии истиқлолият»- и шаҳри Ҳисор чӣ хел бозавқ гелос мечид. Шояд ӯ гелоси пухтаро дар дарахт бори аввал медид. Дарвоқеъ, барои дӯстдорони гелос агар моҳи май ба шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав туризми агроэкологиро ташкил намоем, аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Сайёҳон метавонанд дар баробари сайри боғ аз «дасти аввал» гелос харанд. Барои дӯстдорони тут бошад, дар деҳаи Тӯдаи шаҳри Ҳисор чунин саёҳатро метавон ба роҳ монд. Моҳҳои сентябр, октябр дар ҳар деҳаи дараи Алмосӣ даҳҳо гектар боғу токзор ғарқи себу ноку шафтолу ва ангур мегарданд. Бо истифода аз ин намуди туризм метавонем сайёҳонро ҳангоми пухтани зардолу ба Исфараю Конибодом, Айнию Кӯҳистони Мастчоҳ, пухтани анор ба ноҳияи Дӯстӣ ва пухтани тут ба Ванҷу Рӯшон даъват кунем. Сайёҳон дар баробари чашидани таъми туту зардолуи тару тоза метавонанд хушкмеваю мураббо ва шириниҳои аз лиҳози экологӣ тозаро армуғон баранд. Бо ин тариқ чанд бошишгоҳ барои нозирони сайёҳон сохта, шахсони зиёде соҳиби ҷойи кор мешаванд.

Боғҳои ғарқи гул ва пур аз меваи минтақаҳои гуногуни кишварро ба навор гирифта, ба забонҳои гуногун видероликҳо таҳия намуда, дар сомонаҳои интернетӣ ҷой додан лозим аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки «бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад». Агар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шуд гуфта, чорзону зада нишинем, шумораи сайёҳон зиёд намешавад. Бояд аз тамоми роҳу усул истифода бурда, сайёҳи хориҷиро бовар кунонем, ки аз омадан ба Тоҷикистон ҳам ҷаҳонбиниаш васеъ ва ҳам саломатиаш хуб мешавад.

Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»