Дарси маҳорат барои журналистон

№80 (4030) 04.07.2019

Чанде пеш бо ибтикори Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикис­тон» дар Бонки миллии Тоҷикистон барои кормандони ВАО дарси маҳорат дар мавзӯи «Низоми пуливу қарзӣ ва дигар масоили соҳаи бонкдорӣ» баргузор гардид. Директори Академияи ВАО Зиннатулло Исмоилзода гуфт, ки ин иқдом ба хотири бархӯрди дуруст ва касбӣ ба масоили бонкӣ доир шуда, минбаъд давом меёбад.  Зикр шуд, ки сатҳи журналистикаи иқтисодӣ бояд беҳтар шуда, дар ин мавзӯъ матолиб, бо дарназардошти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳия карда шавад. Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова доир ба нозукиҳои соҳаи бонкдорӣ ва тарзи дурусти инъикоси он дар ВАО маълумоти муфасал дод.

Баъдан, масъулини Бонки миллӣ дар мавзӯъҳои «Баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ», «Сиёсати пулию молии Бонки миллии Тоҷикис­тон», «Пардохти ғайринақдӣ — омили рушди иқтисодиёт», «Мафҳумҳои асосии низоми бонкӣ», «Сиёсати қурбӣ — қисми таркибии сиёсати пулию қарзӣ» ва «Пули миллӣ ва унсурҳои асосии ҳимоявии он» маърӯза намуданд. Дар охир доир ба масоили низоми бонкӣ саволу ҷавоб сурат гирифт.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»