Дастгоҳҳои обкашӣ таъмирталабанд

№75(3376) 01.06.2015

Барои пурра иваз намудани онҳо  ва қубурҳои баландфишор 3,7 миллиард сомонӣ зарур аст

Барои ҳосилхезии замин, пешрафти корҳои кишоварзӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ об мақоми асосӣ дорад. Бе об гулу гиёҳ, алафу растанӣ намесабзанд. Тавре аз Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо иттилоъ доданд, ҳоло дар ҷумҳурӣ 749,6 ҳазор гектар заминҳои корами обӣ мавҷуд мебошад. Ба 553,2 ҳазор гектар заминҳои обӣ идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар асоси шартнома хизмат мерасонанд. Аз ин миқдор 280 ҳазор гектар замин тавассути 385 адад пойгоҳи обкашӣ, ки дорои 1504 адад дастгоҳҳои обкашианд, обёрӣ карда мешаванд.  Аз 385 пойгоҳи обкашии дар мувозинабуда, 225 адади онро пойгоҳҳои обкашии силсилавӣ ташкил мекунанд, ки обро аз ду то ҳафт зина бароварда, 211,6 ҳазор гектар заминҳои кишоварзиро обёрӣ менамоянд ва 160 пойгоҳҳои обкашии боқимонда якзинагӣ буда, тавассути онҳо 69,2 ҳазор гектар замин обёрӣ мешавад.

Ҳолати имрӯзаи дастгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ чӣ гуна аст? Зимни посух ба ин саволи мо мудири шуъбаи пойгоҳҳои обкашӣ ва зеристгоҳҳои барқии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шафоат Назифов чунин гуфт:

- Аз 1504 адад дастгоҳҳои обкашӣ 65 фоиз ё ин ки 1139 ададаш солҳои бароришашон 1958 — 1970 ва 35 фоиз ё ин ки 365 адади дигар солҳои бароришашон 1970 — 1986 буда, муҳлати техникии истифодабарии онҳо аз меъёри муайяншуда 2-4 маротиба гузаштааст. Зарур аст, ки 1274 адад дастгоҳҳои обкашӣ, муҳаррикҳои барқӣ ва 620,2  ҳазор метри тӯлонӣ қубурҳои баландфишор иваз карда шаванд, ки барои ин 3,7 млрд. сомонӣ маблағ зарур мебошад.

Ҳамсуҳбати мо ҳамзамон иброз намуд, ки ба мушкилоти ҷойдошта нигоҳ накарда, дар давраи тирамоҳу зимистон дар таъмиргоҳҳои механикӣ ва барқии Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои Б. Ғафуров, Ҷ. Расулов, Ҷ. Румӣ, Вахш, Восеъ, Ёвон, Рӯдакӣ, Ваҳдат, дар Муассисаи давлатии «Таъмир ва нигоҳдории пойгоҳҳои обкашӣ» ва таъмиргоҳи таҷҳизоти барқии Муассисаи давлатии «Шабакаҳои барқӣ ва зеристгоҳҳо» аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда, таъмири қисмҳои механикӣ, дастгоҳҳои обкашӣ, таҷҳизоти барқӣ ва чоҳҳои амудиро ба роҳ монданд.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 таҳти №286 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014 — 2015» ва  фармоиши Агентӣ аз 4 июни соли 2014 таҳти №117 корҳои зиёд ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла 53 бинои пойгоҳҳои обкашӣ, 891 адад дастгоҳҳои обкашӣ, 112 адад чоҳҳои амудӣ, 181 адад зеристгоҳҳои барқӣ  таъмир гардиданд. Барои сари вақт таъмир кардан ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти гидротехникӣ зарур мешуморем, ки таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ таври мутамарказ  аз хориҷи кишвар ворид  карда шаванд.

Соли 2015 Агентӣ дар доираи маблағҳои мавҷуда харидорӣ намудани ду адад муҳаррики барқии 2000 кВт, 750 гардиш/дақиқаро барои пойгоҳи обкашии «Дилварзин-2»-и ноҳияи Мастчоҳ, як адад муҳаррики барқии 2000 кВт, 1000 гардиш/дақиқаро барои пойгоҳи обкашии «Ёрӣ»-и шаҳри Панҷакент, равғанҳои молиданӣ ва қисмҳои эҳтиётиро ба нақша гирифтааст. Муҳаррики барқии 2000 кВт, 1000 гардиш/дақиқа аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид шуда, айни замон аз ҷониби мутахассисони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Панҷакент дар пойгоҳи обкашӣ насб гардида, заминҳои кишоварзӣ тибқи дархост дар асоси шартнома бо об таъмин карда мешаванд.

Агентӣ дар асоси созишнома бо ширкати муштараки Хитой — Тоҷикистон «Ҷунтай — Хатлон Синсилу» барои пойгоҳҳои обкашии ноҳияҳои Ҷиликӯл, Қубодиён, Шаҳритуз  ва Данғараи вилояти Хатлон 32 маҷмӯъ таҷҳизоти муосири истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Хитойро ворид менамояд.  Алҳол дар мавзеи Қарадуми ноҳияи Қумсангир аз ҷониби ҶДММ Иттиҳоди аграрии «Водии заррин» ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани  9,0  ҳазор гектар замин оғоз гардида, барои обёрӣ намудан се маҷмӯъ дастгоҳҳои обкашӣ ва 163 км қубурҳои пластикӣ ворид шудааст.

Соли ҷорӣ бинобар дар моҳи феврал аз байн рафтани маҳдудияти барқ имконият фароҳам омад, ки мавсими обёрӣ тавассути пойгоҳҳои обкашӣ  аз  23 март оғоз гардад. Имрӯзҳо идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо тибқи дархости хоҷагиҳои кишоварзӣ тавассути пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ зироатҳои кишоварзиро бо об таъмин карда истодаанд. Мувофиқи иттилои Агентӣ дар вилояти Суғд 178 адад дастгоҳҳои обкашӣ ва 59 адад чоҳҳои амудӣ, дар вилояти Хатлон 124 адад дастгоҳҳои обкашӣ, ҷамъ дар ҷумҳурӣ 304 адад дар як шабонарӯз бо харҷи 6 млн. 512 ҳазор кВт неруи барқ фаъолият намуда, заминҳои кишоварзиро бо об таъмин карда истодаанд.

Иттилоъ гирифтем, ки дар се моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6993,7 ҳаз. кВт неруи барқ зиёд  истифода шудааст. Арзиши  барқи истифодашуда дар ин давра 1212,7 ҳазор сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 349,6  ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Пардохти маблағи истифодаи неруи барқ 162,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 181,3 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Қарзи идораҳои зертобеи Агентӣ аз истифодаи неруи барқ дар назди ШСХК «Барқи Тоҷик» ба 1 апрели соли ҷорӣ, бо дарназардошти қарзи соли гузашта 25049,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамсуҳбати мо таъкид намуд, ки таъмири воситаҳои асосӣ, барқарорсозии онҳо, пардохти қарзи истифодаи неруи барқ ва музди меҳнати кормандони соҳа аз пардохти маблағи  хизмати обрасонӣ вобаста аст. Бинобар ин, хоҷагиҳои кишоварзиро зарур аст, ки ин маблағро сари вақт пардохт намоянд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»