Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Давраи тиллоии нақлиёти барқӣ фаро расид

№8 (4428) 08.01.2022

Чӣ тавр ба ин маъракаи ҷаҳонӣ ҳамроҳ бояд гардид?

81ea0127c88e1208d3f72a2df7d39f1f_2Даст кашидан аз истифодаи сӯзишвориҳои карбондор ва гузаш­тан ба неруи барқи аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсолгардида дигар шиори хушку холии экологҳо набуда, балки ҳақиқати замон гардидааст. Маълум аст, ки на танҳо корхонаҳои саноатӣ ва неругоҳҳои ҳароратӣ, балки нақлиёти ба сӯзишвории карбондор ҳаракаткунанда низ бо хориҷ намудани газҳои парникӣ боис ба гармшавию тағйи­рёбии иқлим мешаванд. Аз ин рӯ, бо тавсияи олимону коршиносон дар бисёр кишварҳо раванди худдорӣ аз нақлиёти бо сӯзишворӣ ҳаракаткунанда ва рӯ овардан ба нақлиёти барқӣ авҷ гирифта истодааст.

24 сентябри соли 2020 губернатори иёлати Калифорнияи ИМА Гэвин Нюс фармон содир намуд, ки тибқи он, аз соли 2035 фурӯши мошинҳои бо сӯзишворӣ ҳаракаткунанда манъ мегардад. Барои замина тайёр кардан ба нақлиёти барқӣ 2 миллиарду 460 миллион доллар ҷудо гардид, ки миллиард доллари он барои сохтану такмили нуқтаҳои барқпуркунии нақлиёт сарф мешавад. Зеро то соли 2030 шумораи нақлиёти барқӣ дар Калифорния ба 5 миллион адад мерасад.

Миёни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз ҷиҳати истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, истеҳсол ва истифодаи нақлиёти барқӣ Германия ҷойи якумро ишғол мекунад. Барои истифодабарандагони он то соли 2030 имтиёз­ҳои андозӣ муқаррар шудааст. Масалан, барои касоне, ки нақлиёти барқии нархаш то 40 ҳазор евро харидорӣ мекунанд, 9000 евро тахфиф дода мешавад.

Аз рӯи суръати гузаштан ба нақлиёти барқӣ Норвегия дар ҷаҳон ҷойи аввалро мегирад. Ҳукуматдорони ин кишвар мақсад гузоштаанд, ки то соли 2025 пурра ба нақлиёти барқӣ мегузаранд. То моҳи октябри соли 2021 ҳиссаи электромобил дар маҷмӯи нақлиёти мамлакат 77,5 дарсадро ташкил дод, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар ҷаҳон аст. Дар ин ҷо на танҳо ба электромобил, балки ба электробус ва электрофургон (мошинҳои боркаши барқӣ) низ таваҷҷуҳ зиёд мебошад. Бинобар зиёд будани талабот, мизоҷон чанд моҳ пеш барои харидани нақлиёти барқӣ навбат мепоянд. Сирри муваффақияти Норвегия дар чист?

Ҳанӯз соли 1990 ҳукуматдорони шимолтарин кишвари Аврупо ба хотири ҳавасмандкунӣ харидорони электромобилро аз андоз озод намуданд. Соли 2000 — ум барои электромобилҳои хид­матӣ андоз аз арзиши иловашуда 50 дарсад ва соли 2001 барои харидорони электромобили шахсӣ 25 дарсад кам гардид. Барои гузоштани нақлиёти барқӣ дар мошинсарой (стоянка) 50 дарсад тахфиф амал мекунад. Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Норвегия ҷойи алоҳидаи зарядпуркунии электромобилҳо муқаррар гардидааст.

Ҷумҳурии Халқии Хитой, чун дигар бахшҳои «иқтисоди сабз», дар истифодаи нақлиёти барқӣ низ пешсаф аст. Дар ин ҳамсоякишвар ҳоло наздики 300 ширкати истеҳсолкунандаи нақлиёти барқӣ фаъолият мекунад.

Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой ба ҳар восита истеҳсоли нақлиёти барқиро ба хотири дар ҷаҳон ба ҷойи аввал баромадан тарғиб намуд. Дар ин кишвар ҳаракати мошинҳои «соляркаю бензинхӯр» аввал дар шаҳрҳои ҳавояшон ифлостарин, баъдан дар дигар шаҳрҳо манъ мешавад.

Дар Федератсияи Россия, ки яке аз бузургтарин содироткунандаи маҳсулоти нефтию газ мебошад, то соли 2024 дар 30 шаҳри калон 1000 нуқтаи махсуси зарядпуркунӣ сохта хоҳад шуд. Аз соли 2020 дар ин кишвар воридоти электромобил аз пардохти гумрукӣ ва андозӣ озод аст. Дар шаҳри ­Москва гузоштани электромобил дар мошинсаройҳо ройгон мебошад.

Дар Украина ва Беларус низ воридкунандагони электромобил аз пардохти гумрукӣ ва андоз озоданд. Нуқтаҳои зарядпуркунӣ андоз аз арзиши иловашуда (НДС) намесупоранд. Тибқи «Стратегияи миллии рушди нақлиёти Украина то соли 2030», бояд дар ин кишвар ҳиссаи электромобил ба 75 фоиз бирасад.

Аз рӯи маълумоти сомонаи «EV- Volumes», 6 моҳи соли 2021 дар ҷаҳон 2 миллиону 650 ҳазор адад электромобил фурӯхта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 — ум 168 дарсад зиёд аст.

Коршиносони «Bloomberg NEF» иброз доштаанд, ки соли 2021 боз як соли рекордӣ дар самти фурӯши электромобилҳо гашт. Аз рӯи шумораи истифодабарандагони электромобил Хитой, Иттиҳоди Аврупо ва ИМА дар ҷаҳон ҷойҳои аввалро ишғол мекунанд.

Хулоса, соли 2021 дар бозори ҷаҳонии фурӯши электромобил такони бузург рӯй дод, ки он дар соли 2022 суръат хоҳад гирифт. Дар баробари афзудани шумораи харидорони нақлиёти барқӣ таваҷҷуҳ ба конҳои литий низ зиёд мешавад. Аз ин рӯ, Хитой ба кони ин элементи нодир, ки дар Афғонистон захираи калони он мавҷуд аст, мароқ зоҳир намудааст.

Муҳлати хизмати аккумуляторҳои иону литийдор аз андозаи истифодабарӣ (1000 — 1500 маротиба зарядпуркунӣ) вобастагӣ дорад. Агар аз рӯи масофа ҳисоб кунем, 200 000 — 500 000 километрро дар бар мегирад. Яъне, ба ҳисоби миёна 10 — 15 сол хизмат мекунад. Ҳоло дар аксар кишварҳои Аврупо ва Япония коркарди такрории аккумул­яторҳоро ба роҳ мондаанд. Илова бар ин, аккумулятори муҳлати хизматаш адошударо аз нақлиёт гирифта, барои неругоҳҳои офтобию шамолӣ чанд соли дигар (то 15 сол) метавон истифода бурд.

Коршиносон пешбинӣ намудаанд, ки то соли 2025 дар мамолики Аврупо теъдоди электромобилҳо ба 7 — 8 миллион адад хоҳад расид. Аз ин рӯ, солҳои 2028 — 2030 муҳлати хизмати аккумулятори мошинҳои барқии 5 — 10 сол пеш харидашуда поён меёбад. Ин нуктаро ба назар гирифта, аз ҳоло дар шаҳрҳои калон нуқтаҳои қабулу коркарди аккумуляторҳо ба роҳ монда шудааст.

Аз рӯи маълумоти «Greenpeace», тайи 10 соли наздик дар Хитой қариб 7 миллион тонна аккумуляторҳои иону литийдор ҷамъ хоҳад шуд. Ҳоло 27 корхонаи ин кишвар ба қабулу коркард ва истифодаи так­рории аккумуляторҳо машғуланд.

Моҳи октябри соли 2020 химики японӣ Акира Ёшинои 71- сола барои ихтирои аккумуляторҳои модели нави иону литийдор сазовори Ҷоизаи Нобел гардид. Ҳоло дар музофотҳои Ҳоккайдо, Акита, Ибараки, Айти, Окаяма, Хиросима ва Ямагути корхонаҳои муосиру пешрафтаи коркарди такрории аккумуляторҳои истифодашуда амал мекунад. Агар барои муайян кардани тавоноии аккумулятори истифодашуда дар дигар ширкатҳо як ҳафта интизор шудан лозим ояд, корхонаи махсуси ширкати «Ниссан» ин амалро дар соатҳои башумор иҷро менамояд.

Боиси хушнудист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 таъкид намуданд: «Бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо, аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шаванд.

Вобаста ба ин Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки ҷиҳати тадриҷан муҳайё сохтани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт дар қаламрави кишвар чораҷӯӣ намояд».

Бо мақсади зудтар амалӣ сохтани ин иқдоми саривақтию муҳим чанд пешниҳод доштам:

1. Даровардани баъзе аз тағйи­ру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» ва Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Масалан, ворид кардани мафҳумҳои нав, аз қабили электромобил, электробус, электропоезд (ё «қатораи барқӣ»).

2. Аз ҳоло тайёр намудани мутахассисон дар самти хизматрасонӣ ба нақлиёти барқӣ ва коркарди аккумуляторҳои истифодашуда. Бо ин мақсад мутахассисонро аз Германия, Япония, Норвегия ва ғайра оварда, давраҳои омӯзиши 3 — 6 — моҳа ташкил кардан лозим аст. Намояндагиҳои ташкилотҳои хориҷии дар кишварбуда, масалан GIZ (Германия), USAID (ИМА), JICA (Япония) ва ғайра низ метавонанд дар ин самт кумак расонанд.

3. Бунёди корхонаи коркарди такрории аккумуляторҳои истифодашуда. Дар ин ҷода метавон бо намояндагии Барномаи рушди СММ (UNDP), «Фонди сабз» (Greenfund) ва дигар созмонҳои мададрасон ҳамкорӣ кард.

4. Ба вазорату кумита ва дигар ниҳодҳои давлатӣ дастур дода шавад, ки минбаъд ҳангоми харидани нақлиёти хизматӣ ҳатман нақлиёти барқӣ дастрас намоянд. Ҳарчанд зимни харидан нархи аввалияи нақлиёти барқӣ каме гарон намояд ҳам, нигоҳ доштану истифодабарии он арзон меафтад. Масалан, коршиносони Федератсияи Россия ҳисоб кардаанд, ки зимни тай кардани 100 километр маблағи барои барқ масрафшуда баробари нархи 1 литр бензин мешавад.

5. Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ давра ба давра насб кардани таҷҳизоти барқпуркунии босуръат (оҷилӣ, фаврӣ).

6. Дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои Хитой ва Ҳиндустон дар кишвар сохтани корхонаи электромобилбарорӣ ва истеҳсоли дучархаҳои барқӣ (электроскутер, электровелосипед).

Ҳоло, ки дар мамлакат васлу насби троллейбусу электробус ба роҳ монда шудааст, лоиҳаи ба самти шаҳрҳои Ҳисору Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ кашидани хати троллей­бусро амалӣ бояд кард. Соли гузашта дар шаҳри Москва аз истифодаи троллейбус (ба истиснои як хатсайр) даст кашида, ба ҷойи он ҳаракати электробуси ватанӣ (истеҳсоли корхонаи «КамАЗ») — ро ба роҳ монданд. Вобаста ба ин садҳо километр хати троллейбус нолозим гардид. Дар ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия метавон хати троллейбусро бо нархи арзон ворид намуда, ҳаракати ин намуди нақлиёти аз лиҳози экологӣ тозаро дар атрофи пойтахт низ ба роҳ монд.

Ҳоло дар Федератсияи Россия, Украина, Беларус ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ устоҳои моҳире ҳастанд, ки нақлиёти автомобилиро бо хароҷоти ночиз ба электромобил табдил медиҳанд. Хоҳишмандон метавонанд аз сомонаҳои интернетӣ ҷумлаҳои «электромобил своими руками» ва ё «как переоборудовать автомобиль на электричество»-ро чида, бо усули осонтарини гузариш ба нақлиёти барқӣ ошно шаванд.

Мардум аз қадим ташаб­бускору созандаанд. Боварӣ дорем, ки сокинони мамлакат дастури саривақтии Пешвои миллатро сармашқи кор қарор дода, барои гузаштан ба нақлиёти аз лиҳози экологӣ тоза фаъол мешаванд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»