Даврони бебарқӣ гузашт

№146 (3940) 04.12.2018

Ин шоми сияҳҷурдаву ин нимашаби тор,

Болини пур аз сангу ҳам ин дидаи бедор,

Аз дарди дилу гурда ҳай мекашам озор,

Ҷонам ба лаб омад шуда аз зиндагӣ безор.

Эй вой, шаби тор,

Эй вой, шаби тор.

На қуттии гӯгирд ба дастам, на ду-се тор,

Ман худ ба худ пӯписа мекардаму гуфтор,

Аз торикии хонаву аз намии девор

Меларзаму меларзам, чун барги сафедор.

Эй вой, шаби тор,

Эй вой, шаби тор.

Ин байтҳоро шоираи шаҳири тоҷик Озод Аминзода он рӯзҳое эҷод карда буд, ки баъди дучор шудан ба садамаи автомобилӣ дар бистари беморӣ табобат мегирифт. Эъти­роф бояд кард, ки маҳдудияти интиқоли неруи барқ он вақт мардуми кишварро нигарон карда буд.

Вазъи соҳаҳои муҳимтарини хоҷагии халқ, аз ҷумла, саноат, дар он замон дар вилояти Суғд чӣ гуна буд? Бо ин савол ба мудири бахши саноат ва энергетикаи МИМҲД вилояти Суғд Озифхон Шарифзода муроҷиат кардем.

- Он вақт тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби ҷорӣ кардани маҳдудият ба иншооти таъиноташон дуюмдараҷа ва аҳолӣ талаботи соҳаи саноати вилоят пурра қонеъ карда мешуд, зеро дар сурати фаъолият накардани соҳа иҷрои буҷет зери суол мерафт, — гуфт ӯ.

Ҳолатҳое мавҷуд буданд, ки нафарони корчаллон аз беморхонаву муассисаҳои маориф ба хонаашон «хатти сурх» мекашиданд. Хуб дар ёд дорам, ки дар даврони роҳбарии собиқ раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода (ҳоло Сарвазири мамлакат) анқариб дар ҳар ҷаласа, хусусан, дар фасли сармо, бебарқӣ ва «хатти сурх» мавзӯи асосии фаъолон буд.

Ба «шарофат»-и маҳдудияти интиқоли неруи барқ бозори фурӯши муҳаррикҳои бо сӯзишворӣ барқдиҳанда гарм шуд. Фурӯшандагон аз рӯи мақоли халқии «бардорад, зам кун» амал карда, нархи таҷҳизотро боло мебардоштанд. Табиист, ки муҳаррикҳои истеҳсоли Чин зуд-зуд аз кор мебаромаданд ва таъмирталаб мегардиданд.

Он шабу рӯзҳо дар Хуҷанд ихтисоси нав бо номи «движокчӣ» арзи ҳастӣ кард ва нафароне пайдо шуданд, ки таҷҳизоти барқии пуриқтидорро дар тӯю маъракаҳои мардум ба истифода гузошта, барои хизмат музд мегирифтанд.

Дар вилояти Суғд маҳдудияти интиқоли барқ ба аҳоливу иншооти таъиноташон дуюмдараҷа соли 1994 оғоз гардид, ки тибқи он аввалҳо дар як шабонарӯз 7 — 8 соат барқ дода мешуд. Сипас, солҳои 2007 — 2009 таъминоти барқ ба 2 — 3 соат дар як шабонарӯз расид. Моҳи декабри соли 2007 сафари кории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят сурат гирифт. Ёдам меояд, ки Сарвари давлат зимни ифтитоҳи Кохи фарҳанги ба номи Рӯдакӣ гуфта буданд:

- Ман дарду алами шуморо аз чеҳраҳоятон мефаҳмам, лекин чӣ илоҷ, мо ҳамаҷониба кӯшида истодаем, ки бо бунёди чанд неругоҳ, аз ҷумла, НБО-и «Роғун», ба истиқлолияти энергетикӣ расем. Ин давраҳои камчинии барқ ба афсона табдил хоҳанд ёфт. Он рӯзи нек дур нест…».

Гузашти вақти на он қадар зиёд исбот намуд, ки гуфтаҳои Пешвои миллат барҳақанд. Таъминот бо барқ дар вилоят тадриҷан рӯ ба беҳбудӣ овард. Хусусан, бунёди зеристгоҳи «Суғд-500» (2006-2011) ба маблағи 340 млн. доллари амрикоӣ дар ноҳияи Деваштич, ки хатти барқи шимолу ҷануби кишварро ба ҳам пайваст, вазъиятро хеле беҳбуд бахшид. Пешвои миллат зимни суханрониашон дар маросими ба истифода додани навбати якуми ин иншоот (23 ноябри соли 2009) изҳор доштанд, ки: «иншооти муҳими аср бо техникаю технологияи навтарини соҳа муҷаҳҳаз гашта, зерист­гоҳҳои он беҳтарин дар тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ мебошанд. Таҷҳизоти пешрафтаи он, ки аз ҷониби ҳамагӣ 3 нафар идора карда мешавад, имкон медиҳад талафоти техникии неруи барқ 14 дарсад кам гардад».

Ҳамон вақт Роҳбари мамлакат бори дигар аз «ҷабҳаи заҳмати созанда» эълон гаштани бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ёдовар шуда, ба саҳмгузорӣ дар бунёди он даъват намуданд.

Баъди муроҷиати Президенти мамлакат оид ба харидорӣ намудани саҳмияҳои НБО-и «Роғун» мардум хеле фаъол шуданд.

Ҳамин тариқ, таъминот бо барқ баъди соли 2015-ум беҳтар шуд. Охири соли 2017-ум бошад, хабари бардошта шудани маҳдудияти интиқоли неруи барқ мардумро шоду мамнун сохт. Соли дуюм аст, ки сокинони вилояти Суғд бо шукргузорӣ аз расидан ба рӯшноии комил кору зиндагӣ доранд. Ба истифода додани чархаи якуми НБО-и «Роғун» бошад, эътимоди онҳоро ба ояндаи боз ҳам дурахшонтар тақвият бахшид.

Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»