Дигар лимит нест, вале…

№126 (3920) 18.10.2018

1026249977Чанд рӯзи охир дар баъзе аз минтақаҳои ҷумҳурӣ (аслан деҳот) якчанд соат интиқоли неруи барқ қатъ гардид. Вобаста ба ин миёни мардум ҳар гуна овозаҳо ба миён омад. Аксарият ба ин назар буданд, ки маҳдудияти интиқоли қувваи барқро ҷорӣ намудаанд. Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала ба Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» муроҷиат намудем.

Аз маркази матбуоти он иттилоъ доданд, ки дар кишвар маҳдудияти интиқоли неруи барқ барҳам дода шудааст ва мардум пурра бо қувваи барқ таъмин карда мешаванд. Вале, вобаста ба корҳои таъмирию профилактикии хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳои баландшиддат ва таҷҳизоти неругоҳҳо дар давраи тайёрӣ ба зимистон зарурат пеш омадааст, ки дар баъзе аз минтақаҳои ҷумҳурӣ интиқоли неруи барқро барои муддати кӯтоҳ қатъ намоянд. Ин тадбир муваққатӣ буда, барои хубтар бо барқ таъмин намудани муштариён дар давраи зимистон роҳандозӣ шудааст.

Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи ШСХК «Барқи Тоҷик», бо мақсади омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 аз тарафи корхонаҳои тобеи ширкат иҷро намудани 408 номгӯйи чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то 28-уми сентябри соли равон 332-тои он пурра ва боқимонда қисман иҷро гардидаанд.

Мувофиқи ҷадвали таъминоти ангишт барои эҳтиёҷоти ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» дар соли 2018, ки аз тарафи вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, воридоти ангишт аз моҳи март то 1-уми декабри соли ҷорӣ 1100,0 ҳазор тонна ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи маълумот, аз 1-уми март то 1-уми октябри соли равон 631202,26 тонна ангишт ворид гардидааст.

- Бо мақсади тасдиқ намудани нақшаи захираи мазути камсулфур дар ҳаҷми 30 ҳазор тонна аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик» ва ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» моҳи майи соли равон ба Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» мактуб пешниҳод гардида буд.

Аз 1-уми апрел то 1-уми октябри соли ҷорӣ 3586,065 тонна мазути камсулфур ба ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» аз тарафи Ширкати «Talco Management Limited» 2126,265 тонна ва Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1459,8 тонна, дастрас шуд, — изҳор дошт сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ.

Бино ба гуфти ӯ, корҳо вобаста ба пайваст намудани иншоот ба шабакаҳои гармидиҳӣ идома доранд. Лоиҳаи сохтмони шоҳлӯлаи гармидиҳӣ барои пайваст намудани шабакаҳои гармидиҳии «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе-1» ба шабакаҳои гармидиҳии дегхонаи «Шарқӣ» омода ва барои мувофиқа ба Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе пешниҳод гардидааст.

Нозирҷон Ёдгорӣ афзуд, ки дар давоми сол иншооти асосии энергетикӣ, аз қабили неругоҳҳои барқи обӣ, низ ба давраи тирамоҳу зимистони соли 2018-2019 омода карда шуданд. Аз ҷумла, дар НБО-и «Норак» аз аввали сол то якуми октябр таъмири асосии гидроагрегатҳои №5 ва 9, як қисми трансформаторҳо ва васлакҳои генераторӣ ба охир расид. Таъмири миёнаи гидроагрегатҳои №1, 2, 6 ва 7, трансформаторҳои ТЦ-1, 2, 6 ва 7, васлакҳои генератории ВГ-1, 2, инчунин, таъмири ҷории гидроагрегатҳои №1, 3, 4, 6 ва 8, трансформаторҳои АТ-1, АТ-2, ТЦ-1, 3, 4, 6 ва 8, васлакҳои генератории ВГ-1, 3, 4, 6 ва ғайра низ гузаронида шуд.

- Ҳамин тариқ, неругоҳҳои дигари барқи обӣ — «Бойғозӣ», «Қайроққум», силсилаи неругоҳҳои барқи обии «Вахш», силсилаи неругоҳҳои барқи обии «Варзоб» аз таъмир бароварда, ба мавсими тирамоҳу зимистон омода карда шуданд, — гуфт Н. Ёдгорӣ.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»