Дилро ғамхорӣ мебояд

№120 (4070) 08.10.2019

кардиоСабаби асосии таваҷҷуҳ ба бемории дил дар  он аст, ки мутобиқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, (ТУТ)  ҳар сол сабаби марги беш аз 10 миллион нафар одам дар ҷаҳон мегардад ва аз гурӯҳи маризиҳое маҳсуб меёбад, ки хатари бештари марг дорад. Ба андешаи мутахассисон, огаҳии бештари аҳолӣ аз ин беморӣ, тарзи ҳаёти солим ва расонидани кумаки аввалияи тиббии саривақтӣ метавонад ҳолатҳои бо марг анҷомидани қариб 50 дарсади ҳодисаҳоро пешгирӣ намояд. Бинобар ин, баланд бардош­тани маърифати мардум оид ба ин масъала басо муҳим аст.

Дар ҷумҳурӣ ба масъалаи бемориҳои дил таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Соли 2007 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил дар давраи солҳои 2007 — 2015» тасдиқ ва амалӣ гардид. Ҳоло «Дурнамои пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар давраи солҳои 2013 — 2023» дар самти бемориҳои дилу шараён амалӣ шуда истодааст, ки далели муҳим будани ин мавзӯъ ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин масъала аст.

Омилҳои пайдошавии бемориҳои ишемиявии дил фишорбаландии шараёнӣ, ғизои серкалория, сатҳи баланд ё пасти холестерин ва глюкоза дар таркиби хун, норасоии витаминҳои табиӣ, камҳаракатӣ, эҳтирос, ҳама гуна ҳаяҷони баланд, фарбеҳшавӣ, хусусиятҳои фардӣ ва ирсии бархе аз одамон буда метавонанд. Ин ҳолатҳо боис мегарданд, ки шараёнҳои дил танг гардида, миқдори хуне, ки мушаки дилро  бо оксиген таъмин менамояд, кам шавад ва иллатро ба вуҷуд оранд. Он аз се марҳила — ихтилоҷи рагҳои дил-стенокардия, сактаи дил (инфаркти миокард) ва тасаллути дил ё кардиосклероз иборат мебошад. Дарди дил, ҳиссиёти ногувор (фишурдашавӣ ё вазнинӣ) дар минтақаи дил, номуназзамии тапиши дил, тарси марг, беҳоливу нотавонӣ аз аломатҳои асосии беморӣ ба шумор мераванд.

Аз миёни омилҳои зикршуда пизишкон фишорбаландии шараёниро дар ҷойи аввал мегузоранд, ки нишондиҳандаи 140 мм сутунчаи симоб ва баландтар аз он дар назар аст. Бемороне, ки фишори хунашон аз 180 мм баландтар аст, аз онҳое, ки фишорашон ба 120 мм баробар мебошад, 8 маротиба бештар ба бемории ишемиявии дил (БИД) гирифтор шуда метавонанд. Дар ҳама ҳолат гирифтор шудан ба гурӯҳи бемориҳои дил ба организми инсон зарари ислоҳнашаванда мерасонад. Тибқи маълумоти олимон, дил, ки вазифаи муҳаррики бадани инсонро иҷро менамояд, хеле қавӣ мебошад ва бояд беш аз 150 сол битапад. Ин хулосаи илмӣ пас аз гузаронидани садҳо тадқиқ ба вуҷуд омадааст. Агар чунин аст, пас чаро инсон кам умр мебинад? Чаро ҳодисаҳои гирифторшавии кӯдакон ба бемории дил сол то сол меафзояд?

Сабаби пайдоиши он ҳама «чаро» -ҳо бепарвоӣ нисбат ба мушкилоти дил ва муносибати нодуруст ба он аст. Пӯшида нест, ки солимии дил ба кори мураттаби узвҳои дигар вобастагӣ дорад. Ба дили инсон хатаре таҳдид нахоҳад кард, агар ӯ ба садамаҳои ҷисмониву равонӣ дучор нагардад ва бо пайдо шудани нахустин аломатҳои беморӣ ба табобат машғул шавад. Пешгирии бемориҳои гурӯҳи дилро, бе муболиға, аз даврони кӯдакӣ бояд оғоз намуд. Кӯдаконро аз фарбеҳшавӣ, истеъмоли хӯрокҳои серғизо эмин нигоҳ дошта, дар онҳо шавқ ба варзиш ва корҳои ҷисмониро тарбият бояд кард.

Баъзан одамон аз баландшавии фишори хун бехабар монда, барои рафъи дарди сар ҳар гуна дору истеъмол менамоянд. Бархе огаҳӣ ёбанд ҳам, нисбат ба табобати он беэътиноӣ зоҳир мекунанд. Ҳол он ки табобати саривақтӣ ҳатман натиҷа хоҳад дод. Дар акси ҳол, шакли беморӣ музмин, муддати табобат тӯлонӣ ва ҳатто якумрӣ хоҳад гашт.

Бояд дар хотир дошт, ки бештар мардон гирифтори бемории дил мегарданд ва ҳар марди синнаш аз 40 боло бояд мунтазам аз муоина бигзарад. Ба бемориҳои дил гирифтор шудани занон ва ҳатто кӯдакон низ аз эҳтимол дур нест. Теъдоди  тифлакони нуқси модарзодии дилдошта низ, мутаассифона, зиёд мегардад. Бинобар ин, нисбат ба дил, ки  мояи ҳастист, ғамхор бояд буд.

Мастона ҶУМАЕВА,

муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил» оид ба корҳои дастуриву ташкилӣ.

Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»