Дунявият ва ҷомеа

№107 (4057) 05.09.2019

stock-video-ismoil-somoni-monument-sunset-time-lapse-dushanbe-tajikistan-66643Агар ба таърихи кишварҳо назар андозем, бароямон ошкор мешавад, ки давлат ё ҳукумате, ки дар асоси низоми сиёсии дунявӣ барномаҳои сиёсӣ, мафкуравӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ амалӣ намудааст, пойдор ва устувор аст. Дунявият ё ба истилоҳ, «секуляризм» (аз калимаи лотинии saecularis ба маънои дунявӣ, инҷаҳонӣ) ба чанд маъно — бадалшавии моликияти ибодатгоҳҳои динӣ ба дунявӣ, мусодираи амволи муассисаҳои динӣ ва интиқоли онҳо ба ҳукумати дунявӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аз фаъолиятҳои ҷамъиятӣ, зеҳнӣ озод намудани таъсири дин истифода мешавад.

Тибқи илми назарияи давлат ва ҳуқуқ аз рӯи муносибати давлат ва калисо кишварҳо ба теократӣ, клерикалӣ ва дунявӣ тақсим мешаванд. Давлати теократӣ (худо ва ҳокимият) намуди ҳокимияти давлатиест, ки дар он ҳокимият пурра ё қисман ба калисо тааллуқ дорад. Барои мисол, дар Ватикан, ки монархияи теократӣ ҳукмрон аст, ҳокимияти судӣ, иҷроя ва қонунгузор ба Папаи Рим тааллуқ дорад. Давлати креликалӣ (калисоӣ) бошад, ҳокимияти давлатиест, ки дар он калисо дар асоси қонун ба сиёсати давлат ва соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ таъсиргузор аст. Клерикализм (аз вожаи лотинии klericalism ба маънои калисоӣ далолат карда, ҷараёни сиёсии иртиҷоиро ифода менамояд, ки ҳадафаш дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангӣ афзудани таъсири дин мебошад) моҳиятан дар муқобили секуляризм қарор дорад. Аммо сохти сиёсии демократӣ ва дунявӣ динро ҳамчун унсури давлатсозӣ сарфи назар мекунад ва сатҳи ширкат, нуфузи онро дар корҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ коҳиш медиҳад.

Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон кишвари мо давлати дунявӣ эълон шудааст (моддаи 1) ва иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ҳеҷ як мафкура, аз ҷумла, мафкураи динӣ (моддаи 8) «ба ҳайси мафкураи давлатӣ» эътироф намешавад. Ташкилотҳои динӣ ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Эътиқоди динӣ кори хусусии ҳар шахс буда, «ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд» (моддаи 26). Мазмуну моҳияти ин муқаррарот дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз 26 марти соли 2009 эзоҳ ёфтааст ва қайд мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, новобаста аз муносибат ба дин ва мансубияти динӣ, дар назди қонун ҳама баробаранд (моддаи 4). Давлат фаъолияти қонунии иттиҳодияҳои диниро ҳимоя намуда, додани имтиёзҳои гуногун, аз ҷумла, кумакҳои моливу моддӣ барои ташкилотҳои диниро тибқи асноди меъёрии ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Инчунин, барои таъмиру тармим ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ба ташкилотҳои динӣ кумак ҷиҳати таъмини озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, риояи ҳуқуқ ва манфиати қонунии шаҳрвандони диндор ва иттиҳодияҳои динӣ шароити мусоид фароҳам меоварад. Давлат бо мақсади таъмини осоиштагиву субот ва тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон барои пойдории таҳаммул ва эҳтироми байни шаҳрвандони диндору бедин, иттиҳодияҳои диниву мазҳабҳои гуногун, инчунин, байни пайравони онҳо мусоидат менамояд, ба зуҳуроти таассуб ва ифротгаройӣ дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ роҳ намедиҳад. Дар шароити ҳозира, аз як ҷониб, эҳёи арзишҳои динӣ, аз ҷониби дигар, муборизаи ба дин асосёфтаи созмонҳои ихтилофангези сиёсӣ вазифаи давлатро хеле мубрам гардондаанд. Ҷудо будани иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ба ин маъност, ки муассисаҳои давлатии таҳсилоти умумӣ хусусияти дунявӣ доранд, вале дастрас будани намуд ва зинаҳои гуногуни таҳсилот, новобаста аз муносибат ба дин, таъмин карда мешавад.

Маорифпарварону равшанфикрон, олимону ихтироъкорон тӯли садсолаҳо кӯшиш мекарданд, ки бо кашфиёт ва навгонӣ одамонро аз торикие, ки рӯҳониён барои ҷомеа эҷод карда буданд, раҳо бахшида, онҳоро ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамун созанд, ҳарчанд он муборизаҳо баробар ба арзиши ҷони онҳо буд.

Ақидаҳои файласуфон Томас Гоббс (1588-1679), Дэвид Юм (1711-1776) ва Эммануил Кант (1724-1804) олами динро низ такон доданд. Т. Гоббс асосҳои фалсафаи материалистиро баён кард, ки дар он материя субстансияи олии коинот шинохта мешавад. Д. Юм дар асар «Оид ба табиати инсон» муъҷизаҳои динро беасос хондааст. Э. Кант бошад, аз одамон даъват намуд, ки ба ақли солим такя карда, худро аз занҷири калисо раҳо кунанд. Бояд қайд кард, ки авзои кунунии геосиёсӣ осебпазирии ҷомеаҳои мазҳабӣ ва давлатҳои динӣ-теократиро равшан нишон медиҳад. Маҳдудиятҳои фикрӣ, идеологӣ ва илмӣ ҷомеа ва давлатҳоеро, ки зери бори низоми динӣ-мазҳабӣ зиндагӣ мекунанд, дар баробари воқеиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ камзарфият намудааст. Камзарфиятӣ ва камогаҳии мардум барои гурӯҳҳои муҳофизакор ва фурсатталаб имконият фароҳам меоварад, ки аз эҳсоси динии мардум хеле осон истифода баранд ва онҳоро ба кашмакашҳои бемаънӣ гирифтор созанд. Нуқтаи заъфи ҷомеаи мазҳабӣ тафаккури баста, суннатӣ ва консервативии онҳост, ки имкони вуҷуд, ҳузури манфиатҳои миллӣ ва инсониашонро ба сифр баробар мекунад. Гузашта аз ин, дар муддати сесад соли охир, ислом ва ҷомеаи мусулмонӣ ба буҳрони дохилию берунӣ гирифтор шуд (пошхӯрии империяи Усмонӣ) ва аз ҷониби хадамоти махсуси ғарбӣ мудохилакорӣ дар умури сиёсию иҷтимоии мамлакатҳои мусулмонӣ сурат гирифт. Ҳамин буд, ки бузургони дин ҷавоби ҳалли буҳронро дар бозгашт ба «исломи ноб» талаққӣ намуданд. Мутаассифона, ин андеша ҳоло ҳам мадди назари роҳбарони созмонҳои махсус ва ҳаракатҳои радикалии исломӣ қарор дорад. Маҳз чунин андеша роҳи ифротишавӣ ва тунд­гаройии диниро барои насли ҷавон ҳамвор сохт. Хушбахтона, давлати Тоҷикистон зиёда аз бисту ҳашт сол аст, ки дар роҳи низоми сиёсии дунявӣ қадам мениҳад ва аз ин интихоби дурус­ту мантиқӣ мардуми тоҷик зараре надидааст, баръакс, тавассути ин низоми сиёсӣ ба масири тозаи зиндагӣ гом бардошта, ба сӯи фатҳи қуллаҳои истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҳаракат мекунад. Низоми сиёсии дунявӣ дар заминаи баробарии инсонҳо бо фаъолиятҳои ҷамъиятӣ, фик­рӣ, иқтисодӣ ва моддию маънавӣ асос ёфтааст. Тибқи усулу меъёрҳои давлати дунявӣ, роҳбарияти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хубтар сохтани вазъи иҷтимоӣ, фикрӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мардум саъю талош меварзад. Танҳо дар низоми давлати дунявӣ инсон ва дар маҷмӯъ, мардум, ҷойгоҳи муносиби иҷтимоӣ касб карда, ҳуқуқи интихоби озодро пайдо менамояд. Ин аст, ки мардуми тоҷик дунявиятро ба сифати сохтор ва низоми дархӯри сиёсӣ, фикрӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ пазируфта, дар ин масир пайгирона ҳаракат мекунад.

Нозим Нурзода, корманди АИ ҶТ