Маърифати ҳуқуқӣ

Экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионӣ. Яъне чӣ?

№4 (3641) 14.01.2017

Яке аз самтҳои асосии «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020» созмон додан ва рушди механизми экспертизаи зиддикоррупсионӣ дар ҳама сатҳҳои ҳуқуқэҷодкунӣ ба шумор меравад, зеро омилҳое, аз қабили номукаммалии қонунгузорӣ, миқдори зиёди санадҳои зерқонунӣ, ба шахсони мансабдор додани доираи васеи ваколатҳо, мавҷудияти меъёрҳои ҳаволакунандаи беасос, номукаммал будани  тартиби расонидани хизматрасониҳои давлатӣ ва ғайра мавҷуданд, ки бо истифода аз онҳо хизматчиёни давлатӣ ва шахсони мансабдор барои содир кардани кирдорҳои коррупсионӣ имконият пайдо менамоянд ё боиси ба вуҷуд омадани ҳодисаҳои коррупсионӣ мегарданд.

Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2016) иброз намуданд: «…Мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли  ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф  набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи  коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем».  Зарурати экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳамин замина ба вуҷуд омадааст, ки пурра ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (аз 28 декабри соли 2012 таҳти №925) мувофиқ буда, як навъ пуррасозандаи мазмуну мундариҷаи қонуни мазкур ба шумор меравад.

Зуҳуроти коррупсионӣ ва мубориза алайҳи он фаъолияти мураккаб аст ва барои аз байн бурдани он ҷалби васеи одамон зарур  мебошад. Аз ҷумлаи иқдоми муҳим дар раванди  демократикунонии ҷомеа ва ҷараёни ҳуқуқэҷодкунӣ иштирок намудани шаҳрвандон ба шумор меравад. Ногуфта намонад, ки ҷалби шаҳрвандон ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар низоми ҳуқуқии давлатамон падидаи нав  нест. Дар асоси талаботи қонуни мазкур шаҳрвандон метавонанд ба тариқи инфиродӣ ва ё дар якҷоягӣ экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро доир намоянд.

Тартиби баргузории экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Дар бораи мавҷуд будан ё набудани омилҳои коррупсияофар дар санади меъёрии ҳуқуқӣ экспертҳои зиддикоррупсионӣ хулосаҳои худро пешниҳод менамоянд.

Гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ имконият медиҳад, ки масъалаҳои хусусияти иҷтимоӣ- ҳуқуқидошта  ҳаллу фасл шаванд. Аз ҷумла, ҷомеаи шаҳрвандӣ имконият пайдо менамояд, ки ба воситаи экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо сохторҳои давлатӣ дар самти қонунгузорӣ ҳамкории муштаракро  ба роҳ монанд. Ин навъи ҳамкорӣ ақида ва назари ягонаро вобаста ба танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ба вуҷуд оварда, моҳияти ҷамъиятии қонунҳо, дарки мазмуни онҳоро аз ҷониби кормандони дастгоҳи давлатӣ ба ҳам наздик менамояд.

Сониян, натиҷаи экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хусусияти мустақилӣ доранд. Маҳз мустақилияти эксперт бештар холисии экспертизаро таъмин менамояд. Мо ба чунин ақидаем, ки ирсол намудани лоиҳаи қонун барои экспертизаи зиддикоррупсионӣ ба муассисаҳои илмӣ — таълимӣ, ки дар онҳо мутахассисони самтҳои гуногуни соҳаи ҳуқуқшиносӣ фаъолият менамоянд,  метавонад сифат ва бетарафиро дар баргузории чунин экспертизаҳо таъмин намояд. Бо ин роҳ гуногунфаҳмии талаботи қонунҳо аз миён бардошта мешавад. Мутобиқи талаботи қонун аз натиҷаи экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулоса  тартиб дода мешавад, ки баррасии он барои субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда ҳатмӣ мегардад. Дар ин робита, ба шаҳрванд ва ташкилоти ҷамъиятӣ ҷавоби ваҷҳнок ирсол карда мешавад, ба шарте ки дар хулосаи экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионӣ роҳу воситаҳои бартараф кардани омилҳои коррупсияофар инъикос шуда бошанд.

Амалӣ намудани экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо ташаб­буси шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ сурат мегирад ва аз ҳисоби маблағҳои шахсии экспертони ҷамъиятӣ гузаронда мешавад.

Тарзу усули ошкор кардани омилҳои коррупсияофар дар асоси методикаи коркарднамудаи ходимони илм ва шахсони таҷрибаи амалидошта ба роҳ монда мешавад.

Ба роҳ мондани экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ як навъ механизми самаранок дар самти мубориза бар зидди коррупсия бо истифода аз имконият ва қобилияти аъзои ҷамъият ба ҳисоб меравад.

 Ардашер АВЗАЛОВ,  ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон