Мулоҳиза ва пешниҳод

Электробус беҳтар ё троллейбуси бе ноқил?

№10 (3960) 24.01.2019

6_d40ae301Мувофиқи иттилои Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» моҳи марти соли равон ба шаҳри Душанбе 4 троллейбуси бе ноқили истеҳсоли ширкати «Белкоммунмаш»- и Беларус ворид мешавад. Арзиши як троллейбус наздик ба 250 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба гуфти роҳбари Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи рушди нақлиёти истифодаи умумии шаҳри Душанбе Абдулхайр Алиев, троллейбусҳои зикршуда ҳангоми қатъ гардидани қувваи барқ то 15 километр ба воситаи батарея ҳаракат мекунанд. Иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти дастрас намудани нақлиёти аз лиҳози экологӣ тоза шоистаи дастгирист. Аммо ба андешаи мо, агар ба ин маблағ ба ҷойи троллейбус электробус (автобуси барқӣ) ворид мешуд, манфиаташ бештар буд. Зеро дар пойтахти Беларус — шаҳри Минск аз соли 2017 ба таври таҷрибавӣ ҳаракати 20 электробусро ба роҳ мондаанд. То моҳи июни соли равон теъдоди автобуси барқӣ дар он ҷо ба 80 адад хоҳад расид.

Дар шаҳри Житомири Украина электробуси тамғаи «Skywell» — и Хитойро истифода мебаранд, ки захираи неруи он ба 300 километр мерасад. Автобуси барқии мазкур дорои ду таҷҳизоти сӯхторхомӯшкунӣ, камераи назоратӣ ва монитор буда, барои 81 мусофир пешбинӣ шудааст. Арзиши он низ 250000 доллари ИМА аст. Роҳбарияти шаҳри Чернигов таҷрибаи житомириҳоро омӯхта, мақсад доранд, ки 100 электробуси тамғаи «Skywell» бихаранд, зеро дар Украина, бинобар надоштани нефту гази худӣ ва муносибати на чандон хуб бо Россия, таваҷҷуҳ ба нақлиёти барқӣ торафт зиёд мешавад. Коршиносони украинӣ ҳисоб кардаанд, ки агар барои тай кардани 1 километр роҳ тавассути троллейбус 21 гривна сарф шавад, бо электробус он ба 3,5 гривна мерасад. Як гривна баробари 2, 37 рубли русӣ (0,04 доллар) аст. Яъне, нигоҳдорӣ ва истифодаи электробус аз троллейбус арзонтар аст. Бо ҳамин сабаб ҳоло дар бештар аз 100 шаҳри ҷаҳон 27 номгӯй электробус ба мусофирон хизмат мерасонад.

Бисёриҳо автобусҳои «Икарус»- ро хуб дар ёд доранд. Ҳоло корхонаи мазкур бо маблағгузории ширкати CRRC- и Хитой истеҳсоли электробусро ба роҳ мондааст. Автобуси барқии 12 — метраи «Икарус» бо як нерупуркунӣ то 260 километрро тай мекунад.

Дар Кореяи Шимолӣ болои автобусҳои «Икарус» — ро, ки ҳанӯз аз давраи шӯравӣ ворид карда буданд, бо 32 панели офтобии 1000 — ватта пӯшонида, аз он гелиоавтобус («автобуси офтобӣ») сохтаанд.

Ҳоло дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ширкати «Higer Ouazar» васли электробусҳоеро ба роҳ мондааст, ки дар 8 — 10 дақиқа неру гирифта, 70 километр роҳро тай мекунанд. Муҳлати истифодаи батареяҳо 8 сол мебошад ва автобуси барқӣ 58 мусофирро дар як вақт интиқол медиҳад. Корхона метавонад дар ҳамкорӣ бо ширкати «Higer» соле 1000 электробус васл кунад. Арзиши ин электробус ҳам 250000 доллар аст.

Бартарии электробусҳо дар чист? Ҳарчанд дар оғоз нархи электробус гарон намояд ҳам, ин намуди нақлиёт каммасраф аст. Зеро ба сӯзишворӣ (солярка, газ), равғанҳои молиданӣ, филтр эҳтиёҷ надорад. Модом ки дар Аврупо, бо вуҷуди қимат будани нархи неруи барқ, аз истифодаи электробус фоида мебинанд, дар Тоҷикистон, ки нархи неруи барқ арзон аст, ин фоида хеле бештар хоҳад буд. Сониян, рондани электробус нисбатан осон аст. Инчунин, муҳлати истифодабарии электробус аз автобус бештар буда, хатари сӯхтору таркиш ҳангоми садама дар электробус нисбатан кам аст.

Аз рӯи ҳисоби мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ гузаштан ба электробус хароҷоти энергияро дар муассисаҳои мусофиркашонӣ 70 фоиз, ихроҷи гази карбонатро-80 ва хароҷот барои нигоҳ доштани инфрасохторро 40 фоиз кам мекунад. Дар миқёси ҷаҳон сарфаи хароҷот ба ҳисоби миёна 5 триллион долларро ташкил хоҳад дод.

Модом ки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои харидани нақлиёти барқӣ ба шаҳри Душанбе грант ва қарз ҷудо кардааст, беҳтар мебуд, он барои харидани электробус сарф шавад.

Хуб мешуд, ки бо истифода аз таҷрибаи Украина ва Қазоқистон бо ширкатҳои хитойӣ гуфтушунид карда, васл ё истеҳсоли электробусро дар кишвар ба роҳ монем. Зеро бо доштани барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва арзон кишвар аз истифодаи электробус бурд хоҳад кард.

Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»