Дар мавзӯи муҳим

Чаро дар саргаҳи об бе барқ ва ташналабем?

№75 (3221) 10.07.2014

Water

Ин омил «самара»-и «рашк» ва монеагузории беасоси баъзе кишварҳои минтақа, исрофкории шаҳрвандон дар истифодаи ин неъмати бебаҳо ва фаъолияти нокифояи сохторҳои марбута аст

 Тибқи маълумоти оморӣ айни замон қариб як миллиард сокини сайёра аз нарасидани оби тоза танқисӣ  мекашад, 2,6  миллиард нафар дар шароити ғайрисанитарӣ зиндагӣ мекунад, дар  бештар аз 80 мамлакат барои таъмини  аҳолӣ об намерасад,  ҳар  ҳафта дар миқёси ҷаҳон дар натиҷаи бемориҳои вобаста ба  сифати  бади об  ва шароити ғайрисанитарӣ 42 ҳазор нафар вафот мекунад, дар  бештар  аз 90 фоизи воқеаҳои ногувори вобаста ба об сухан дар бораи кӯдакони то панҷсола меравад. Дар шароити имрӯза хушксолӣ ва  биёбоншавии замин ба бештар аз 1,2 миллиард сокини  сайёра  таҳдид  менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи  кишварҳое    мебошад, ки  дар  он  захираҳои об  нисбатан  фаровонанд. Бино ба гуфти коршиносон, ҳар  сол  дар  қаламрави  мамлакати  мо 64  миллиард  метри  мукааб об  ташаккул меёбад. Ин  беш аз 60 фоизи маҷрои  дарёҳои ҳавзаи   баҳри  Аралро ташкил  медиҳад. Аз чунин  ҳаҷми  бузурги об танҳо қариб  10  фоизи он барои қонеъ гардонидани  эҳтиёҷоти  дохилӣ сарф  шуда, боқимонда  ба  мамлакатҳои  поёноб ҷорӣ мегардад, ки  дар он ҷо  асосан  барои  обёрӣ истифода бурда мешавад.

Манзури банда аз овардани далелу арқоми фавқуззикр он аст, ки мутаассифона, бо вуҷуди захираҳои фаровони об бештар аз 40 фоизи аҳолии  мамлакати мо аз оби тозаи ошомиданӣ истифода бурда наметавонад ва  таъмини баъзе ноҳияҳои дурдасти мамлакат бо оби тоза ба  проблемаи душвор табдил ёфтааст.

Маҳз аз ҳамин лиҳоз, ҳалли масъалаҳои марбут ба об ҷузъи  ҷудонашавандаи Барномаи миллии стратегияи рушд ва Барномаи  стратегияи кам кардани  сатҳи камбизоатӣ  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  гардидааст. Пайгирии масъалаи мазкур муайян намуд, ки  кишвари мо айни ҳол аз рӯйи нишондиҳандаҳои қиёсии   замини кишт ва истифодаи об ба ҳар  сари аҳолӣ дар  минтақаи Осиёи  Марказӣ ҷойи охиринро ишғол менамояд.

Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, мамлакати мо барои амалӣ сохтани Ҳадафҳои Рушди  Ҳазорсола яке аз мамлакатҳои озмоишӣ ба шумор меравад. Дар  робита ба ин, ҳаҷми талабот барои амалӣ сохтани       ҳадафҳои мазкур   санҷида  шуд, ки мувофиқи натиҷаҳои он барои ду баробар кам кардани  теъдоди аҳолии ба оби тозаи ошомиданӣ эҳтиёҷдошта то соли  2015 қариб як миллиард  доллари амрикоӣ зарур аст.

Бо дарназардошти муҳимияти масъала, Ҳукумати  ҷумҳурӣ  бо  мақсади беҳтар намудани таъминоти об ва ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола «Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии  мамлакат бо оби тоза дар давраи солҳои 2008-2020»-ро қабул  намудааст.

Зимни шиносоӣ бо нишондиҳандаҳои фаъолияти сохторҳои марбута  иттилоъ гирифтам, ки дар натиҷаи тадбирҳои дар  ин соҳа андешидашуда, давоми солҳои охир қариб 1,2  миллион  нафар  бо оби тоза таъмин  шуд ва бештар аз  600 ҳазор нафари  дигар аз имконияти истифодаи  оби тозаи ошомиданӣ  баҳравар гардиданд. Ҳукумати Тоҷикистон барои  ҳалли проблемаҳои  вобаста ба  захираҳои об дар давоми панҷ соли охир беш аз 15  барнома, стратегия ва нақшаи тадбирҳоро қабул  намудааст. Дар робита ба ин масъала фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-ро мавриди пажӯҳиш қарор додам. Маълум гардид, ки корхонаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар  соли 2013 ба истифодабарандагон ба миқдори 44 млн. 588,9 ҳазор мукааб оби нӯшокӣ дастрас намудаанд, ки нисбат ба соли 2012-ум  хеле зиёд аст.

Натиҷаи тадқиқоти мутахассисони корхонаи фавқуззикр муайян намудааст, ки аз аҳолии ҷумҳурӣ 3663,6 ҳазор нафар ё 48,6 фоиз ба системаҳои коммуналии таъмини оби нӯшокӣ дастрасӣ доранд. Ҳамзамон 3874,3 ҳазор нафар ё 51,4 фоиз аҳолии кишвар ба системаҳои коммуналии таъмини оби нӯшокӣ дастрасӣ надоранд, ки қисмати аъзамашонро аҳолии деҳот ташкил медиҳад. Далелу арқом аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар шаҳрҳо ва шаҳракҳо 68 фоизи системаҳо дар ҳолати корӣ қарор дошта, 7 фоиз қисман кор мекунанд ва 25 фоиз дар ҳолати ғайрикорӣ мебошанд. Дар маҳалҳои аҳолинишин бошад, ҳамагӣ 40 фоиз системаҳо дар ҳолати корӣ қарор дошта, 44 фоиз қисман кор мекунанд ва 16 фоиз дар ҳолати ғайрикорӣ қарор доранд. Дар маҷмӯъ, масъулини Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба он назаранд, ки  барои сохтмону барқарорсозии системаҳои соҳаи коммуналии ҷумҳурӣ то соли 2025-ум 9 миллиарду 777 миллиону 739 ҳазор сомонӣ зарур мебошад.Камбудиҳои асосии соҳа, ба андешаи  масъулини он, ҳолати ташвишовари техникаҳои махсуси корхонаҳои коммуналӣ ба шумор меравад.  Барои мисол, айни замон аз 955 адад шумораи умумии техникаи махсуси коммуналӣ, ки дар мувозинаи корхонаҳои соҳа қарор доранд, 559 адад коршоям ва 396 ададашон корношоям аст ва аз шумораи умумӣ 400 адад муҳлати дуюм ва сеюми хизматрасониро иҷро карда истодаанд.

Мутахассисони соҳа муътақиданд, ки барои беҳдошти сифати хизматрасонии коммуналӣ ва қонеъ гардонидани талаботи истифодабарандагон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва аҳолии деҳот мувофиқи ҳисобҳо ва меъёрҳои амалкунанда, харидорӣ намудани зиёда аз 800 адад техникаи махсус ба маблағи беш аз 210,0 млн. сомонӣ зарур аст. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки  иншоот ва шабакаҳои обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти кишвар, бинобар солҳои тӯлонӣ истифода бурданашон, аз ҷиҳати техникӣ фарсуда шуда, талафоти оби нӯшокӣ дар шабакаҳо бениҳоят калон аст, ки боиси халалдор шудани рушди устувори минбаъдаи иқтисодиёти корхонаҳои соҳа мегарданд. Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Тағоймуродов дар муҳокимаи парламентӣ доир ба масъалаи мазкур, ки ба наздикӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, зикр намуда буд, ки  «Давоми чор соли охир талафот дар иншоот  40,0 миллион метри мукааб оби нӯшокии истеҳсолшударо ташкил медиҳад, ки маблағи миёнаи солонаи он ба 10,0 млн. сомонӣ баробар аст, вале аз маблағи номбурда андозҳои давлатӣ ситонида мешаванд.  Бинобар мавҷуд  набудани сарчашмаи маблағгузорӣ ва пардохт нашудани он, мақомоти андоз амалиёти бонкии як қатор корхонаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳуриро бозмедоранд, суратҳисоби бонкиашонро маҳкам карда, ба бақияи қарзҳо фоизҳо ва ҷаримаҳоро зам менамоянд.Мувофиқи нархномаҳои амалкунандаи бозори имрӯзаи  воситаҳои  истеҳсолӣ, хароҷоти аслии як метри мукааб оби нӯшиданӣ зиёда аз ду сомониро ташкил медиҳад, вале сатҳи даромаднокии  истифодабарандагон, бахусус аҳолии шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳуриро ба эътибор гирифта,  Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нархномаи миёнаи як метри мукааб оби нӯшокиро аз рӯйи ҳисоби миёна 0,80 сомонӣ муайян кардааст. Яъне, аз ҳар як метри мукааб оби нӯшидании истеҳсолшуда ба иқтисодиёти  корхонаҳои соҳа 1,20 сомонӣ зарари молиявӣ мерасад. Дар соли 2013 аз тарафи корхонаҳои обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 83 миллиону 497,8 метри мукааб оби нӯшокӣ истеҳсол шудааст, ки аз ҳисоби мувофиқат накардани нархномаҳо ба иқтисодиёти онҳо зиёда аз 34,6 миллион сомонӣ зарар расидааст. Ҳамзамон, маблағҳое, ки мутобиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Буҷети давлатӣ барои рӯйпӯш намудани фарқияти ҳаққи хизматрасониҳои корхонаҳои коммуналӣ ба шахсони имтиёздор пешбинӣ шудаанд, ҳар сол дар доираи то 50 фоиз ҷудо карда мешаванду халос. Аз рӯйи  ҳисоби миёна дар давоми се соли охир ба 119 ҳазору 355 нафар шахсони имтиёздор хизматҳои гуногуни коммуналӣ расонида шудааст, ки  маблағи он 10 млн. 416,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, вале  ба ин мақсад ҳамагӣ 4 млн. 956,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ ва ҷудо карда шудааст, ки 47,6 фоизи маблағҳои талаботианд. Бақияи қарзҳои дебитории корхонаҳо аз ин ҳисоб ба ҳолати 1 январи  соли 2014 зиёда аз 8,5 млн. сомониро ташкил медиҳад. Дар соли 2014 ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост ба маблағи  5 млн. 927,2 ҳазор сомонӣ ирсол гардид, вале ҳамагӣ 2 млн. 285,8 ҳазор сомонӣ ё 43,7 фоизи маблағҳои талаботӣ пешбинӣ карда шудаанд. Инчунин тибқи ҳисоби миёна аз тарафи шахсони камбизоати шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ ҳар сол 3,5 млн. сомонӣ ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ пардохт карда намешавад, ки бақияи қарзи дебиторӣ аз ин ҳисоб ба ҳолати то санаи 1 январи соли 2014 зиёда аз 12 млн. 800,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳамзамон ҳаққи хизматрасониҳои корхонаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тарафи муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ  ҳар сол дар ҳаҷми пурра пешбинӣ ва ҷудо карда намешавад, ки бақияи қарзи дебитории ташкилотҳои буҷетӣ ба ҳолати то санаи 1 январи соли 2014  зиёда аз 5 миллион  сомониро ташкил медиҳад». Ибрози ин суханон далели возеҳи он аст, ки вазъият дар ин самт нигаронкунанда буда, андешидани тадбирҳои ҷиддӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносиро тақозо менамояд. Эътироф бояд кард, ки бо вуҷуди дар саргаҳи об қарор доштани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамрадиф бо ташналабӣ мо  дар фасли зимистон азияти бебарқӣ низ мекашем. Боиси таассуф аст, ки баъзе кишварҳои минтақа ба ҷойи мусоидат баҳри ҳалли ин мушкилот, баръакс, дар заминаи «рашк»-и беасос ба ин раванд монеа эҷод намуда истодаанд. Ҳамватанони азиз аз хушк шудани баҳри  Арал огоҳанд. Ҳарчанд баъзе коршиносони ҳамсоякишвар онро ба омилҳои дигар рабт додаанд, вале далелҳои муътамад мавҷуданд, ки ин фоҷиа, пеш аз ҳама, натиҷаи азхудкунии заминҳои нави обёришаванда мебошад, ки масоҳати онҳо  тибқи маълумоти оморӣ  аз  4  миллион  гектари  соли 1960  имрӯз қариб ба 9 миллион гектар расидааст. Яке аз хусусиятҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз он иборат аст, ки тақсимоти об дар он нобаробар  мебошад. Бештар аз 80 фоизи оби дарёҳои ба баҳри Арал ҷоришаванда дар ҳудуди кишварҳои болооб ташаккул меёбад, ҳол он ки зиёда аз 85 фоизи онро мамлакатҳои  поёноб истифода  мебаранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо  изҳор карда буд, ки «Барои бартараф  сохтани буҳрони Арал роҳи ягона қабули тадбирҳои мушаххас дар  масъалаи истифодаи сарфакоронаи об дар сатҳи минтақа бо роҳи барқарор сохтани фаъолияти муътадили шабакаҳои обрасонӣ ва ҳолати заминҳои кишт, инчунин иваз кардани зироатҳои обталаб, аз қабили пахта ва шолӣ бо зироатҳое, ки талаботашон ба об камтар аст, ба ҳисоб меравад».

Нуктаи муҳим он аст, ки бо ҳамин роҳ  амнияти озуқавориро таъмин намудан низ имконпазир мегардад. Аз рӯйи  ҳисобҳои коршиносон, имрӯз дар ҷараёни обёрии зироатҳои кишоварзӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 30 то 60 фоизи об бебозгашт талаф меёбад.

Аз маълумоти пешни-ҳоднамудаи Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ бармеояд, ки   кишвари мо маҳз бо ҳамин мақсад масоҳати майдонҳои пахтаро то 30  фоиз кам карда, ба ҷойи он зироатҳои дигар, аз ҷумла ғалладона ва  сабзавот, инчунин зироатҳои дигари ба шароити камобӣ тобовар   парвариш менамояд ва бо ин роҳ дар сарфакории об саҳм гузошта истодааст.  Мутаассифона, баъзе давлатҳои  минтақа ба ҷойи ин, ки барои  ҳалли проблемаҳои ҳавзаи баҳри Арал кӯшиш ба харҷ диҳанд, бо ҳар  роҳу восита ҷидду ҷаҳд менамоянд, ки ҳақиқати ҳолро таҳриф карда,  таваҷҷуҳи  ҷомеаи ҷаҳонро аз сабабҳои аслии рух додани фоҷиа, яъне истифодаи ғайриоқилона ва баъзан харобкоронаву ҳалокатбори захираҳои об дур кунанд.  Пажӯҳиши масъала ҳамчунин собит намуд, ки имрӯз дар миқёси ҷаҳон қариб 1,6  миллиард нафар аз  қувваи барқ истифода бурда наметавонад. Барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва ҳадафҳои дигари рушди байналмилалӣ беҳтар намудани шароити баҳрабардорӣ аз қувваи барқ дар мамлакатҳои рӯ ба  инкишоф зарур мебошад.

Соҳаи гидроэнергетика, ки 20 фоизи таъминоти ҷаҳонии қувваи барқро ташкил медиҳад, манбаи муҳими барқароршавандаи энергия ба шумор меравад. Ин рақам дар Тоҷикистон ба 98 фоиз  мерасад. Бинобар ин, мафҳумҳои «об» ва «энергетика» барои кишвари мо ҳаммаъно ва тавъам мебошанд. Коршиносони соҳа муайян намудаанд, ки дар мавриди пурра истифода намудан аз имкониятҳои мавҷуда, кишвари мо аз лиҳози истифодаи  қиёсии захираҳои гидроэнергетикӣ дар миқёси ҷаҳон ба ҳар   километри мураббаъ ҷойи якум ва аз ҷиҳати истеҳсоли он ба ҳар сари  аҳолӣ  ҷойи дуюмро ишғол менамояд. Вале аз ин захираи бузург ҳоло дар Тоҷикистон  ҳамагӣ  3-4  фоиз  истифода мешаваду  халос.  Дар  баъзе  ноҳияҳо аҳолӣ аз 2 то 3 моҳ аз истифодаи қувваи барқ маҳрум  мегардад.  Ин,  пеш аз ҳама, ба сатҳи зиндагӣ ва саломатии аҳолӣ,  хусусан занону кӯдакон ва мӯйсафедон, таъсири манфӣ мерасонад. Одатан дар ин давра мактабҳо баста мешаванд, фаъолияти  муассисаҳои иҷтимоӣ ва шифохонаҳо маҳдуд мегардад.

Ҳамчунин пӯшида нест, ки норасоии қувваи барқ ба  иқтисодиёти мамлакат зарари калон мерасонад. Дар баробари ин, сохтмони иншооти  гидроэнергетикӣ ба манфиати мамлакатҳои дигари минтақа  низ мебошад, зеро  онҳо дар  шароити торафт кам гардидани захираҳои об бо ин неъмати  бебаҳо таъмин карда хоҳанд шуд.Соҳаи гидроэнергетика, ғайр аз таъмини қувваи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ безарар, инчунин  аз  нуқтаи назари истифодаи муттасили захираҳои табиӣ дар оянда, вақте  ки захираҳои нафту гази барои истеҳсоли қувваи барқ  истифодашаванда  дар  минтақа ба охир мерасад, аҳамияти калон  дорад.

Тибқи хулосаи коршиносон айни замон қариб 80 фоизи неруи барқ дар минтақа бо истифода аз сӯзишворӣ истеҳсол мешавад, ки дар натиҷа, ҳамасола ба фазо зиёда аз 100 миллион тонна партовҳои газ хориҷ мешавад. Истифодаи манбаъҳои гидроэнергетикӣ дар ин самт метавонанд партовҳоро кам карда, ба беҳтар гаштани вазъи экологӣ мусоидат намоянд.Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои худ иброз дошта буд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни истифодаи манбаъҳои гидроэнергетикии худ манфиати кишварҳои ҳамсояро пурра ба инобат мегирад. Маҳз аз ҳамин лиҳоз, бо изҳори иродаи қавӣ ва бо дарназардошти зарурати таъмини шаффофият ва ба инобат гирифтани манфиатҳои умумиминтақавӣ мо ҷиҳати гузаронидани ташхиси асоснокии техникӣ ва арзёбии таъсири иҷтимоиву экологии сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки айни ҳол идома дорад, ба Бонки Умумиҷаҳонӣ муроҷиат намудем».

Тибқи талаботи дар арсаи байналмилалӣ роиҷбуда, ҳамаи халқҳо барои ба даст овардани мақсадҳои хеш метавонанд аз сарватҳои табиии худ, бе халалдор сохтани уҳдадориҳое, ки аз ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодӣ бармеоянд ва ба ҳуқуқҳои байналмилалӣ асос ёфтаанд, ба манфиати  ҳамдигар ва асосҳои мутақобилан судманд озодона истифода намоянд. Аз ин бармеояд, ки ягон кишвар, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад аз василаҳои зиндагии ба вай тааллуқдошта маҳрум карда шавад.

Агар захираҳои об асоси пешрафти соҳаҳои дигари иқтисодиёт бошад, ки аз онҳо на танҳо ҳаёти инсонҳо, балки паст кардани сатҳи камбизоатӣ, нигоҳдории тандурустӣ, маориф, таъминоти барқ ва самтҳои дигари ҳифзи одамон вобаста аст, пас бояд ҳуқуқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истифодаи захираҳои об  аз ҷониби давлатҳои ҳамсоя эҳтиром карда шавад.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»