Интихоби ҳайати нави Шӯрои нозирон

№16 (3162) 15.02.2014

Чанде пеш ҷаласаи ғайринавбатии саҳомони ҶСК НБО-и «Роғун» баргузор гардид, ки дар он ҳайати нави Шӯрои нозирони ҷамъияти саҳомии фавқуззикр интихоб шуд.

Бино ба иттилои аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасгардида, ҷаласаи мазкур таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири  мамлакат Давлаталӣ Саидов баргузор гардид. Дар натиҷаи овоздиҳии кушода ҳайати нави Шӯрои нозирон, ки ба он Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода, муовини якуми Сарвазир Давлаталӣ Саидов, муовини Сарвазир Азим Иброҳим, вазири молия Абдусалом Қурбонов, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, вазири адлия Рустам Менглиев, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонов, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувалӣ Комилов, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, директори генералии ҶСК НБО-и «Роғун» Хайрулло Сафаров, директори генералии ҶСК «САНИИОСП»  Ҷамшед Ахмедов, директори генералии  Ширкати «Сомон Лтд» Қурбоналӣ Юсупов ва директори генералии ҶСК «Хуҷанд Инвест Коттон» Муқим Неъматов шомил мебошанд, интихоб гардид. Дар робита ба баргузории ҷаласаи ғайринавбатии мазкур, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», ваколати аъзои пешинаи Шӯро, ки 15 июни соли гузашта интихоб гардида буданд, бекор карда шуд.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»