Муҳокимаи сатҳи баланди масоили ҳамкориҳо дар соҳаи об

№38-40 (3023-3025) 27.03.2013

22 марти соли равон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА, Муколамаи сатҳи баланди Иҷлосияи 67-уми Маҷмаи умумии СММ оид ба масоили ҳамкориҳо дар соҳаи об баргузор шуд, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов иштирок ва суханронӣ кард.

Муколамаи сатҳи баланди Иҷлосияи 67-уми Маҷмаи умумии СММ оид ба масоили ҳамкориҳо дар соҳаи об бо сухани муқаддимавии Президенти Иҷлосияи 67-уми Маҷмаи умумии СММ Вук Йеремич оғоз гардид. Ҳамзамон Дабири кулли СММ Пан Ги Мун бо паёми шодбошӣ баромад намуд.

Сипас, аз миёни иштирокчиёни ин чорабинии сатҳи баланд- намояндагони кишварҳои узви СММ яке аз нахустинҳо шуда, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов аз номи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд.

Оқил Оқилов изҳор дошт, ки чорабинии мазкур яке аз се тадбири муҳим дар доираи Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об-2013, ки бо пешниҳод ва ташаббуси ҷониби Тоҷикистон, бо Қатъномаи махсус аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ қабул гардидааст, ба ҳисоб рафта, аз ҷумлаи тадбирҳои тақвиятбахш ва ҳамоҳангсози раванди ҳамкориҳои минтақавию ҷаҳонӣ дар соҳаи об мебошад.

Таъкид шуд, ки қабули Қатънома доир ба эълон намудани Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об-2013 шаҳодат аз он медиҳад, ки масъалаҳои марбут ба об ва дастрасӣ ба он имрӯз ба мушкилоти мубрами ҷаҳонӣ табдил ёфта, бори дигар дар ин самт масъалаи таҳкиму тавсеа додани ҳамкорӣ ва ҳамшарикии амиқи давлатҳои сайёраро пеш гузоштааст.

Ба андешаи Сарвазири мамлакат таъмин ва дастрасии мардумони сайёра бо об, истифодаи мақсадноки захираҳои обӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори офатҳои табиии марбут ба об аз масъалаҳои муҳими ҳалталаби сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, ба хотири таъмини ҳадафҳои рушди устувор бояд роҳи ҳалли онҳо ҳар чӣ зудтар ва амиқтар пеш гирифта шавад.

Оқил Оқилов изҳор дошт, ки мавқеъ ва мақоми Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об тағйирнопазир буда, маротибаҳои зиёд аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ садо додаанд. Мувофиқ ба ин мақому мавқеи худ ҷониби Тоҷикистон пайваста хостгори ҳамкориҳои самарабахш дар ҳалли масоили марбут ба об дар минтақа буда, дар оянда низ барои рафъи мушкилоти таъмини об ва истифодаи самараноки захираҳои он тадбирҳои арзишманди сатҳи минтақавию ҷаҳониро амалӣ менамояд.

Оқил Оқилов изҳори боварӣ кард, ки баргузории Муколамаи сатҳи баланди Иҷлосияи 67-уми Маҷмаи умумии СММ оид ба масоили ҳамкориҳо дар соҳаи об дар тамоми кишварҳои сайёра ва минтақаҳои он мусоидат карда, заминаҳои созгори тақвияти ҳамгиройии минтақавию ҷаҳониро дар доираи Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об-2013 фароҳам меоварад.

Тавре таъкид карда шуд, соли равон дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкориҳо дар соҳаи об баргузор хоҳад шуд. Оқил Оқилов ба ҳайси роҳбари Кумитаи тадорукоти ин конференсия аз иштирокчиёни муколамаи сатҳи баланд даъват ба амал овард, ки дар кори ин ҳамойиши муҳими байналмилалӣ бо пешниҳоди роҳу усулҳои нави беҳбудбахшии ҳамкориҳои минтақавию ҷаҳонӣ дар соҳаи об иштирок намуда, дар амалӣ намудани тадбирҳои арзишманди ҷониби Тоҷикистон дар роҳи ҳалли масъалаҳои марбут ба об саҳмгузор бошанд.

 

АМИТ «Ховар»