Мулоқот дар Вазорати энергетика ва саноат

№57 (3042) 14.05.2013

ДУШАНБЕ. ( Фирӯза ҲАБИБУЛЛОЕВА, «Садои мардум»)  Чанде пеш вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо  Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд  Си Си Ю мулоқот намуд. Дар ин хусус аз котиботи вазорати мазкур иттилоъ доданд.

Зимни мулоқот масъалаи баррасии нақшаи корӣ барои солҳои 2014-2016 вобаста ба таҷдиди НБО-и Норак, сохтмони ХИБ- 220 кВ аз зеристгоҳи Айнӣ то зеристгоҳи Рӯдакӣ бо дарозии 90 км, таҷдиди НБО-и «Варзоб-2», амалӣ намудани  лоиҳаи кам кардани талафоти барқ дар вилояти Хатлон, сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурд дар ноҳияҳои Шӯрообод, Муъминобод, Ховалингу Балҷувони вилояти Хатлон, шаҳри Исфара ва ноҳияи Ашти вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре зикр гардид, татбиқи ҳамаҷонибаи лоиҳаҳои мазкур дар маркази таваҷҷуҳи ҳар ду ҷониб қарор дорад ва тарафҳо ҷиҳати амалисозии онҳо талош хоҳанд варзид.