Нотавонбин мегӯяду корвон меравад

№137 (3283) 20.11.2014

Рӯз ба рӯз сафи мамолике, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар равобит ва ҳамкориҳои густурдаву мутақобилан судманд қарор доранд, меафзояд. Ҳамчунин кишвари мо узви созмонҳои бонуфузтарини минтақа ва байналмилалӣ буда, бо бештари кишварҳо муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва дипломатиро ба роҳ мондааст. Бахусус, пешрафти Тоҷикистон дар риштаи сиёсат хуб ба назар мерасад. Сиёсат чун рукни асосии давлат барои фароҳам овардани фазои мусоид барои фаъолият ва пешрафти минбаъдаи давлат зарур аст. Вале инро на ҳама метавонанд дарк намоянд. Баъзе тангназарон ҳама гуна пешравиҳои  кишварамонро дида наметавонанд ва бо ҳар баҳона мехоҳанд, ки онро мавриди интиқод қарор диҳанд.

Масалан, чанде қабл Раисҷумҳури кишвари Афғонистон Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар яке аз баромадҳояш дар бораи пешравиҳои муносиботи Тоҷикистону Афғонистон сухан ронда,  таҳким ёфтани равобити ҳасанаи ду ҷонибро ситоиш намудааст. Ин суханронӣ зимни ба имзо расидани як қатор қарордодҳо миёни ду кишвар сурат гирифтааст.

Охири моҳи октябри соли ҷорӣ ҳангоми мулоқоти Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров як қатор барномаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла бунёди хатҳои роҳи оҳан, сохтмони муштараки корхонаи тавлиди семент, таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ, истеҳсол ва  интиқоли барқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Роҳбари кишвари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон изҳори сипос намудааст, ки ҷониби Тоҷикистон ҳатто дар замони сармо низ кишвари Афғонистонро бо қувваи барқ таъмин хоҳад кард. Аммо сипосгузорӣ ва ситоиши Тоҷикистон аз ҷониби Ашрафғанӣ Аҳмадзай боиси сар задани вокуниши бархе аз ҳамватанонамон гардидааст. Аксари назарҳое, ки аз ҷониби коршиносон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дарҷ гардидаанд, бар хилофи ба имзо расидани қарордоди дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон дар риштаи барқ мебошад.  Албатта, назарҳо гарчанде аз забони коршиносон оварда шуда бошанд ҳам, вале онҳо бояд, қабл аз ҳама, мафҳуми сиёсатро дарк мекарданд. Чун ин низ як навъи сиёсат аст, ки  кишварҳои ба ҳам дӯст, бахусус ҳамҷавор, бояд   кумакҳои дуҷонибаро ба роҳ монанд.  Рисолати ҳамсоягӣ низ ин амалро тақозо мекунад. Дар вақти тангдастӣ ва зарурӣ дасти кумак дароз кардан аз амалҳои башардӯстонаву ҳасана ба шумор мераванд. Ҳамчунин усули бунёдии сиёсати хориҷии кишвар ҳамгироӣ ва равобити дӯстона бо тамоми кишварҳои ҷаҳон аст.

Ба гумони банда нукта ба нукта, мӯ ба мӯ ҳисоб кардани барқи Тоҷикистон ва муқоисаи авзои  Тоҷикистону Афғонистон танҳо ба хотири наҳ задани сиёсати имрӯзаи кишварамон аз ҷониби баъзе коршиносони ноогоҳу айбҷӯй мебошад.

Ҷараёни муваффақиятомези пешрафти сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон, қабл аз ҳама, ба фазои ягонаи геополитикӣ бо дигар кишварҳо марбут мебошад. Ҷониби Тоҷикистон пайваста хостори фазои амниятии кишварҳои ҳамҷавор, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буд ва мемонад. Ҳама гуна ноамниҳои ин кишвар метавонад бо  оқибатҳои нохушоянде нисбат ба кишвари мо анҷом ёбад. Бинобар ин, каҷфаҳмиҳову арзёбиҳои носаҳеҳи сиёсӣ дар ин маврид беҷо ва аз мақсад дур аст. Ба касе пӯшида нест, ки  Тоҷикистон аз ибтидо ҳамеша хостори хотима ёфтани ҷанги тӯлонӣ дар Афғонистон аст.

Бояд маҳз ашхосе ба мавзӯи сиёсат дахл намоянд, ки  дар ин ҷода саводи казоӣ дошта бошанд. Беҳтар мебуд, он коршиносоне, ки бо назарсанҷиву  изҳори ақидаҳои худ афкори ҷомеаро ба гумроҳӣ ва ноумедӣ мебаранд, ба ҷойи сухан гуфтан хомӯширо ихтиёр намоянд.

Аҳмади Солеҳ