Олусон ҳамаро каҷ мебинанд

№41 (3026) 01.04.2013

Яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар маҳсуб ёфта, дар ин ҷода иқдомоти зиёде амалӣ мешавад. Бунёди НБО-и «Роғун» аз ҷумлаи ҳадафҳои барои мардуми мо сарнавиштсоз буда, бидуни эъмори он расидан ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ ғайриимкон аст. Мутаассифона, ҳамсоякишвари мо — Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар заминаи андешаҳои беасос ва аз ҳақиқати воқеӣ фарсахҳо дур, бо истифода аз усулу имкониятҳои гуногун, ба татбиқи ин лоиҳаи на танҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои минтақа манфиатовар, монеа эҷод мекунад. Далели возеҳи ин мусоҳибаи муовини вазири обёрӣ ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев бо радиои СММ аз 21 марти соли 2013, ки дар сомонаи www.tjinform.com ин мазмун дарҷ шудааст, мебошад.

Номбурда гуфтааст, ки кишвараш ба шеваи баргузории ташхиси тарҳи НБО-и «Роғун» ва интихоби аъзои ҳайати коршиносон розӣ набуда, натиҷаҳои ташхисро мумкин аст, эътироф накунад. Вай ҳамчунин Тоҷикистон ва Қирғизистонро айбдор кардааст, ки бо истифода аз обанборҳо дар зимистон барои Ӯзбекистон селу обхезӣ ва дар фасли кишт хушкию камобӣ «ташкил» мекунанд.

Дар робита ба ҳайати коршиносони байналмилалӣ муовини вазири обёрӣ ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба он назар аст, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон бо салоҳдиди худ интихоб кардааст ва барояшон музд медиҳад ва бино ба зарбулмасали машҳур «рақсро касе фармоиш медиҳад, ки пули мусиқиро мепардозад.»

f7508b7-rogun

Шавкат Ҳамроев мегӯяд: «Бонки Умумиҷаҳонӣ бояд мустақиман коршиносонро сармоягузорӣ кунад, вале он барои баргузории ташхиси байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ дод ва Тоҷикистон ба таври сунъӣ афроди дилхоҳашро интихоб карда, худ ба аснодҳо имзо мегузорад ва пули кори анҷомшударо медиҳад.»

Мавсуф ҳамчунин гуфтааст, ки шикоятҳои зиёди кишвараш бобати шеваи баргузории ташхис ва масъалаҳои умдаи он низ беҷавоб мондаанд. Ба ин сабаб, хулоса кардааст ӯ, вақте натиҷаҳои кори гурӯҳи таҳқиқи тарҳ омода мешаванд, барои Ҷумҳурии Ӯзбекистон мушкил хоҳад буд, ки онҳоро бипазирад. Вай таъкид кардааст, ки «натиҷаҳои нимакора» ҳамаи тарафҳоро қаноатманд нахоҳад кард. Дар ҳамин радиф вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдодов ба он назар аст, ки иддаъои навбатии ҷониби Узбекистон чун даъвоҳои пештара дар бораи лоиҳаи НБО- и «Роғун», ки ин дафъа дар сатҳи муовини вазири обёрӣ ва хоҷагии оби Ӯзбекистон баён гашта, баргузории ташхиси тарҳи НБО-и «Роғун» ва интихоби аъзои ҳайати коршиносонро, ки аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ бо дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфтааст, зери суол гузоштааст, аслан бемантиқ мебошад. Зери шубҳа гузоштани фаъолияти як ташкилоти сатҳи байналмилалӣ, ки усулу шеваи хоси худро дар интихоби ҳамкорони худ ва мустақилияти дахлнопазир дар интихоби коршиносон ва маблағгузории лоиҳаҳо дорад, ба ғайр аз таҳқири ин ташкилоти бонуфуз чизи дигаре нест. Ин дар ҳолест, ки саҳми Бонки Умумиҷаҳонӣ дар ҳалли мушкилоти зиёди давлати ҳамсоя низ назаррас аст. Мавзуи бунёди НБО -и «Роғун» аллакай дар сатҳи ташкилотҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, парламентҳо, сиёсатмадорону коршиносони сатҳи байналмилалӣ омӯхтаву пазируфта шудааст. Дар гузоришу тадқиқотҳои онҳо борҳо моҳияти истифодаи захираҳои обию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла НБО-и «Роғун» на танҳо барои як кишвар, балки тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчун манбаи энергияи арзону аз лиҳози экологӣ тоза, исбот шудааст. Фақат бо иқдоми Бонки Умумиҷаҳонӣ се маротиба натиҷаҳои ташхиси фаннии лоиҳаи НБО-и «Роғун» дар сатҳи намояндагони ҳукуматҳои давлатҳои минтақа ва ҷомеаи шаҳрвандии онҳо баррасӣ гардид ва дигар ҳеҷ як даъвои беасосе монеаи татбиқи он нахоҳад шуд.

Ба андешаи Маҳмадшариф Ҳақдодов, даъвои навбатии ҷониби Ӯзбекистон боз аз он ҷиҳат беасос мебошад, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳалли масъалаҳои оби сайёраро дар ҳамкорӣ бо давлатҳои ҷаҳон мебинанд ва ба ин мақсад соли 2013 — Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об эълон гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз ташаббускорони ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ гузаронидани конференсияи байналмилалиро дар моҳи августи соли ҷорӣ, ки дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба нақша гирифтааст.

Тоҷикистон дар сиёсати глобалии экологӣ, махсусан баррасии масоили об, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун пешво шинохта шудааст. Кишвари мо ташаббускори қабул гардидани се қарори муҳими Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид доир ба об, яъне эълон гардидани Соли байналмилалии оби тоза (соли 2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005- 2015) ва «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об дар соли 2013» буда, дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пешбарандаи фаъоли сиёсати марбут ба об эътироф гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибат бо ҳамсоягон ва кулли давлатҳои олам «сиёсати дарҳои кушода»-ро пеш гирифтааст ва ин сиёсатро тағйир нахоҳад дод.

Дар ҳамин росто, директори генералии ҶСК НБО-и «Роғун»Хайрулло Сафаров гуфтааст, ки коршиносони гурӯҳи байналмилалиро худи Бонки Умумиҷаҳонӣ интихоб кардааст ва маблағгузории кори ҳайат низ аз тарафи Бонки Умумиҷаҳонӣ анҷом ёфта,Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала алоқаманд нест. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Салимов низ иддаои Шавкат Ҳамроевро комилан беасос хонда, минҷумла гуфт, ки лоиҳаи НБО-и «Роғун» тарҳи ҷадид набуда, дар замони давлати абарқудрати шӯравӣ таҳия шудааст. Нуқтаи хеле муҳим ва ҷолиб он аст, ки дар таҳияи ин лоиҳа пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашии Ҷумҳурии Ӯзбекистон саҳми босазо доштанд. Аз ҷониби дигар, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботи байналмилалӣ дар истифодаи захираҳои гидроэнергетикии худ комилан соҳибихтиёр аст. Сарфи назар аз ин ва дигар омилҳо, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад аз онҳо ба манфиати худ «сӯистифода» намояд, кишвари мо барои муътақид гаштани ҷомеаи ҷаҳонӣ ба анҷоми ташхиси фаннӣ- экологӣ розӣ шуд. Бино ба гуфти номбурда, чунин тасмимгирӣ иқдоми саҳлу содда набуда, далели он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дурустии бунёди неругоҳи фавқуззикр комилан дилпур аст. Пас кадом ҳолат метавонад ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам Ӯзбекистонро қонеъ гардонад? Ба ин пурсиши журналистон муовини вазири обёрӣ ва хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев гуфтааст, ки бояд неругоҳҳои хурде сохта шаванд, ки ҳавзаи рӯдҳоро тағйир надиҳанд. Вай шикоят мекунад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз неругоҳҳои барқи- обии «Норак» ва «Қайроққум» ваҶумҳурии Қирғизистон бо истифода аз обанбори «Тухтагул» барои ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон дар фурсати дилхоҳашон селу обхезӣ ё камбуди об эҷод мекунанд. Ҷаноби Ҳамроев бар ин аст, ки ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон бояд неругоҳҳои бидуни обанбор созанд. Аммо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мақсади дигар доранд, меафзояд Ҳамроев: «онҳо мехоҳанд идораи захираҳои обро ба дасти худ гиранд, мехоҳанд рӯдҳо зери фармони онҳо бошанд ва онҳо тавонанд шароити ғайриоддӣ ба вуҷуд оранд. Ин хел намешавад ва касе ба ин роҳ намедиҳад.» Вале, тибқи суханони директори генералии ҶСК НБО-и «Роғун» Хайрулло Сафаров, ин даъвоҳо пурра беасосанд.Тавре мавсуф гуфтааст: «Танзими об дар асоси Протоколи 566 ва Созишномаи соли 1996 сурат мегирад ва тамоми ин муддат мо аз он дарсади обе, ки бояд истифода барем, камтар истифода мебарем ва кишварҳои поёноб, Ӯзбекистон ва Туркманистон аз меъёре, ки ин созишнома муайян кардааст, то 30-40-50 дар сад зиёдтар об мегиранд. Ҳамаи ин санаду ҳуҷҷат шудааст ва ин ҷо дурӯғе роҳ ёфта наметавонад.» Эътироф бояд кард, ки муовини вазири обёрӣ ва хоҷагии оби Ӯзбекистон дар баробари андешаҳои ҳазёномезаш доир ба роҳҳои ҳалли ин нофаҳмӣ, пешниҳоди хубе кардааст. Ӯ минҷумла гуфтааст, ки ин ҳамдигарнофаҳмиро метавон бо гуфтушуниду муколама ҳал кард ва агар тарҳҳои обу энержии минтақа бо ризоияти ҳамсоягон амалӣ шаванд, ба манфиати ҳамагон хоҳанд буд. Дар посух ба ин директори генералии ҶСК НБО-и «Роғун» Хайрулло Сафаров аз ҷаноби Ҳамроев даъват кардааст, дар заминаи сафаре ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазъият аз наздик ошно шавад ва бубинад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ кори ношаффофе дар ин замина анҷом надодаасту намедиҳад. Ин пешниҳоди Хайрулло Сафаров далели возеҳи комилан шаффоф будани ин раванд буда, дар ин маврид танҳо тасмими Шавкат Ҳамроев дар мавриди пазируфтани ин пешниҳод метавонад то андозае асос доштани иддаоашро собит намояд.

Вақт нозир аст. Мунтазир мешавем.

 

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»