Коррупсия- амали номатлуб

«Ҷонҳои мурда» нур ва неру доранд?

№17 (3163) 18.02.2014

на танҳо доранд, балки ҳамчун манбаи даромад дар ШСХК «Барқи Тоҷик» истифода мешаванд

Аз суҳбат бо директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб маълум гардид, ки тӯли соли гузашта камбудиву норасоиҳои зиёди молиявӣ, бахусус дар соҳаҳои энергетика ва саноат, кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, маориф ва  тандурустӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи  амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хадамотҳои гумрук, алоқа, Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ошкор шудаанд. Хусусан камбудиву норасоиҳои нисбатан калон дар рафти тафтишу санҷишҳои молиявии сохторҳои собиқ Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуд. Дар 48 корхонаву муассисаи тобеи он  зарари молиявӣ маблағи 27,4 миллион сомониро ташкил медиҳад. Зиёда аз 60 фоизи зарари молиявии ошкоргардида ё ин ки 16,9 миллион сомонии он дар ташкилоту муассисаҳои Ширкати саҳомию холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» муайян шуданд.

Таваҷҷуҳи бештар ба ин ширкат бесабаб нест, зеро ҳар яки мо муштарии он ҳастем. Ин ширкат бароямон барқ медиҳад, на ройгон, балки бар ивази пардохти маблағ.

- Таҳлили нишондиҳандаҳои иқтисодии ширкат муайян намуд, ки қарзҳои дебитории корхона ба ҳолати 1 марти соли 2013 маблағи 863,9 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали солҳои 2012- 2013 мутаносибан ба маблағи 242,6 миллион сомонӣ ва 91,8 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, он асосан аз ҳисоби пардохт нагардидани қувваи барқи истифодашуда аз тарафи Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳои азими ҷумҳурӣ ва аҳолӣ ба амал омада, сол то сол тамоили зиёдшавӣ дорад,- гуфт дар  идомаи суҳбат Абдуфаттоҳи Ғоиб.

-Қарздории аҳолии ҷумҳурӣ бошад, ба ҳолати 1 марти соли 2013 маблағи 355,5 миллион сомониро ташкил дода, нисбати аввали соли 2012 ба маблағи 70,5 миллион сомонӣ зиёд гардидааст. Омӯзиш ва таҳлили сабабҳои зиёдшавии қарзи аҳолӣ аз истифодабарии қувваи барқ дар ҶСК «Шабакаҳои барқи Душанбе» муайян намуд, ки дар асл қарзи муштариёни шаҳри  Душанбе ба ҳолатҳои 1 январи соли 2012 маблағи 39,4 миллион сомонӣ ва 1 апрели соли 2013 маблағи 62,9 миллион сомониро ташкил медиҳанд, вале ин қарзҳо дар ҳисоботи муҳосибӣ беасос ду-се баробар зиёд нишон дода, мутаносибан ба маблағи 96,8 миллион сомонӣ ва 120,6 миллион сомонӣ сабт шудаанд.

Норасоии барқ имрӯз яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Дар бисёр минтақаҳо барои истифодаи барқ маҳдудият ҷорӣ шудааст. Вақте фаъолияти ШСХК «Барқи Тоҷик»- ро ҷиддӣ мавриди санҷиш қарор  медиҳем, камбудиҳо ҳамон қадар бештар ошкор  мегарданд. Қарзе, ки чандин солҳо ҷамъ шудааст, ШСХК «Барқи Тоҷик» онро ба аҳолӣ нисбат медиҳад ва аз ҳисоби онҳо онро рӯйпӯш карданӣ мешавад.

Қарзи аҳолии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, аз ҳисоби напардохтани қувваи барқи истифодашуда ба ҳолати 1 марти соли 2013 дар ҳисоботи муҳосибӣ маблағи 50,8 миллион сомониро ташкил медиҳад, вале тафтиш муайян намуд, ки ин қарзҳо дар асл ҳамагӣ 10,3 миллион сомонӣ буда, беасос 5 баробар зиёд нишон дода шудаанд.

Таҳлилҳо собит намуданд, ки бо мақсади ба таври сунъӣ баланд нишон додани ҳаҷми ҷамъоварии маблағи пардохти истифодабарии қувваи барқ ва самаранокии фаъолияти истеҳсолии корхона, дар соли 2012 ва семоҳаи аввали соли 2013 корхонаҳои буҷетӣ маблағи неруи барқи истифоданагардидаро ба ҶСК «Шабакаҳои барқи Душанбе» мутаносибан ба маблағи 14,5 миллион сомонӣ ва 8,0 миллион сомонӣ беасос пешпардохт намудаанд.

Инчунин назорат аз рӯйи истифодаи неруи барқ дар соҳа дуруст ба роҳ монда нашуда, талаботи «Қоидаҳои сохти таҷҳизоти барқӣ» ва «Қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ» риоя карда намешавад, ки яке аз сабабҳои беасос аз аҳолӣ ҳисобӣ намудани неруи барқ гардидааст. Танҳо дар муҳлатҳои барои тафтиш муқарраргардида бо иштироки масъулини соҳа дар 340 корхонаю ташкилот, муассиса ва манзилҳои истиқоматии тобеи шабакаҳои барқи вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Турсунзода истифодаи ғайриқонунӣ, яъне берун аз ҳисобкунакҳои барқӣ тариқи дуздӣ истифода намудани 5,7 миллион кВт/соат неруи барқ ошкор карда шуд.

Тафтиши молиявӣ дар Шабакаҳои барқи марказӣ муайян сохт, ки аз тарафи шахсони масъул дар моҳҳои ноябр- декабри солҳои 2011- 2012 бо роҳи  сохтакорӣ ва тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ неруи барқ дар ҳаҷми 51,1 миллион кВт/соат беасос ҳамчун барқи ба МД «Обёрии мошинии шаҳри Душанбе» интиқолгардида аз ҳисобот бароварда, ба давлат ба маблағи 4,8 миллион сомонӣ зарари молиявӣ расонида шудааст.

Дар рафти тафтиши молиявии Шабакаҳои барқии ҷанубӣ санҷишҳои мутақобила дар Идораи давлатии байниноҳиявии хоҷагии оби ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ва МД «Обёрии мошинии шаҳри Душанбе»-и собиқ Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисобот ба даромад нагирифтани неруи барқи интиқолгардидаро мутаносибан ба миқдори 37,9 миллион кВт/ соат ба маблағи 1 миллиону 726,4 ҳазор сомонӣ ва 35,5 миллион кВт/соат ба маблағи 621,6 ҳазор сомонӣ — ҷамъ 73,4 миллион кВт/соат ба маблағи  2 миллиону 348,1 ҳазор сомонӣ ошкор намуд, ки дар рафти тафтиш дар ҳисоботи корхонаҳои номбурда ба даромад гирифта шуданд.

Тафтиши молиявӣ дар Шабакаҳои барқи Ленинобод муайян намуд, ки дар ҳаммаслакӣ бо масъулини шабака, ҶДММ «Система» (осиёби ордбарорӣ) дар давраи аз 1 январи соли 2011 то 31 апрели соли 2013 ба миқдори 4 миллион кВт/соат неруи барқро ба маблағи 1 миллиону 139 ҳазор сомонӣ истифода намуда, онро дар ҳисобот ва санадҳои қабули неруи барқ нишон надода, ба давлат ба ҳамин андоза зарари молиявӣ расонидааст. Дар рафти тафтиш маблағи зарари молиявӣ аз тарафи ҶДММ «Система» пурра ба буҷет барқарор карда шуд.

Ҳамагӣ тафтиши молиявӣ дар ШСХК «Барқи Тоҷик» ва зерсохторҳои он зарари молиявиро ба маблағи умумии 16,9 миллион сомонӣ ошкор намуд, ки аз он маблағи зарар дар худи ширкат 5 миллиону 18 ҳазор сомонӣ, Шабакаҳои барқи марказӣ 5 миллиону 52 ҳазор сомонӣ, ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе» 3 миллиону 523 ҳазор сомонӣ, Шабакаҳои барқи Ленинобод 1 миллиону 415 ҳазор сомонӣ, Шабакаҳои барқи ҷанубӣ 616,5 ҳазор сомонӣ ва инчунин Шабакаҳои барқи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Турсунзода, ноҳияҳои Рашт ва Данғара 867 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар рафти тафтиш аз маблағи умумии зарар 10 миллиону 184 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд.

Инчунин дар натиҷаи тафтиши КВД «Нафту газ ва ангишт»-и собиқ Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи аз моҳи майи соли 2011 то моҳи июни соли 2013 як қатор камбудию норасоиҳои ҷиддии молиявӣ ошкор гардид.

Муайян гардид, ки тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011 №656 ва аз 29 декабри соли 2012 №753 дар хусуси тадбирҳои иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» ва «Дар бораи  Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» аз ҳисоби сармоягузориҳои мутамаркази маблағҳои Буҷети давлатӣ ба КВД «Нафту газ ва ангишт»-и Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон 7,5 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Аз ҳисоби маблағҳои ҷудогардида, бе гузаронидани тендер, КФ «Суғднефтугаз» дар асоси шартномаҳои тарафайн аз КФ «Пармакунии ҷануб»-и КВД «Нафту газ ва ангишт» лӯлаҳои пармакунӣ ва қубурҳоро ба маблағи 900 ҳазор сомонӣ харидорӣ намудааст.

Дар натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки аз тарафи КФ «Пармакунии ҷануб» зимни фурӯш бе асос арзиши лӯлаҳои пармакунӣ ва қубурҳо ба маблағи 577 ҳазор сомонӣ зиёд нишон дода, ба давлат  ба ҳамин маблағ зарари молиявӣ расонида шудааст. Маблағи зарар пурра барқарор карда шуд.

Айни ҳол маводи тафтиши Ширкати саҳомию холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва зерсохторҳои он ҷиҳати баррасӣ ва барқарор  намудани бақияи зарари молиявии  ошкоргардида дар бахшҳои тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»