Мушкилот ва пешниҳод

Санҷиши воситаҳои ченак ва таъминоти метрологии зеристгоҳҳои барқӣ ҷавобгӯйи талабот нест

№105-106 (3251-3252) 12.09.2014

Дар ҳоле ки оддитарин талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ дар ин ҷода риоя намешавад, пас беҳбудиро дар самти коҳиши талафоти неруи барқ умедвор шудан ғайриимкон аст  

 «Ҷиҳати таъмини минбаъдаи кишвар бо қувваи барқу гармӣ тавассути барқарор намудани неругоҳҳои мавҷуда ва ба кор андохтани иқтидорҳои нав, аз ҷумла бунёди хатҳои интиқоли барқ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, паст кардани талафоти он, истифодаи технологияи каммасрафи барқӣ ва аз ҷониби дигар, ба идораи оқилонаи захираҳои обӣ дар минтақа диққати афзалиятнок дода мешавад».

 (Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Зимни ирсоли Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва паст кардани талафоти он дастуру ҳидоятҳои мушаххас ироа гардида буд.Дар ин замина, бо истифода аз маблағҳои грантӣ ва қарзии ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ  аксарияти зеристгоҳҳо ва неругоҳҳои барқи обии  ҷумҳурӣ таъмиру таҷдид шуда, бо таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ таъмин гардиданд. Инчунин, ҷиҳати кам кардани талафоти  неруи барқ ва дурусту аниқ пеш бурдани ҳисоби  он дар ҷумҳурӣ давра ба давра ҳисобкунакҳои барқии индуксионии дараҷаи саҳеҳияташон 2-2,5 фоизаи давраи Шӯравӣ ба ҳисобкунакҳои ҳозиразамони электронии дараҷаи саҳеҳияташон 1,0 фоиза иваз шуда истодаанд.Бино ба гуфти раиси  Кумитаи техникӣ «Оид ба сарфаҷӯйии энергия, самаранокии энергетикӣ ва энергоменеҷмент» дар назди Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсияи ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷурахон Раҳимов, талафоти барқ дар ҷумҳурӣ айни замон мутобиқи омори расмӣ 14 фоизро ташкил медиҳад.  Амалан бошад, ин рақам зиёда аз 20 фоизро ташкил медиҳад, ки ин омил боиси нигаронии ҷиддист. Мавсуф  зимни суҳбат изҳор намуд, ки тибқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона», «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», стандартҳои ГОСТ 12.2.007.0-75 «Қоидаҳои корфармоии сохторҳои барқии истеъмолкунандагон» (ПТЭ), ГОСТ 12.2.007.3-75 «Қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми корфармоии таҷҳизоти барқии истеъмолкунандагон» (ПТБ), ГОСТ 13109-91 «Меъёрҳои сифати энергияи барқӣ дар системаҳои барқрасонии таъиноти умумӣ», ҲР ҶТ (Ҳуҷҷати роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон)  50-014-2004 «Номгӯи маҳакҳо ва воситаҳои ченкунии корие, ки санҷиши давлатиашон ҳатмист» ва дигар қоидаву меъёрҳои метрологӣ воситаҳои ченак ҳангоми воридот ва истифодабариашон дар ҷумҳурӣ бояд мавриди озмоиши ҳатмӣ қарор гирифта, навъашон тасдиқ ва дар Феҳристи давлатии воситаҳои ченак ба қайд гирифта шаванд. Яъне, ҳама воситаҳои ченаке, ки ба талаботи қонунгузории метрология рабт доранд, таҳти назорати хадамоти метрологӣ қарор мегиранд. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки воситаҳои ченаки таҳти назорати қонунгузории метрологӣ қарордоштаро то дар он  гузоштани муҳри мутобиқат истифода барад ва ё барои истифода бурдан нигоҳ дорад.Вале, санҷишҳои аз тарафи мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» гузаронидашуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар аксари  шуъбаҳои Раёсати  фурӯши барқи ШСХК «Барқи Тоҷик» ва зеристгоҳҳои баландшиддати барқии 500/220/110/35/10-и шабакаҳои барқии зертобеи он вазъи техникии воситаҳои ченкунӣ, таъминоти метрологӣ ва иҷроиши Нақша-чорабинӣ оид ба гузаронидани санҷиши давлатии ҳисобкунакҳои барқӣ барои соли 2014 ҷавобгӯйи талаботи мавҷуда нест. Собит гардид, ки қисмати зиёди воситаҳои ченкунии нав ба ҷумҳурӣ вориду насб кардашуда ва пештар мавҷудбуда бидуни риояи муқаррароти қонун ва ҳуҷҷатҳои фавқуззикр, бе муҳру тамғаи  санҷиши давлатӣ истифода мешаванд ва аксари зеристгоҳҳои барқӣ аз ҷиҳатӣ метрологӣ пурра бо таҷҳизоти зарурӣ  таъмин нестанд.  Номбурда муътақид аст, ки яке аз  сабабҳои асосии талафоти аз ҳад зиёди неруи барқ  истифодаи воситаҳои ченаки корношоям ва ба таври кофӣ таъмин набудани иншооти энергетикӣ бо воситаҳои ченаки ҳозиразамон маҳсуб меёбад. Таҷрибаи байналмилалӣ низ аз он шаҳодат медиҳад, ки маҳз истифодаи воситаҳои ченаки корношоям  метавонад сабабгори асосии тақрибан сеяк ҳиссаи талафоти   неруи барқ  гардад.  Дар ҳоле, ки оддитарин талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ дар ин ҷода риоя намешавад, пас беҳбудиро дар самти коҳиши талафоти неруи барқ умедвор шудан ғайриимкон аст. Тибқи суханони  раиси Кумитаи фавқуззикр, Нақша-чорабинӣ  оид  ба гузаронидани  санҷиши давлатии ҳисобкунакҳои  барқӣ  барои  соли 2014, ки  аз тарафи Раёсати фурӯши барқи  ШСХК  «Барқи Тоҷик»  таҳияву тасдиқ шудаст,  мебоист давоми шаш моҳи соли равон 50027 адад ҳисобкунакҳои барқии якноқила ва 2500 адад ҳисобкунакҳои сеноқила барои санҷиши мутобиқат ба озмоишгоҳҳои Агентӣ пешниҳод карда мешуд. Мутаассифона,  нақшаи мазкур  то имрӯз мутаносибан 44-46 фоиз  иҷро гардидаасту халос. Ҳамзамон, бояд зикр намуд, ки  давоми солҳои охир тибқи лоиҳаи «Паст кардани талафоти энергия» бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути маблағҳои грантӣ барои аҳолӣ ва идораву корхонаҳои ҷумҳурӣ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой зиёда аз 200 ҳазор адад ҳисобкунакҳои муосири барқии электронии 1 ва 3 ноқила харидорӣ ва  насб карда шуданд. Ҳарчанд тибқи талаботи мавҷуда  муҳлати аз санҷиши мутобиқат гузаронидани  қисмати аъзами онҳо фаро расида бошад ҳам, мутасаддиёни ШСХК «Барқи Тоҷик»   ҷиҳати иҷрои  он иқдом  накарда истодаанд. Дар моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» омадааст: «Баҳисобгирии моли (кори, хизматрасонии) ҳаққонӣ гирифтаи истеъмолкунанда (кору хизмати ҳаққонӣ барояш иҷро карда)-ро фурӯшанда бо тарозу, ба воситаи асбобу анҷом, ҳисобкунакҳо ва асбобу анҷоми дигари меъёргирие, ки мақомоти давлатии стандартизатсия ва метрология санҷида, тамға задаанд, таъмин менамояд. Ин асбобу анҷомҳо ва дигар асбобу анҷомҳои ҳисобгирии инфиродии миқдори моли гирифтаи истеъмолкунанда (кору хизмати расонида) моликияти фурӯшанда  (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) буда, аз тарафи онҳо хизматгузорӣ мешаванд.»  Яъне, тибқи талаботи қонуни мазкур ШСХК «Барқи Тоҷик», ки ягона монополист ва  фурӯшандаи  неруи барқ дар ҷумҳурӣ  маҳсуб  меёбад,  вазифадор аст, ки   «хизматгузорӣ»-и  ин «асбобу анҷомҳои ҳисобгирии инфиродии миқдори моли гирифтаи истеъмолкунанда»-ро  ба зиммаи худ гирад. Таҳлилу мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ШСХК «Барқи Тоҷик» бо монометрҳои техникӣ ва ҳароратсанҷҳои монометрӣ  барои трансформаторҳои пурқудрат таъмин нест. Шумораи термосигнализаторҳое, ки дар чунин трансформаторҳо васл шудаанду аз гармшавии аз ҳад зиёд бояд онҳоро ҳимоя намоянд, тибқи талаботи техникӣ  нокифоя мебошанд, ки маҳз ҳамин омил   боиси аз кор баромаданашон  мешавад.           Дар ҳамин росто, қисмати зиёди монометрҳои «выключателҳои» 110 ва 220 кВ, ки дар клеммаҳои воридотии трансформаторҳои  пурқудрат васл шудаанду фишори равғани онҳоро бояд нишон диҳанд, солҳост, ки аз санҷиши давлатӣ нагузаштаанд ва дар аксари ин қабил трансформаторҳо  умуман вуҷуд надоранд.      Нуктаи муҳими дигар он аст, ки на ҳамаи воситаҳои ченкунии дар шабакаҳо истифодашаванда мувофиқи талаботи моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона», ки  «Тасдиқи навъи воситаи ченак» ном дорад, дар Феҳристи давлатии воситаи ченак ба қайд гирифта шудаанд. Барои мисол,  баъзе воситаҳои ченаки дар  зеристгоҳҳои барқии «Варзишӣ»-110/35/10, «Академгородок»-110/35/10, «Суғд-500», «Истаравшан-220» ва ғайра мавҷудбуда, ба монанди термосигнализатори навъи АКМ, истеҳсоли Ширкати «KIHLSTROMS» — Шветсия ва BWR2 804J истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Хитой, мановакууметри ZDM ( истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Хитой), монометри техникии «Qualitrol», (Туркия), ТОП  (Федератисияи Россия), LMK 600 хроматографи гази «TRIXTON X» ва тепловизори «FLIR GF-306»  аз ҳамин ҷумлаанд. Масъулини  Кумита   ҳамчунин  ба он назаранд, ки дар  низоми энергетикии ҷумҳурӣ навъҳои гуногуни ҳисобкунакҳои барқӣ истифода мешаванд, ки ҳангоми санҷиш ва ё таъмири онҳо  мутахассисон ба  мушкилиҳои зиёд мувоҷеҳ мегарданд.Барои роҳ додан ба чунин камбудиҳо,  дағалона вайрон намудани қонунгузории соҳа  ва қоидаву меъёрҳои метрологии дар боло номбаршуда аз ҷониби мутахассисони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор мутасаддиёни ШСХК «Барқи Тоҷик» амрияҳо  бобати дар муҳлати муайянгардида  ислоҳ намудани  камбудиҳо  содир ва пешниҳод гардида буд. Боиси таассуф аст, ки  то ҳол ин камбудиҳо ислоҳ нашудаанд…  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  ба роҳбарияти ШСХК «Барқи Тоҷик» дастур дода буд, ки «сифат ва самаранокии кори Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва хусусан ҳолати иқтисодию молиявии ин ширкати бонуфуз бояд баланд бардошта шавад». Дар робита ба беҳсозии ҳолати молиявии ширкат таъкид гардид, ки «таваҷҷуҳи махсус ба фаъолияти роҳбарият ва кормандони Раёсати фурӯши барқ зоҳир карда шавад, то ки ҳолатҳои номатлуб, ба мисли азхудкунии ғайриқонунии маблағҳо, рӯйпӯш намудани дуздии муштариён, аз меъёрҳои маъмулӣ зиёд нишон додани талафоти технологию тиҷоратии неруи барқ аз миён бардошта шавад». Биноан, дар заминаи чорандешиҳои саривақтӣ ислоҳи камбудиҳои зикршуда аз ҷониби сохторҳои марбута зарур, муҳим ва ногузир аст. Зеро ин вазифаи ҷонии онҳо буда, аз ҷониби ҳомии ҳуқуқҳои конститутсонии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон –муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиммашон вогузор шудааст.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»