Таъмини амнияти озуқаворӣ бе истиқлолияти энергетикӣ амри маҳол аст

№56 (3041) 11.05.2013

Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи кормандони дастгоҳи марказӣ ва як қатор муассисаву корхонаҳои тобеи вазорати мазкур оид ба омӯзишу роҳандозӣ намудани нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора ба мо аз котиботи ин вазорат иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа баромадкунандагон зикр намуданд, ки кормандони соҳа бо амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки аз паёмҳои ҳарсолаашон  бармеомаданд, дар бахшҳои энергетика ва саноат, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Ба истифода додани НБО -ҳои хурду калон, ифтитоҳи чандин корхонаҳои саноатӣ, ташкил гардидани садҳо ҷойҳои нави корӣ аз ин ҷумла мебошанд. Ҳамчунин оид ба аҳамияти Паёми имсолаи Сарвари давлат, ки самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, рушду инкишофи соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла соҳаҳои энергетика ва саноат, аз қабили таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ташкили маҷмааҳои саноатӣ ва сӯзишворию энергетикӣ, таъмини ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бо неруи барқ, ба кор андохтани неругоҳҳои барқи обии хурду калон, зарурати тезондани  ҷараёни истифодаи технологияи муосир дар истеҳсолотро фаро гирифтааст, ибрози назар карданд.

Тавре маълум аст, бо мақсади афзоиш додани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Аз  ҷумла дар давраи миёнамуҳлат бунёди 200 корхонаи саноатӣ  дар назар дошта шудааст, ки дар натиҷа қариб 18 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳад шуд.

Дар хотимаи ҷаласа кормандони соҳа дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз Паёми имсолаашон бармеояд, ҳаматарафа ҷонибдорӣ намуда, иброз доштанд, ки барои дар амал татбиқ  намудани онҳо, аз ҷумла дар самти расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикии ҷумҳурӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ,  ҳамчунин ташкили ҳар чӣ бештари ҷойҳои нави корӣ ҳамчун самтҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои асосии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талош варзида, саҳми арзандаи худро дар ин ҷода хоҳанд гузошт.

 Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»