Проблема ва мулоҳиза

Энергияи барқароршаванда ба пешгирии ифлосшавии ҳаво ва об чӣ таъсир гузошта метавонад?

№92 (4354) 13.07.2021

коллажОхири моҳи май ва оғози моҳи июни соли равон ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ якбора баланд шуда, чангу ғубор сокинони кишварро нороҳат кард. Ин гуна ҳавои хушку гарм ва серчангу ғубор, алалхусус, барои гирифторони бемориҳои диққи нафас (астма), шуш, дилу рагҳо, аллергия мушкилӣ пеш меорад.

Мушовири Ассотсиатсияи энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон Фаррух Қосимов зимни семинари омӯзишӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки ғайр аз чангу ғубори муқаррарӣ, заррачаҳои хурди ба чашм ноаёни РМ 2,5 (диаметрашон аз 2,5 микрометр хурд) ба саломатӣ хатар эҷод мекунанд. Онҳо аз муҳаррики автомобил ва таҷҳизоту дудбарори корхонаҳо ба фазо бархоста, ҳафтаҳо дар ҳаво муаллақ мемонанд. Онҳо дар натиҷаи хокбориш (тӯфони чангу ғубор) низ ба сари сокинони ҷумҳурӣ мерезанд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Оҷонсии байналмилалии омӯзиши саратон РМ 2,5 — ро ба рӯйхати хатарнокии категорияи якум шомил намудаанд. Ҳар қадар заррачаҳо дар фазо зиёд бошанд, ҳамон андоза ба саломатии касоне ки аз он ҳаво нафас мекашанд, бештар зарар мерасонанд.

Сардухтури Беморхонаи гӯш, гулӯ ва бинии шаҳри Ҳисор, духтури дараҷаи олӣ Тоҷиддин Халилов гуфт, ки заррачаҳои РМ 2,5 бо роҳи нафаскашӣ ба даҳону гулӯ ворид шуда, дар шуш ҷой мегиранд.

Фаррух Қосимов иброз намуд, ки ниқобҳои муқаррарии якдафъаина пеши вуруди РМ 2,5 ба роҳҳои нафасро гирифта наметавонанд. Барои пешгирӣ аз заррачаҳои зарарнок ниқоби пурқувваттар («респиратор» №95) гирифтан зарур аст.

Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар натиҷаи ифлосии ҳаво, ҳар сол дар сайёра 7 миллион нафар мефавтанд. Ин рақам аз шумораи беморони аз коронавирус фавтида ду маротиба зиёд аст.

Мувофиқи иттилои сомонаи «Worldlifeexpectancy.com», бемории ишемиявии дил, инсулт, зуком ва пневмония, бемориҳои шуш, ҷигар, бемории алтсгеймер, ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, диабети қанд, саратони меъда ва гипертония (фишорбаландӣ) ба рӯйхати 10 беморие ворид гардидаанд, ки сабабгори бештари фавт дар Тоҷикистон мебошанд.

Номзади илмҳои кишоварзӣ Муродҷон Эргашев иброз намуд, ки солҳои охир тӯфони чангу ғубордор дар мамлакат зиёд шуда истодааст. Соли 2013 олимон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ тӯфони чангу ғубореро ба қайд гирифтанд, ки аз регзори Аралқум бархоста буд. Тирамоҳи соли 2011 бо сабаби хокбориши шадид Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳои аз шаҳрҳои Москва, Шарҷа ва Алмаато омадаро қабул карда натавонист. Ҳамчунин, аз 27 октябр то 1 ноябри соли 2018 дар ҷумҳурӣ хокбориши тӯлонӣ ба қайд гирифта шуд.

Ӯ тавсия медиҳад, ки бо мақсади гирифтани пеши роҳи тӯфони чангу ғубордор «камарбандҳои сабз», яъне теъдоди дарахтонро зиёд бояд кард. Маҳз дарахтон дар муқобили тӯфонҳои ғубордор муқовимат намуда, ҳаворо аз чанг тоза мекунанд. Инчунин, дар регзору биёбонҳо бештар саксавул бояд шинонид, то ин ки ба фазо бархостани чангу ғубор пешгирӣ шавад.

Гази карбонат, оксиди сулфур ва нитроген, кадмий, қӯрғошим, бензопирен ва дигар пайвастагиҳое, ки дар натиҷаи истифодаи сӯзишворӣ аз нақлиёти автомобилӣ хориҷ мешаванд, низ боис ба пайдошавии туманҳои пурдуд, боронҳои ишқордор, осебёбии роҳҳои нафас, беморшавии устухонҳо ва узвҳои ҷинсӣ, сарзании бемориҳои саратонӣ, хирашавии чашм, заъфи узвҳои шунавоӣ, беморшавии кӯдакон ва ғайра мегарданд.

- Яке аз роҳҳои пешгирии ифлосшавии ҳаво гузаштан ба нақлиёти барқӣ, аз ҷумла, электропоезд, электробус, электромобил, электрофургон ва электроскутер мебошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит кардааст, ки истифодаи нақлиёти барқӣ ҳаворо аз ифлосшавии беш аз меъёр ҳифз менамояд, — гуфт М. Эргашев.

Дар расонидани иттилооти вобаста ба тозагии ҳавою об ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ нақши воситаҳои ахбори омма баланд аст. Бо ин мақсад дар соҳаи рӯзноманигорӣ бахши нав — «Журналистикаи экологӣ» ба миён омад.

Ба гуфтаи дотсенти кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ, номзади илмҳои филологӣ Ҷамолиддин Яъқубӣ, журналистикаи экологӣ ҷузъи журналистикаи илмӣ мебошад ва бо номи журналистикаи «сабз» низ шинохта шудааст.

- Ҳадафи журналистикаи экологӣ тавассути расонидани иттилоъ ташаккул додани афкор, афзун намудани масъулиятшиносӣ, донишҳои экологӣ мебошад, — гуфт Ҷамолиддин Яъқубӣ.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилооти экологӣ», ки соли 2011 қабул шудааст, иттилооти экологӣ ба унсурҳои зерин муносибат дорад: вазъи муҳити зист, ҳавои атмосферӣ, оби рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, замин, хок, олами набототу ҳайвонот, ландшафтҳои табиӣ, таъсири мутақобилаи онҳо, организмҳои ирсӣ- муҳандисӣ ва микроорганизмҳо, таъсири моддаҳо, энергия, шавқун, нурафшонӣ ва дигар омилҳои физикӣ ба муҳити зист.

Дар муқоиса бо давраи шӯравӣ ҳоло дар ҷумҳурӣ гирифтани маълумот оид ба сифати ҳавои атмосферӣ хеле осон аст. Раёсати мониторинги муҳити зисти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар рӯз дар сомонаи meteо.tj дар бораи сатҳи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ва консентратсияҳои моддаҳои назоратшаванда маълумоти наву дақиқ пешниҳод менамояд.

Мониторинги сифати ҳавои атмосферӣ дар шаҳри Душанбе аз рӯи нишондиҳандаҳои ду пойгоҳи доимоамалкунанда ва ду лабораторияи сайёр гузаронида мешавад.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист чанде пеш ҷиҳати мукаммалсозии низоми мониторинги ҳавои атмосферӣ ду адад автолабораторияи сайёр харидорӣ намуд. Ин иқдом барои дастрас намудани маълумоти фаврӣ ва дақиқ дар бораи олудагии шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард. Тибқи иттилои расида, инчунин, 7 стансияи худкори метеорологӣ, 15 компютер ва таҷҳизоти дигари техникӣ барои Агентии обуҳавошиносӣ ворид ва насб шудаанд. Оянда ворид намудани 16 стансияи худкор оид ба мониторинги муҳити ҳавои атмосферӣ дар назар аст.

Чӣ кор бояд кард, ки ҳавои шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ тозаву беғубор бошад?

Тибқи тавсияҳои коршиносон, бештар шинонидани дарахту буттаҳо, ­бунёди ҷангал, истифодаи панелу обгармкунакҳои офтобӣ, гузаштан ба нақлиёти барқӣ ва баланд бардош­тани маърифати экологии аҳолӣ боис ба беҳтар шудани ҳолати ҳавои атмосферӣ мегардад.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»