Эътимод ба ояндаи дурахшон қавитар мешавад

№135 (3929) 10.11.2018

43600733932_8b6827f1fc_oАввалин маротиба соли 1770 муҳандиси фаронсавӣ Бернар Форест дар асараш — «Меъмории гидротехникӣ» мафҳуми мошинҳои гидротехникиро шарҳ дода буд. Маҳз ин омил сабаби ба кор даровардани аввалин неругоҳи барқӣ дар ҷаҳон, соли 1878 аз тарафи олими англис Уилям Ҷорҷ Армстронг, гардид.

Лоиҳаи НБО-и «Роғун» соли 1974 аз ҷониби Институти «Гидропроект»-и Осиёи Марказӣ таҳия ва корҳои сохтмонӣ дар он аз соли 1976 оғоз шуда буд. Лозим ба ёдоварист, ки платформаи сохтмонии НБО-и «Роғун» дар баландии аз 1000 то 1700 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Сохтмони садди он ва бастани маҷрои дарёи Вахш 27 декабри соли 1987 шурӯъ гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид зикр карданд, ки «бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» истиқлолияти пурраи энергетикии кишварро таъмин менамояд». Ҳарчанд Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 истиқлолият ба даст оварда бошад ҳам, ҷанги шаҳрванди боис гардид, ки расидан ба истиқлолияти энергетикӣ зери суол равад. Бегуфтугӯ, ободиву зебоӣ ва зиндагии орому осудаи шаҳрвандони ҳар як давлат ба истиқлолияти энергетикӣ сахт вобаста аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфта буданд: «Имрӯзҳо бунёди барқарорсозии иншооти ҳаётан муҳими кишвар, аз ҷумла, НБО «Роғун» ва якчанд неругоҳи хурду миёна дар дарёҳои Вахш ва Зарафшон, босуръат идома дорад. Тавре ки ман борҳо иброз доштаам, рушди имрӯзу фардои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз истифодаи боигарии асосии мамлакатамон, яъне захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии бузург дорад. Зеро ягон кишвари дунё бе рушди энергетика, инчунин, коммуникатсияи ҳозиразамон, тараққӣ карда наметавонад. Аз ин лиҳоз, мо бунёди неругоҳҳои барқи обиро калиди ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва афзоиши неруи содиротии кишвар мешуморем».

Бамаврид аст аз он ёдовар шавам, ки чанд сол қабл Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони мамлакатро даъват карданд, ки аз истифодаи лампаҳои тафсон даст кашанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъд аз татбиқи ин дастур сокинони кишвар дар давоми як сол 2 миллиард киловат — соат неруи барқро сарфа карданд.

Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд ифтихорманд бошад, ки саҳми худро дар эъмори НБО-и «Роғун ба тариқи харидории саҳмияҳо гузоштааст. Доир ба ин амали ҷавонмардонаи ҳамватанонамон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намуда буданд: «Бори дигар ба мардуми шарафманд, сарбаланд ва мушкилнописанди Тоҷикистон барои пуштибонӣ ва ҳамовозӣ ба муроҷиатномаи Сарвари давлат доир ба дастгирии моддиву маънавии сохтмони НБО «Роғун» миннатдории самимии худро иброз менамоям. Зеро дастгирии молиявии «Роғун» кори ватандӯстонаи ҳар фарди бонангу номус ва саҳми дурандешонаи мардуми Тоҷикистон барои ояндаи худ ва фарзандону набераҳояшон мебошад».

Ба кор даромадани чархаи аввали НБО-и «Роғун» эътимоди мардумро ба ояндаи дурахшони миллат ва меҳан қавитар намуда, мо-ҷавононро водор месозад, ки баҳри ободии мамлакат камари ҳимматро мустаҳкамтар бандем.

Абдукарим АЛАМШОЕВ, корманди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон