Эҳтиёткорӣ роҳи асосии пешгирии сироятёбист

№11 (4431) 18.01.2022

Чандест, ки як навъ зуком бисёриҳоро дар кишвар азият медиҳад. Гирифторони он аз сулфаи хушк ва дард дар андомашон шикоят мекунанд. Ин дар ҳолест, ки бино ба маълумоти расонаҳои хабарӣ, рӯзҳои охир теъдоди гирифторшудагон ба бемории COVID — 19 дар ҷаҳон афзуда истодааст. Хусусан, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз қабили Ӯзбекистон ва Қирғизис­тону Қазоқистон штамми «Омикрон» ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти расонаҳои маҳаллӣ, 16 январи соли равон дар Ӯзбекистон давоми як шабонарӯз 1000 нафар беморони коронавирус ба қайд гирифта шуданд. Мувофиқи маълумоти сомонаи «24 kg», то 14 январи соли 2022 шумораи беморони ба COVID — 19 гирифторшуда дар Ӯзбекистон 202473 нафар, Қазоқистон 1 миллиону 108 ҳазору 567 нафар ва Қирғизистон 188206 нафарро ташкил медиҳад, ки қисми зиёди онҳо баъди табобат шифо ёфтаанд.

Дар Тоҷикистон, мувофиқи маълумоти Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус, аз ибтидо то ин дам 17095 нафар ба COVID – 19 сироят шуда, 16966 нафар шифо ёфтаанд.

Зимнан, дар ҷумҳурӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии COVID – 19 тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба қайд гирифтани ин беморӣ бо дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис ёфта, баҳри таъмини пешгирии паҳншавии он ва солимии шаҳрвандон сари вақт тадбирҳои зарурӣ андешида шуд.

Баҳри пешгирии хурӯҷи бемории сироятӣ, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2020 таҳти рақами 1698, дар моддаҳои 112 ва 113 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Тибқи талаботи моддаи 112-уми он, барои риоя накардани чорабиниҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ ҷарима муқаррар гардид.

Дар асоси муқаррароти моддаи 113 барои дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бар хилофи талаботи махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ бе ниқоб қарор доштан низ чораҳои дахлдори қонунгузории амалкунанда муқаррарнамударо татбиқ менамояд. Аз ҷумла, ба андозаи аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима ситонида мешавад.

Муассиртарин роҳи сироят наёфтан ба бемории коронавирус эҳтиёткорӣ аст. Истифода аз ниқобҳои тиббӣ, тоза нигоҳ доштани манзил, утоқи корӣ ва муҳити зист, шустани дастон бо собун ё маҳлулҳои антисептикӣ, поксозии кому даҳон ва риояи фосила дар ҷойҳои ҷамъиятӣ роҳҳои асосии пешгирии сироятёбӣ ба COVID – 19 маҳсуб меёбанд.

Мутаассифона, ҳоло дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам, аз ҷумла бозорҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ, шахсонеро мебинем, ки гирифтори сулфаи шадиданд, вале бе ниқоб мегарданду фосилаи иҷтимоиро риоя намекунанд. Азбаски ҳоло ҷаҳон аз афзоиши штамми «Омикрон» нигарон аст, бояд беш аз пеш қоидаҳои муқарраршудаи бехатариро риоя намоем. Зеро беэҳтиётӣ ва нописандӣ оқибати хуб надорад.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»