Мулоҳиза ва пешниҳод

Эҳё ва дастгирии давлатии артелҳои истихроҷи резатилло зарур аст

№81 (3718) 08.07.2017

Эътироф бояд кард, ки саноати кӯҳӣ, корҳои ҷустуҷӯйиву иктишофӣ, таъминоти давлатии моддӣ-техникӣ ва молиявии онҳо дар мамлакат баъди пошхӯрии давлати абарқудрати шӯравӣ бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мебошад. Яке аз онҳо ташкили идора ва ҳавасмандкунӣ дар соҳаи геология аст.

 Миёни маҳсулоти кӯҳӣ-маъданӣ тилло асоси қудратмандии иқтисодии давлат маҳсуб меёбад. Ба замми ин, қимати тилло на танҳо устувор аст, балки бамайлон меафзояд.

Амалия нишон дод, ки маблағгузории хориҷии корхонаҳои пуриқтидори истеҳсолии кӯҳӣ, минҷумла оид ба истихроҷи тилло, на ҳама вақт натиҷаи дилхоҳ ба бор меоварад. Мисоли ин фаъолияти ғайриқаноатбахши Корхонаи муштараки «Зарафшон» дар ноҳияи Панҷакент мебошад, ки таносуби даромади соф аз он 75/25 ба фоидаи маблағгузори хориҷӣ аст.

Яке аз роҳҳои афзун гардонидани истихроҷи тилло ба фоидаи давлат эҳёи артелҳои истихроҷи талошии он мебошад, ки дар даврони шӯравӣ маъмул буд. Ин иқдом дастгирии давлатиро талаб мекунад, ки озодкунӣ аз пардохти андоз, фароҳам намудани шароиту пешниҳоди имтиёзҳои дигар шарти зарурӣ мебошад. Бояд қайд кард, ки ташкили чунин тарзи кор боис шуд, ки дар 4 сол (солҳои 1933-1936) ҳаҷми истеҳсоли тилло бе маблағгузории давлатӣ 4-4,5 маротиба афзун гардад.

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги резатиллои воқеъ дар таҳшиниҳои қадима ва ҷавони дарёҳои кӯҳӣ мебошад. Аз ин рӯ, эҳё ва ташаккули истихроҷи талошии резатилло дар кишвар ҷиҳати муҳайёкунии ҷойҳои нави корӣ, пастравии сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ омили муҳим ва тақозои замон мебошад.

Ашхоси огоҳ медонанд, ки тилло ба миқдори саноатӣ дар ду ҳолат ба вуҷуд меояд: аслӣ ва резагӣ. Марҳилаи ниҳоии тағйироти рӯизаминии конҳои аслии тилло вайроншавӣ (бодхӯрдашавӣ) ва мубаддалшавии онҳо ба таҳшиниҳои резагӣ мебошад. Маҳсули ин гуна вайроншавиҳои тиллодор ба воситаи обҳои равони рӯизаминӣ шуста шуда, таҳшинҳои тиллодори дарёиро ба вуҷуд меорад. Миқдори саноатии тилло имрӯз дар конҳои аслии тилло 1,5-2 г/т ва конҳои резатиллоӣ ба ҳисоби миёна 200 мг/м3 мебошад. Тозагии тилло дар конҳои резагӣ нисбат ба конҳои аслӣ баланд буда, ба 650-980 баробар мебошад.

Барои истихроҷи тилло аз конҳои аслӣ, ки майдакунӣ, ғанигардонии гравитатсионӣ ва кимиёиро тақозо менамояд, маблағгузории калон лозим меояд. Дар конҳои резатилло бошад, ин амалро табиат ба иҷро мерасонад ва масраф барои истеҳсоли тилло даҳчанд камтар аст. Ба замми ин, қабати хокӣ дар мавзеъҳои истихроҷи резатилло, қариб ки вайрон намешавад, яъне ба вазъи экологӣ таъсири манфӣ намерасад. Бояд қайд кард, ки ин амал дар марҳилаи камобӣ иҷро мешавад, ки қисматҳои чуқуртари дарёҳо намудоранд ва ин ҳолат шароитро барои истихроҷи мавзеъҳои гуногуни ғуншавии тилло фароҳам меоварад. Дар маҷмӯъ, истихроҷи тилло дар кишвар тавассути ташкили артелҳои истихроҷи талошии тилло, дастгирии давлатӣ ва ҳавасмандкунии кормандони он дар шароити кунунӣ зарур ва ногузир аст. Аз ин рӯ, масъулинро мебояд оид ба ин масъала тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

 Ҷ. ФОЗИЛОВ, Б. АЛИДОДОВ,

дотсентони кафедраи минералогия ва петрографияи ДМТ