Эҳёи фаъолияти коргоҳи ресандагӣ дар Мастчоҳ

№21 (3971) 21.02.2019

ячаяАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз пурра коркард нашудани нахи пахта дар кишвар изҳори нигаронӣ карда, гуфта буданд, ки «яке аз сабабҳои пурра коркард нашудани нахи пахта аз фаъолият бозмондани корхонаҳои ресандагӣ ё бо иқтидори пурра фаъолият накардани онҳо мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ чор корхона, аз ҷумла Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Олим Текстайл», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Вализода Мастчоҳ» дар ноҳияи Мастчоҳ, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Самар» дар ноҳияи Восеъ ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бофандаи Норак»-и шаҳри Норак умуман фаъолият накардаанд…».

 Биноан, роҳбарони вилоятҳо ва масъулони соҳа вазифадор гардида буданд, ки баҳри эҳёи фаъолияти коргоҳҳо чораҳои зарурӣ андешанд. МИМҲД вилояти Суғд бобати иҷрои дастури Пешвои миллат тадбирҳои муассир андешида, чанде пеш яке аз корхонаҳои азими саноатии вилоят- фабрикаи ресандагии ба номи «20 — солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» (ҶСП  «Олим Текстайл») дубора ба кор шурӯъ кард. Ин навбат ҶДММ «Ангубин» фабрикаи ресандагиро ба ихтиёри худ гирифта, истеҳсоли маҳсулоти ресандагиро аз нав ба роҳ монд.

Ёдовар мешавем, ки коргоҳ 25 марти соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба фаъолият оғоз карда, дар он зиёда аз 400 зану духтари маҳаллӣ соҳиби ҷойи корӣ ва маоши хуб гардида буданд. Мутаассифона, 2 сол боз бо сабабҳои объективию субъективӣ он аз фаъолият бозмонда буд.

Бино ба гуфти муовини директори генералии коргоҳ Шарифҷон Неъматов, иқтидори он истеҳсоли 14 тонна нахи хушсифати пахта дар як шабонарӯз аст.

- Дар корхона тавассути 2 хатти технологӣ 10 намуди нах истеҳсол мешавад, — гуфт сартехнологи фаб­рика Набиҷон Абдураҳмонов. Ин намуд нах танҳо дар 2 фабрикаи ресандагии кишвар — коргоҳи зикршуда ва фабрикаи ресандагии ноҳияи Данғара истеҳсол мешавад.

Маъмурияти нави корхона 300 тонна ашёи хом захира карда, ният дорад аз   ҳисоби ду коргоҳи пахтатозакунӣ фабрикаро бо ашёи хом пурра таъмин созад.

- Минбаъд корро дар се баст ташкил хоҳем кард, — гуфт муовини директори генералӣ Шарифҷон Неъматов. — Барои коргарон шароити мусоиди меҳнатро фароҳам сохта, ба ҳар ресанда то 1200 сомонӣ музди меҳнат доданием.

Он рӯз хурсандии зану духтарони маҳаллиро, ки 2 сол боз бинобар аз фаъолият мондани фабрика бекор буданд, ҳадду канор набуд.

- Сипосгузорем аз Пешвои миллат, ки бо дастури он кас фабрика аз нав ба кор оғоз кард, — мегӯяд Арабмоҳ Холова, ки аз рӯзҳои аввали фаъолият дар он ҷо кор мекунад. — Маъмурияти пешин 700-750 сомонӣ маош медод. Роҳбарони нави корхона ваъда доданд, ки то 1200 сомонӣ маош медиҳанд. Муҳим он аст, ки аз нав соҳиби ҷои кор шудем, — афзуд ӯ.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»