Ба истиқболи 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Файзу баракат аз сарҷамъист

№118 (3419) 04.09.2015

Мардуми шарифи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ тӯли солҳои истиқлолият ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд. Хабарнигори рӯзнома зимни сафар ба ин ноҳия мушоҳида намуд, ки воқеан ҳам мардуми шарифу заҳматкаши дар гузаштаву имрӯза овозадор ба қадри истиқлолият ва сулҳу оштӣ мерасанд ва барои пешравию гулгулшукуфии Ватан самарабахш заҳмат мекашанд.

Туфайли заҳмати ҳалолу пайвастаи мардуми шуҳратманд ин гӯшаи диёри азиз дар ҳақиқат ҳам аз ҷиҳати истеҳсолӣ пеш рафтааст.

Корхонаҳои коркарди пахта, маҳсулоти газу нефт ва ғаллагӣ, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ташнашикан, даҳ муассисаи калони сохтмонӣ, бозори фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ натиҷаи заҳмати ҳалолу пурсамари мардуми ноҳия мебошад.

Давоми соли равон дар ҳудуди ноҳия беш аз даҳ иншооти таъиноти гуногундошта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ки яке аз онҳо навбати аввали корхонаи коркарди меваи хушк мансуб меёбад.

Муовини раиси ноҳия Собир Ризоев зимни суҳбат ба мо иброз дошт, ки айни ҳол дар ҳудуди ноҳия бунёди беш аз 76 иншооти гуногуни хурду бузург бомуваффақият идома дорад. Дар идомаи суҳбат ӯ гуфт, ки ҳам дар айёми шӯравӣ ва ҳам дар даврони истиқлолият нафарони чашмикордону соҳибтаҷриба масъулияти роҳбарии ноҳияро ба дӯш доштанд. Сироҷиддин Исоев, ки барои кори ҳалолу хизмати шоёнаш унвони баланди Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистиро соҳиб гардид ва солҳои охир Амирулло Асадулло ва ҳоло Убайдуллои Файзулло роҳбарии ноҳияро ба дӯш гирифта, ба бисёр комёбию пешравиҳо ноил гардиданд. Чунончӣ, дар давраи роҳбарии Амирулло Асадулло 17 иншоот дар ҳудуди ноҳия бунёд гардид, ки қисми зиёдашро муассисаҳои таълимӣ ташкил медоданд. Мушкилоти нарасидани ҷойҳои нишаст дар муассисаҳои таълимии ноҳия пурра роҳи ҳалли худро ёфт.

Имрӯз бошад, бо мақсади дар биноҳои наву ҳозиразамон ҷойгир намудани мактабиён нақшаҳо тарҳрезӣ мешаванд. Чунончӣ, дар ҳудуди деҳоти «Навобод» барои хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 бунёди бинои сеошёна оғоз гардидааст. Воқеан ҳам, лоиҳаи он зебову замонавӣ ва дар асоси дастовардҳои солҳои охири илми меъморию лоиҳакашӣ тарҳрезӣ гардидааст. Аллакай пойдевори бинои ин кохи дониш гузошта шуд ва он дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Азнавсозии боғи фарҳангу истироҳатии маркази ноҳия пурра ба итмом расид. Имрӯз корҳои таъмиру азнавсозӣ дар як қисмати варзишгоҳи марказии ноҳия идома дорад. Аз ин иқдом, бахусус футболбозони дастаи «Панҷшер»-и ноҳия, ки алҳол дар ҳайати гурӯҳи якум қувваозмоӣ менамоянд, басо хушнуданд.

Дар назар аст, ки дар маркази ноҳия-шаҳраки ба номи Сироҷиддин Исоев корҳои таҷдиду барқарорсозии пурраи хатҳои оби нӯшокию канализатсионии ҳамаи кӯчаю паскӯчаҳо оғоз мегардад. Маблағи амалисозии ин корҳо шаш миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Бо анҷоми ин корҳо дар рӯзҳои ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои маркази ноҳия ба куллӣ ободу зебо хоҳад шуд.

Ҳамчунин Собирҷон Ризоев дар идомаи суханаш афзуд, ки нақшаи нави генералии маркази ноҳия — шаҳраки Исоев аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Шаҳрофар»-и шаҳри Душанбе омода ва дар мувофиқа бо вазорату кумитаҳо ва сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ хулосаҳои дахлдор ба Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шудааст. Мувофиқи нақша иншооти пешбинишуда бо риояи талаботи анъанаҳои миллӣ бо истифода аз  дастовардҳои солҳои охири илми меъмории ҷаҳонӣ сохта хоҳанд шуд.

Собирҷон Ризоев дар идомаи суханаш иброз дошт, ки алҳол дар ноҳия беш аз 74626 нафар соҳибкорон ба қайд гирифта шудаанд ва шумораи онҳо солҳои охир мунтазам афзоиш ёфта истодааст. Бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ дар оянда имкон медиҳад, ки фурӯши маҳсулоташонро натанҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он ба роҳ монанд. Агар умри фоидаовари иншооти тиҷорату хизматрасонӣ ҳафт сол ё каме бештар аз он бошад, фоидаву боздеҳи корхонаҳои истеҳсолӣ тӯлонист. Боиси хушнудист, ки бо дастуру ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ имтиёзҳо низ муқаррар гардидаанд, ки ворид намудани таҷҳизоти ҳозиразамони истеҳсолӣ аз ин ҷумлаанд. Соҳибкор Чиллахон Тоиров ба бунёди калонтарин корхонаи коркарди меваи хушк дар ноҳия иқдом намудааст, зеро ба меваи хушки Тоҷикистон, бахусус зардолуи он дар хориҷи кишвар талабот хеле зиёд аст. Зиёд гаштани масоҳати боғу токзор, меваҳои ситрусӣ ба ин иқдом мусоидат менамоянд. Ба истеҳсоли пахта 3200 хоҷагии деҳқонӣ машғул аст. Имсол мувофиқи дурнамо истеҳсоли пахтаро ба 22 ҳазор тонна расониданианд.

Бо мақсади бештару хубтар воқиф намудани мардум аз пешравиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бахшида ба ҷашни 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи амри раиси ноҳия озмуни ноҳиявии «Файзи Истиқлол» гузаронда мешавад.

Тавре муовини раиси ноҳия Майрамбӣ Ғафурзода зимни суҳбат иброз дошт, ин чорабинӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, дарёфти эҷодкорони боистеъдод, натиҷагирӣ аз дастовардҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар замони истиқлолият гузаронида мешавад. Озмуни мазкур дар арафаи таҷлили 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад.

Маҳз ташкили чунин чорабиниҳои ибратомӯз, аз қабили озмуни «Файзи Истиқлол» имкон фароҳам меорад, ки насли ҷавон  қимати неъматҳои истиқлолиятро хубтару беҳтар дарк карда, дастовардҳояшро ҳифз намоянд.

Д. СУЛТОНОВ, «Садои мардум»