Фарҳанги техникӣ — пояи устувори Ваҳдати миллӣ

№81-82 (3561-3562) 25.06.2016

«Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Ватани азизамон дарки дурусти мафҳуми ватандорӣ бисёр муҳим аст. Ваҳдати миллӣ  сутуне мебошад, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад».

Эмомалӣ Раҳмон

ГЕСИстиқлолият ва сулҳу ваҳдат, баробари вожаҳои муқаддас будан, ҳамзамон дастоварди бузурги бебаҳо, яке аз рукнҳои асосии озодии инсон, комёбии бузургу сарвати бебаҳои халқияту миллатҳо дар ҳама давру замон маҳсуб меёбанд. Маҳз бо шарофати сулҳу субот, ки бо талошҳои пайгирона ва заҳматҳои беандозаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, дар кишвари мо шароити мусоид барои эҷод ва  имконияти васеи кору зиндагӣ фароҳам омадааст.

Аз ин лиҳоз, ҳар фарде, ки худро фарзанди ин Ватан медонад ва ба қадру манзалати Тоҷикистон мерасад, бояд ба ин дастоварди бузург  эҳтиром гузорад ва таҳкими ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандии хеш дониста, ба заиф гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад.

Аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон борҳо таъкид намуда, дар яке аз суханрониҳои хеш чунин зикр сохтанд: «Бо гузашти солҳо  мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қимати сулҳу субот ва ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Зеро маҳз аз баракати муттаҳид сохтани неруҳои сиёсӣ ва таъмини ризояти ҷомеа мо, пеш аз ҳама, тавонистем Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ нигоҳ дорем».

Сарфи назар аз он ки аз имзои ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз  чандон муддати тӯлонӣ сипарӣ нашудааст, на танҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ низ,  дарк кардаанд, ки ин ҳуҷҷат ифодакунандаи хиради азалии халқи тоҷик ва сатҳи баланди фарҳанги сулҳҷӯёнаи мардуми ин сарзамин аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт таъкид карданд, ки    «мусолиҳаи миллии  мо дар таърихи навини миллати куҳанбунёдамон дастоварди бузург ва беназир аст.  Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандӣ дониста, ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад».

Хушбахтона, бо шарофати истиқрори сулҳу ваҳдат, барои рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла соҳаи маориф низ, шароити мусоид фароҳам омад. Бо дастгирии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин соҳа ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, иброз доштанд: «…дар  соли 2016 барои тараққиёти соҳаи маориф 3 миллиарду 150 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2015-ум 10 фоиз ва дар муқоиса назар ба даҳ соли пеш 13 баробар зиёд мебошад».

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ низ дар даврони истиқлолият ба дастовардҳои зиёд соҳиб шуд. Дар донишгоҳ таълиму тарбияи мутахассисон аз рӯи 20 ихтисоси нав дар соҳаҳои энергетика, сохтмон, технологияи иттилоотӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, саноати мошинсозӣ ва полиграфия, экология ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ роҳандозӣ шуда, даҳ кафедра ва чор факултети нав таъсис ёфт.

Баъд аз ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (17-уми апрели соли 2007) ба донишгоҳ ва қабули «Барномаи рушди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ барои солҳои 2008-2015» марҳилаи нави фаъолияти донишгоҳ оғоз гардид. Сохтори донишгоҳ такмил дода, пояи моддӣ-техникии таълим, махсусан баъд аз ба  истифода додани бинои нави факултети сохтмон ва меъморӣ, бамаротиб беҳтар шуд.

Бидуни муболиға, ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ яке аз донишгоҳҳои бунёдии ҷумҳурӣ барои омода сохтани мутахассисон дар соҳаҳои саноат, энергетика, сохтмон, меъморӣ, нақлиёт, алоқа, технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия ба шумор меравад. Донишгоҳ аз рӯи зиёда аз 70 ихтисоси гуногун мутахассис омода менамояд.

Донишгоҳ пурра ба шакли дузинагии таҳсилоти олии касбӣ (бакалавр + магистр) ва низоми кредитии таълим гузашта,  кӯшишу талоши зиёд дорад, ки ба фазои ягонаи ҷаҳонии таълим ворид гардад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки агар суръати ташаккул ва беҳтаршавии сифати омодакунии мутахассисон дар донишгоҳ дар ҳамин шакл таъмин шавад, он метавонад дар ояндаи наздик нишондиҳандаҳои фаъолиятро боз ҳам беҳтар намояд. Ҳоло донишгоҳ  бо зиёда аз 100 маркази илмию таълимии хориҷи кишвар робитаи дуҷонибаву бисёрҷониба дошта, узви беш аз 10 ассотсиатсия ва созмонҳои байналмилалии донишгоҳҳо мебошад.

Бо ташаббус ва дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус А. Г. Лукашенко аз соли 2012 инҷониб дар сохтори донишгоҳ факултети муштараки муҳандисӣ-техникии Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С.Осимӣ таъсис ёфтааст, ки донишҷӯён ду соли аввал дар Душанбе ва солҳои минбаъда дар Минск бо имтиёзҳо  таҳсил намуда,  соҳиби дипломи Донишгоҳи миллии техникии Беларус мешаванд. Аллакай зиёда аз 100 нафар донишҷӯи ин факултети муштарак барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи миллии техникии Беларус фиристода шудаанд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки вобаста ба шароити табиӣ, фаъолияти иқтисодӣ ва фарҳангии минтақа ва шаҳраку ноҳияҳо дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ ва муносибати байниҳамдигарии сокинонашон корхона ё ташкилоту муассисаҳои алоҳида мақоми муайянкунанда дошта метавонанд. Боре  ровие ба воситаи телевизион дар бораи  тартибу муносибатҳои кории корхонаҳои ширкати «Митсубиши»- и  Япония сухан ронда, таъкид намуд, ки байни кормандони ширкат тартиб ва муносибатҳои корӣ то ба дараҷаи одат ва ҳатто эътиқоду мазҳаб қабул гардида, берун аз корхона дар раванди зиндагиашон ҳам истифода  мешавад.

Чунин мисолҳоро дар ҷумҳурии худамон низ дучор шудан мумкин аст. Масалан, таъсири КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба тафаккури сокинони шаҳри Турсунзода, таъсири НБО-и «Норак» ба аҳолии  шаҳри Норак ва атрофи он, Комбинати қолинбофӣ ба аҳолии шаҳри Гулистон ва ғайра. Аксари корҳои ташкилӣ, тарғиботӣ ва фарҳангии ин шаҳрҳо дар ин корхонаҳо  ва ё тавассути иштироки фаъолонаи  кормандони он сурат мегирад.

Боиси қаноатмандист, ки аз баракати сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вазъи чунин муассисаҳо рӯз ба рӯз беҳтар мешавад. Илова бар ин, ҳоло садҳо биноҳои наву замонавии бо таҷҳизоту шароити зарурии корӣ муҷаҳҳаз мавриди истифода қарор гирифтаанд. Зарур аст, ки сатҳу сифат ва самаранокии истифодаи онҳоро ҳамчун марказҳои таълимӣ, воситаҳои тарғибу таҳкими ваҳдати миллӣ ва худшиносиву  ватандӯстӣ  беҳтар намоем.

Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҳамчун маркази ташкиливу тарғиботии ғояҳои миллӣ  ва иттиҳоди сокинони минтақаҳои кишвар, нисбат ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ афзалиятҳои бештар доранд. Аввалан, дар мактабҳои олӣ ҷавонони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ки урфу одат, лаҳҷа ва муносибатҳои ба худ хос доранд, якҷо ба ҳам омада,  якдигарро пурра менамоянд. Дар натиҷа, онҳо барои ба ҳам наздикшавии тафаккури  ҷавонони минтақаҳои гуногун мусоидат намуда, барои ташаккули шаҳрванди ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегузоранд.

Муассисаҳои таҳсилотии давлатӣ бояд раванди таълиму тарбияро дар он сатҳе ба роҳ монанд, ки дастрасии ҳизбу ҳаракатҳои тундраву иртиҷоӣ ба ҷавонон  камтар бошад ва ба ташаккули ҷаҳонбинии онҳо таъсири манфӣ расонида натавонад. Ин ҳадафро ҳамон вақт амалӣ кардан мумкин аст, ки  агар сатҳ, сифат ва мундариҷаи чорабиниҳои илмӣ, таълимӣ ва тарбиявии муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз тарғиботу пешниҳодҳои ҳаракату равияҳои зикршуда беҳтар бошанд.

Дар ин самт фаъолияти муассисаҳои таҳсилотии соҳаҳои табиатшиносию техникӣ боз ҳам самаранок буда метавонад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ҷавононе, ки ба илмҳои табиатшиносӣ — техникӣ рағбати бештар доранд, ба ҳар гуна тарғиботу пешниҳоди оммавӣ камтар ҷалб мешаванд. Сабаби инро мутахассисон дар он мебинанд, ки дар ин илмҳо ҳар як хулосаро на танҳо шунида, инчунин исбот намуда, ба дурустиаш боварӣ ҳосил карда, баъд қабул менамоянд. Дониши бо исбот ҳосилшуда нисбатан устувор буда, барои дигар кардани он асоси ҷиддитар лозим аст, на ақидаи муғризонаи беасос.

Солҳои 60-уми асри гузашта чунин таҷрибаи психологӣ гузаронида шуда буд: Мутахассисон аз байни хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ се гурӯҳи 100- нафарӣ интихоб намуда, ба гурӯҳи якум ҷавононеро ворид карданд, ки ба фанҳои табиатшиносӣ – техникӣ (математика, физика, химия, …) бештар рағбат доштанд. Онҳоро шартан гурӯҳи «физикҳо» номиданд. Ба гурӯҳи дуюм ҷавононе дохил шуданд, ки ба таъриху адабиёт, фалсафаю иқтисодиёт бештар майл доштанд ва ин гурӯҳро шартан «адабиётчиҳо» номгузорӣ карданд. Ба гурӯҳи сеюм ҷавонони ба санъату варзиш, суруду рақс, ки шартан «мусиқичиён» номида шуданд, ворид гардиданд.

Ба ҳар се гурӯҳ як савол пешниҳод шуд: «Порчаи тақрибан якхелаи а ва В — ро муқоиса намуда, дар дафтаратон нависед, ки кадоми ин порчаҳо калонтар аст?». Баъди муҳокимаи якҷояи натиҷаҳо маълум шуд, ки 60 фоизи иштирокчиён навиштаанд, ки порчаи а аз порчаи В  калонтар аст. Баъди муҳокимаи умумӣ аз иштирокчиён хоҳиш карда шуд, ки боз як маротиба порчаҳоро бо дарназардошти муҳокимаҳо муқоиса намуда, фикрашонро  нависанд.

Натиҷаҳои санҷиши такрорӣ нишон дод, ки миқдори камтари «физикҳо» баъди муҳокима ақидаашонро дигар кардаанд. Аз ҳама зиёдтар «мусиқачиён» ақидаашонро тағйир доданд. Яъне, аз назари онҳо, ақидаи аксарият меъёри ҳақиқат аст ва ба он пайравӣ кардан лозим мебошад.

Донистани таъриху адабиёт, фалсафа ва дигар самтҳои фарҳанги ҷаҳонию миллӣ ба шахс имкон медиҳад, ки гузаштаро дуруст баҳо диҳад, мақому манзалати халқу миллаташро дар арсаи таърих муайян намояд, барои заминаи рушди ояндаи халқу миллаташ роҳи дурустро интихоб намуда, қадами устувор гузорад.

Ҳамрадиф бо ин, эътироф бояд кард, ки дар замони муосир, ки замони илму технология мебошад, ҳамон халқияту кишварҳое мақоми сазоворро ишғол намудаанд, ки аз дастовардҳои илму технологияи муосир бештар бархӯрдоранд. Агар фарҳанги техникии ҷомеа баланд бошаду боигарии табиию техникии кишварашро ҳифз намуда, самаранок истифода карда тавонад, ҳам сатҳи зиндагонии сокинонашро беҳтар менамояд ва ҳам  дар мизони ҷаҳонӣ мавқеи баландро ишғол мекунад.

Яке аз омилҳои муҳими ташаккули фарҳанги техникӣ боло бардоштани сатҳи донишҳои техникии мардум, тарғиби васеъ ва дастраси омма гардонидани дастовардҳои илм ва технологияи муосир, беҳтар намудани сифати таълими фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дар шаклҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ, боло бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии мутахассисони омодашаванда мебошад.

Дар амалӣ намудани ин ҳадафҳо саҳми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, назаррас аст. Дар ин ҷода кори зиёд амалӣ шудааст, лекин барои дар сатҳи боз ҳам хубтар амалӣ намудани ин ҳадафҳо моро  зарур аст, ки дар насими  рӯҳафзои истиқлолият ва фазои сулҳу ваҳдат захираву имкониятҳоро барои боз ҳам боло бардоштани сатҳи донишу малакаи хатмкунандагон, беҳтар намудани самаранокии таҳқиқотҳои илмӣ ва ба талаботи имрӯзаи ҷомеа мувофиқ гардонидани онҳо, тарбияи насли ватандӯсту созанда ва ташаккули фарҳанги техникии мардуми шарифи Тоҷикистон сафарбар намоем.

Анвар Абдурасулов,  мушовири ректори  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  ба номи академик М. С. Осимӣ,

Ашур  Ашуров, муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ